ФУТБОЛ
Дастаҳои футболи бонувони Тоҷикистону Саудӣ бозиҳои рафиқона мекунанд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, дар рӯзҳои FIFA моҳи феврал бо тими миллии бонувони Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳо 23-юм ва 26-уми феврал дар шаҳри Ҷидда баргузор мешаванд.
Марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 аз 23-юми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ доир мегардад. Ҳарифони тими занонаи футболи Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ 27-уми март муайян хоҳанд шуд.
ФУТЗАЛ
Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2025 ширкат мекунад
Аз таъсиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) даҳ сол мегузарад. Нахустин мусобиқа дар соли 2025 таҳти сарпарастии ин созмон – Чемпионати CAFA оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби футзали занон 7-17-уми феврал дар Душанбе баргузор мешавад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин чорум Чемпионати CAFA байни дастаҳои футзали занон хоҳад буд. Солҳои 2022 ва 2024 Чемпионат дар Душанбе ва соли 2023 дар Тошкент роҳандозӣ гардида буданд. Дар ҳамаи онҳо тими футзали занонаи Эрон ғолиб шудааст.
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Пирӯзии Нурулло Алиев бар ҳарифаш аз ИМА
Варзишгари маъруфи кишвар Нурулло Алиев дар мусобиқаи “UFC Fight Night 249”, ки шаби 12-уми январ дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гашт, дар вазни сабук Ҷо Солекии амрикоиро мағлуб кард. Доварон дар се раунд Нуруллоро ғолиб донистанд (30-27, 30-27, 29-28).
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship) дохил шуд ва то ҳоло даҳ муҳориба анҷом дода, мағлуб нашудааст.
Ҳоло дар UFC Тоҷикистонро чор размкор намояндагӣ мекунад, ки боз ду нафарашон ба наздикӣ муҳорибаҳои худро баргузор менамоянд. 18-уми январ Муин Ғафуров (19-6, UFC 1-2) қувваозмоии навбатии худро бо Риня Накамураи ҷопонӣ (9-0, UFC 3-0) анҷом медиҳад. Он дар доираи мусобиқаи UFC 311 баргузор мешавад. Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) 1-уми феврал дар мусобиқаи UFC Fight Night 250 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо намояндаи Австралия Каан Офли (UFC 0-1, 13-3-1) зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)