ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУДО ОН МИЛЛАТЕРО САРВАРӢ ДОД...

ХУДО ОН МИЛЛАТЕРО САРВАРӢ ДОД...

15 январ 2025, Чоршанбе
6
0


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардиданашон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Пешрафти тамоми соҳаҳо ва тараққии ҳамаи давлатҳоро вобастаи ин қишри ҷомеа, яъне омӯзгорон медонистанд ва нуктаи мазкурро қариб дар ҳамаи мулоқотҳо, вохӯриҳо, паёмҳо таъкид медоштанд.
Дар Паёми навбатӣ (28-уми декабри соли 2024) низ ба ин масъала рӯ оварданд ва дар баробари зикри дастовардҳои муҳим барои пешрафти бештари соҳа таъкид намуданд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. 
Зикр шуд, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, то аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд... 
Агарчи ин хитоб ба ҷавонон аст ва бояд бо мавқеъшиносӣ, ҷаҳонро бо вазъи сиёсии мураккаб дарк намоянд, аммо, ҳамзамон, моро вазифадор месозад, ки дар тарбияи онҳо, шинохти роҳи дуруст саҳми сазовори худро бигирем.
Тарбияи кӯдак аз хона ва муассисаи томактабӣ бештару беҳтар сурат мегирад. Пешвои миллат ба ин хотир, бо қабули қонун дар мавриди масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва  ба ин масъала таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карданд ва таъкид доштанд, ки волидон барои ин шароити мусоидро дар хона фароҳам оваранд. Илова ба ин ҳама, дар Паёми навбатӣ дастуру супориш доданд, ки “барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синнусоли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ”-ро таъмин кунанд.
Таъсиси озмунҳои гуногун, махсусан Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба хотири боло бурдани сатҳи ахлоқи ҷавонон низ мебошад. Президенти мамлакат дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат (4-уми июли соли 2013) иброз дошта буданд:” Мо бояд ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассуфу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Инчунин, мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд”. Дар ҳақиқат, агар мо ба рушди арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоему дар ин самт муваффақ бошем, давлати муосири миллиамонро дар баробари ҳифз ба пешрафт низ ноил када метавонем.
Пештарҳо ба тарбияи мардум, хосса кӯдакону ҷавонон тамоми ҷомеа, ҳар фарди солимақл машғул буд ва худро дар ин амр масъул медонист. Ҳолиё, масъулият бояд бештар бошад, зеро фарҳангҳои бегона аз фориғболии мо имкони гирифтани ҷойи фарҳанги миллиамонро пайдо карда метавонанд.
Агарчи истиқлолияти давлатӣ ба озодии эътиқоди бештар имкон фароҳам овард, аммо набояд огоҳу ноогоҳ аз он суиистифода шаванд.
Ҳолиё теъдоди масҷидҳои амалкунанда ба бештар аз 4 ҳазор расидааст ва бояд ба тарбияи ахлоқӣ, динии шаҳрвандон барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдатӣ миллӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва шинохти роҳи дуруст мусоидат намоянд. Дар ҳақиқат, ба гуфтаи аллома Иқболи Лоҳурӣ:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Ва ҳам аз фармудаҳои ӯст:
Адаб перояи нодону доност,
Хуш он ки аз адаб худро биёрост.
Надорам  он мусулмонзодаро дӯст,
Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.
Пас, кори тарбия набояд саҳл гирифта шавад ва бояд масъулият бештару беҳтар дар ин самт эҳсос гардад.

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 15.01.2025 №: 11
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив