МАОРИФ. РУШДИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ИҶТИМОӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа инъикос ёфта, дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои ояндаи наздик мушаххас шуд.
Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас, даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне, дар ин давра нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзуд.
Ба сифати нишондиҳандаи болоравии сатҳи некуаҳволии мардум таъкид шуд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020 – 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд гардидааст. Ҳоло он ки дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир, сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Ин маънои онро дорад, ки дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Ҷиҳати боз ҳам боло бурдани некуаҳволии аҳолӣ Роҳбари давлат зимни ироаи Паём супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд шавад. Ҳамчунин, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ муқаррар гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар Паём ба он ишора шуд, ин давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ бароварда кардани ниёзҳои аҳли ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ тавассути афзудани истеҳсоли молу маводи ватанӣ, ҳамчунин, кам кардани ҳаҷми воридот буд. Яъне, чун ҳамеша, меҳвари асосии Паёми имсола – давра ба давра боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум дониста шуд.
Президенти кишвар масъалаи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид сохтанд, ки дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ ва таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар маблағҳои зиёд равона карда шудааст.
Маълумот дода шуд, ки ҳоло корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони НБО «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. Тибқи маълумоти баёнгардида, то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» ба анҷом расидаанд. Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар НБО «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа додани Ҳукумати мамлакатро таъкид карда, иброз доштанд, ки ҷиҳати беҳтар сохтани вазъи соҳаи мазкур бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Вобаста ба ин, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар назар аст.
Ҳамин тавр, дар Паём самтҳои ҳаётан муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтанд. Аз ин ҷост, ки Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди давлатдории мост ва дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян шудаанд. Шоиставу боиста аст, ки ин ҳуҷҷати раҳнамо ва тақдирсоз, ки бар мабнои тозатарин нишондодҳои илмию ихтисосӣ таҳияву коркард шудааст, ба унвони мадраки муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва маданӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиши коршиносон ва ниҳодҳои илмиву пажӯҳишии кишвар қарор бигирад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои фалсафа
Санаи нашр: 15.01.2025 №: 11