ФУТБОЛ
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) аввалин бозии санҷишиашро доир кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар Туркия бар тими ҷавонони «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия (U-19) бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Ягона голро Фирӯзҷон Шарифов зад.
Футболбозони навраси кишвар бозии навбатии санҷишии худро 17-уми январ муқобили тими ҷавонони «Шахтёр»-и Украина (U-19) анҷом медиҳанд. Дар доираи ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия дастаи мо, инчунин, бо ҳамсолони худ аз Кувайт (21-уми январ) ва дастаи Академияи «Краснодар» (23-юми январ) бозӣ хоҳад кард.
ҶУДО
Мавқеи ҷудочиёни тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ радабандии варзишгаронро дар аввали сол бозбинӣ кард, ки варзишгарони тоҷик дар қатори беҳтаринҳо ҷой ёфтаанд.
Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ дар байни варзишгарони тоҷик натиҷаи беҳтаринро ба даст оварда, пешсаф мебошанд. Темур дар радабандӣ миёни мардон дар вазни +100 кило бо 5380 хол дар ҷойи сеюм аст. Дар ин вазн варзишгари фаронсавӣ Тедди Ринер бо 6800 хол мақоми аввалро гирифтааст. Эмомалӣ низ дар радабандии вазни -66 кило бо 4141 имтиёз мавқеи сеюмро соҳиб шудааст. Ҷойи аввал ба Виллиан Лима аз Бразилия бо 5165 хол насиб гаштааст.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кило бо 4540 хол дар ҷойи шашум, Обид Ҷебов дар вазни -66 кило бо 3698 хол дар мақоми шашум, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73 кило бо 2560 хол дар зинаи 17-ум, Абубакр Шеров дар вазни -73 кило бо 2515 хол дар ҷойи 18-ум қарор доранд.
Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо, инчунин, Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо 2190 хол дар ҷойи 25-ум, Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), ки фаъолияти варзишиашро хотима дод, бо 2079 хол дар ҷойи 28-ум, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) бо 1948 хол дар ҷойи 30-юм, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) бо 835 хол дар ҷойи 52-юм, Шодмон Ризоев (-81 кг) бо 570 хол дар ҷойи 70-ум ва Ҳақдод Гулов (-60 кг) бо 540 хол дар ҷойи 72-юм қарор доранд.
Миёни бонувон Аҳлия Муъминова (-52 кг) бо 396 хол дар ҷойи 75-ум, Виктория Киселёва (+78 кг) бо 116 хол дар ҷойи 102-юм ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 182 хол дар ҷойи 104-ум мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар риштаи ҷудо радабандии ҷаҳонӣ барои варзишгарон муҳим аст. Ба ғайр аз он ки ҳангоми қуръакашӣ дар мусобиқаҳо мавқеи паҳлавонон дар радабандӣ ба инобат гирифта мешавад, дар Чемпионати ҷаҳон онҳое иштирок карда метавонанд, ки дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.01.2025 №: 12