АЗ СИДҚ ТО САДОҚАТ. ДАР БОРАИ МАТЛУБХОН ДАВЛАТОВ, КИ РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ ДОРАНД...
Давлатов Матлубхон Султонович, ходими намоёни давлатӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, аз зумраи шахсиятҳои наҷибу нексириштест, ки тамоми ҳастии худро барои хидмат ба мардум бахшидааст. Дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан маҳз бо ғояҳои миллатпарваронаю андешаҳои ватандӯстона, истеъдоду қобилияти роҳбарӣ ва хулқу атвори ибратомӯзаш соҳиби обрӯю эътибор ва мавқеи хос гардидааст.
Фаъолияти меҳнатии Давлатов Матлубхон аз соли 1970 оғоз шудааст. Соли 1970 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси иқтисодчӣ бо дипломи аъло хатм намуда, ду сол дар сафи Артиши Шуравӣ ба сифати афсар ва то рутбаи ҳарбии лейтенанти калон хидмат намуд. Солҳои 1975-1985 дар Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун шореҳи иқтисодӣ ва барандаи барномаи ҳармоҳаи «Иқтисодиёт бояд босарфа бошад» фаъолият намудааст. Соли 1976 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Роҳҳои кам кардани масолеҳталабии маҳсулот дар саноати Тоҷикистон» ҳимоя карда, то соли 1989 дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ходими илмӣ то мудири Шуъбаи самаранокии истеҳсолоти саноат, ҳамзамон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба пешаи омӯзгорӣ фаъолият кард.
Соли 1989 барои кор ба Ҳукумати мамлакат даъват гардид. Шуруъ аз ин давра ба вазифаҳои пурмасъул, аз қабили мудири шуъбаи Комиссияи давлатии Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти иқтисодӣ (1990-1991), муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-1993), баъдан раиси Кумитаи мазкур (солҳои 1993-2001), раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001 - 2006), Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ (2006-2010), Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2012), муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012-2013) ва дигар вазифаҳои пурмасъул фаъолияти пурсамар намуда, айни ҳол ба ҳайси мушовири Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хидмати содиқона дорад.
Ба ин вазифаҳои баланди давлатӣ таъин шудану самаранок ба анҷом расондани вазифаҳои пурмаҳсул аз шахс, пеш аз ҳама, заҳмату талошҳои шабонарӯзиро талаб мекард. Бо дарназардошти сатҳи баланди кордонӣ ва идоракунӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ эшон дар вазифаҳои баланди давлатӣ лоиқ гардидааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Давлатов М. С. дар солҳои барои давлати соҳибистиқлоламон муҳим ва тақдирсоз, яъне гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ки марҳалаи фароҳам овардани заминаи мусоиду низоми нави таъминсозандаи рушди иқтисодиёт ба ҳисоб мерафт, саҳми арзанда гузоштани ӯ мебошад. Зеро дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва нишондиҳандаҳои соҳаҳои иқтисоди воқеӣ кам гардида, таваррум чандин маротиба афзуда буд. Новобаста аз ин мушкилиҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати мақсадноки иқтисодиро пеш гирифтанд, ки муҳтавои асосии он аз ташаккули муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ иборат буд.
Дар ин маврид Сарвари давлат он замон дурандешона чунин зикр намуда буданд: «Муҳимтарин марҳалаи давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ хусусигардонии моликияти давлатӣ мебошад. Вале як чизро бояд дар хотир дошт: тағйир додани шакли моликият, ба дасти шаҳрвандон додани он мақсади ягона ва асосӣ нест. Хусусигардонӣ усул ва механизми тағйир додани муносибат ба моликият дар кишвар аст, ки мақсади асосиаш баланд бардоштани самаранокии тамоми соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад».
Бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Давлатов М. С. ҳамчун яке аз иқтисоддонҳои барҷаста дар таҳияву такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои ислоҳотӣ саҳми хоса гузошт.
Саҳми номбурда дар мукаммалсозии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба роҳ мондани ҷараёни хусусигардонӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни моликият дар ҷумҳуриамон назаррас мебошад.
Воқеан, ҳамин тадбир яъне мукаммалсозии қонунгузории мамлакат имкон дод, ки тавассути амалисозии раванди хусусигардонӣ марҳалаҳои гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ, ташаккулёбии шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ, солимгардонию рушди босуръати иқтисодиёт, инкишофи ҳамаи намуду шаклҳои соҳибкорию бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар таъмин гардад.
Давлатов М. С. дар ҳама гуна мансабҳои давлатӣ маҳорату малакаи худро нишон дода, ҳамчун иқтисоддони шинохта ва ходими давлатӣ на фақат дар дохили Тоҷикистони азизамон, балки хориҷ аз он, махсусан дар назди ташкилотҳои бонуфузи иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ обрӯву эътибори хоса пайдо кардааст. Ӯ инсони масъулиятшинос, қавиирода, олими бузург, корманди барҷастаи илм мебошаду қалби поку беолоише дорад, хоксору меҳрубон аст. Вай пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки корро бо масъулияти баланд ва сидқан анҷом диҳад. Ҳамеша баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз фидокорона хизмат мекунад.
Ӯ, ҳамчунин, дар тайёр намудани мутахассисони сатҳи олӣ нақши муассир дорад, ки имрӯз онҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои дигари ҷумҳурӣ пурсамар фаъолият доранд.
Аз саҳфагардонии зиндагиномаи Матлубхон Давлатов бармеояд, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, ташкилотчигӣ ва фаъолияти касбию роҳбарии эшон истеъдоди табиӣ, зеҳни худодод, азалӣ, тафаккури мантиқӣ ва муҳити созгори хонаводагӣ таъсиргузор буданд. Бешак, ӯ маҳз аз зумраи касонест, ки роҳи паймудааш ба қуллаи илму фарҳанг ва сиёсату иқтисодиёт бағоят ибратомӯз мебошад.
Ҳар амали инсон аз назарҳо дур намемонад ва подоши худро мегирад. Ин аст, ки номбурда баҳри хизмати шоиста ва назаррас дар назди халқу миллат бо мукофотҳои баланди давлатӣ - ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, инчунин бо дигар мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла аз давлатҳои хориҷи кишвар, сарфароз гардонда шудааст.
Бо оғози соли нави мелодӣ аз фаъолияти меҳнатии ин шахсияти наҷиб, олими шинохта, ходими барҷастаи давлатӣ, донишманди меҳнатдӯсту фурӯтан Матлубхон Давлатов 55 сол пур мешавад. 55 сол дар роҳи садоқат ба Ватану миллат, 55 соли ибратомӯз барои наслҳои имрӯзу оянда, барои наслҳое, ки дар пешрафти иқтисоди миллӣ сидқан мехоҳанд саҳми шахсии худро гузоштаву номбардори устодони эътирофшудае чун Матлубхон Давлатов бошанд. Бошад, ки дар оянда низ фатҳи қуллаҳои боз ҳам баланд ва комёбиҳои нав дар самти хизмат ба Ватани азизамон ҳамсафари ин фарзонафарзанди миллат гардад. Ва аз забони шоир гуфтанием:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Роҳбарият ва коллективи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳиягар: Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»