ТАВСЕАИ ҶАҲОНИ МАЪНАВӢ РУШДИ ҶОМЕАИ ИНСОНИРО КАФОЛАТ МЕБАХШАД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар баробари дигар самту соҳаҳо ба масъалаҳои доғи ҷомеа таваҷҷуҳ карда, чунин изҳор доштанд: “Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад”. Ин нукта, ки зимни суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9.03.2024) низ садо дода буд, моро бори дигар ба мулоҳиза мебарад.
Ишора ба ин матлаб дар Паём бори дигар собит намуд, ки Пешвои муаззами миллат ба озодии виҷдон ва эътиқоди миллати хеш ҳамеша арҷ мегузоранд, намехоҳанд, ки арзишҳои динӣ зери ниқоби ифроту тундравӣ монад ва ба он доғ афтад.
Дарвоқеъ, бо вуҷуди таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастаҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ, боз ҳам баъзе шаҳрвандони мо ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд ва ба олами тираи хурофот фарзандони худро низ мекашонанд.
Нигаронии Сарвари давлат дар робита ба зиёрати умра бурдани кӯдакони мактабхон хеле риққатовар аст. Инчунин, баъд аз хатми синфи 9 аз муассисаи таълимӣ гирифтани духтарон ва дар хона нишастану аз таҳсил, касбу ҳунар дур мондани онҳо Роҳбари давлатро дар ташвиш гузошт ва тавассути қонун муқаррар гардид, ки хониш дар синфҳои болоии 10 ва 11 низ ҳатмист.
Аз ин ибтикори шоиста мо – омӯзгорон самимона истиқбол мекунем, зеро фарзандони мо, агар таҳсили хуб, забонҳои хориҷӣ ва ахлоқи ҳамидаи тоҷикиро дар Ватан фаро нагирифта бошанд, сафар ба хонаи Худо ҳам, касро неку наҷибзода намекунад. Гузаштагони мо чи хуш фармудаанд:
Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам раҳам надоданд,
Ки буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона оӣ?
Ин аст, ки тибқи нишондоди Паёми навбатӣ, минбаъд омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар низоми маорифи мамлакат аз синфи 1 оғоз мешавад. Дар ин бора бисёр равшану возеҳ гуфта шуд: “То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Прездиденти маҳбуби мамлакат ҳамзамон, вазифа гузоштанд, ки дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир ба хотири амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намоем, ки дастур ба зиммаи ҳар фарди худогоҳи ҷомеа уҳдадориҳои нав мегузорад.
Меҳринисо АЛИМШОЕВА,
омӯзгори Гимназияи хусусии “Кафолат”