БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
«ФАРҲАНГИ БОСТОНӢ. ДУ ПЕШНИҲОД ДАР ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
Вазорати фарҳанг мақолаи рӯзноманигор Мунаввари Сафар, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 63 (24 926) аз 05.04.2024) зери унвони «Фарҳанги бостонӣ. Ду пешниҳод дар пайравӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат» нашр гардид, мавриди баррасиву таҳлил қарор дод.
Иттилоъ медиҳем, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик касбу ҳунарҳои зиёдеро, аз қабили гулобгирӣ, кошикорӣ, сӯзангарӣ, мисгарӣ, собунпазӣ ва ғайра номбар кардан мумкин аст, ки бо сабаби набудани талаботи замон дар ҳолати азбайнравӣ қарор доштанд. Ҳунарҳои кошикорӣ ва гулобгирӣ ҳам аз ҷумлаи унсурҳое мебошанд, ки бо сабаби содироти маводи нисбатан арзон аз хориҷ талабот дар кишвар ба онҳо кам мондааст. Хушбахтона, дар баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар аҳён-аҳён ҳунармандон боқӣ мондаанд, ки оид ба нозукиҳои истеҳсоли пешаҳои болозикр маълумот дошта, онҳоро хеле маҳдуд идома медиҳанд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ, хоса бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) чанде аз ҳунарҳои қариб фаромӯшшуда, аз ҷумла ҳунарҳои анъанавии кошикорӣ ва гулобгирӣ, дубора эҳё гардиданд. Феълан, дар шаҳраки ҳунармандон, воқеъ дар Муассисаи давлатии «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, истеҳсоли кошиҳои анъанавӣ ва таҳияи гулоб ба роҳ монда шудаанд. Ният ҳаст, ки ояндаи наздик дар маркази шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли васеи кошиҳои анъанавӣ ба фаъоляит пардозад. Инчунин, дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, дар баробари таълими дигар касбу ҳунарҳои анъанавӣ, унсурҳои номбурда ҳам ба шогирдон омӯзонда мешаванд.
Ҳунарҳои анъанавии мардуми тоҷикро мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз тамоми манотиқи кишвар гирдоварӣ намуда, таърихи пайдоиш ва имрӯзаи онҳо, заминаҳои рушдашонро тавассути мақолаҳо пешниҳоди мардум намудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифӣ як қатор ҳунарҳои мардумӣ ба Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримодӣ пешниҳод гаштаанд.
Дар нусхаи охирони Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримодӣ, ки соли 2023 ба табъ расид, ҳунари кошикорӣ дар бахши касбу ҳунарҳо таҳти рақами Е016 ба қайд гирифта шудааст. Чуноне ки ишора рафт, аллакай, ҳунарҳои гулобгирӣ ҳам эҳё шудааст ва тибқи иттилои мутахассисон, дар таҳияи нави Феҳрист, ки аз рӯйи барнома соли 2025 интишор мешавад, эҳтимол меравад, ки ба рӯйхат ворид гардад.
Д. САФАРЗОДА, муовини вазири фарҳанг
Санаи нашр: 20.01.2025 №: 14