"ШИФОБАХШ". ҶАРРОҲИИ БЕБУРИШИ ТАБИБОНИ ТОҶИК
Табибони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии “Дастаи Дил” дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар боз ба як навгонӣ шарафёб гаштанд. Аз ҷониби табибони Маркази номбурда ба як нафар бемори 16-сола, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки косахона ва майнаи сари ӯ ҳангоми афтодан осеби ҷиддӣ дида буд, ба тариқи эндоскопӣ, яъне бе буриш, амалиёти ҷарроҳӣ гузаронда шуда, нуқсонҳои ҷойдоштаи бемор бартараф гардиданд.
Тибқи иттилои Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, ки якҷо бо ҳамкорони хеш амалиёти ҷарроҳии мазкурро гузарондааст, ташхис нишон дод, ки раги калони майнаи сари бемор ҳангоми дохил шудан ба косахонаи сар сурох гардида, бо рагҳои варидӣ пайваст шудааст, ки дар натиҷа дар бемор нобиноӣ, варам ва сурхии чашм ва, инчунин, рафтани хунравиҳои шадид аз бинӣ ва даҳон ба вуҷуд омадааст.
Ба гуфти Субҳониддин Баҳодуров, чунин ҷарроҳӣ яке аз ҷарроҳиҳои мушкил ва мураккаби рагҳои калони мағзи сар ба ҳисоб рафта, ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар кишвар гузаронда намешуд ва беморон ё ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекарданд ва ё барои гузарондани чунин ҷарроҳиҳо мутахассисон аз хориҷи мамлакат даъват мешуданд. Хушбахтона, бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба табибони ватанӣ имконият даст дод, ки чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳиро дар бемориҳои рагҳои мағзи сар бори аввал дар кишвар бомуваффақият гузаронанд.
Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби мамлакат бори дигар аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад ва бо дастрас гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири дар марказ муҳайёгардида минбаъд низ муосиртарин усулҳои нави ҷарроҳӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар сатҳи баланд гузаронда хоҳанд шуд.
Дар ин хусус дафтари матбуотии Вазорат дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 20.01.2025 №: 14