АСЛРО АЗ БАДАЛ ФАРҚ НАМОЕМ!
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури мардуми кишвар гардид, ки давоми мантиқии паёмҳои пешини Сарвари давлат ба мақоми олии қонунбарор мебошад.
Тавре мушоҳида мешавад танзими ҷашну маросим ва бо ин роҳ беҳбуд бахшидан ба зиндагиву рӯзгори мардуми кишвар ҳамоно аз мавзуъҳои калидии Паём боқӣ мемонад.
Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи талаботи он ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим дар паёмҳои Сарвари давлат зиёда аз ҳафт маротиба таъкид гардидааст, ки худ далели гуфтаҳои болост. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2002 (22-юми апрел) чунин дарҷ гардида буд: «Аз нашри фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-уми июли соли 1999) дар бораи танзими ҷашну маъракаҳои мардумӣ қариб се сол мегузарад. Вале то ҳанӯз вазъи татбиқи фармон ва чорабиниҳои дар асоси он таҳияшуда ғайриқаноатбахш аст. Шахсоне, ки маъракаҳои пурдабдаба ва серхароҷот барпо мекунанд, чаро наметавонанд, ки ба мактабҳо кумак кунанд ва барои рушди зеҳнии фарзандони худ дар мактабҳо синфҳои компютерӣ ташкил намоянд? Чунин шахсон бояд хуб донанд, ки фарзандони мо аз олам бехабар ва аз пешрафти ҷомеаи башарӣ монда истодаанд».
Президенти мамлакат дар Паёми соли 2016 хотиррасон карданд: «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем».
Дар Паёми соли 2016 ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки «Омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад».
26-уми декабри соли 2018 аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки «Дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагонии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд».
Илова бар ин, 26-уми декабри соли 2019 сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни мамлакатро уҳдадор намуданд, ки «Дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».
Инчунин, 28-уми декабри соли 2023 бори дигар аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд: «Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд».
Президенти муҳтарами мамлакат дар Паёми навбатӣ, 28-уми декабри соли 2024, хотиррасон намуданд, ки «Соли ҷорӣ ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам. Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам. Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободонии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму ойинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд».
Натиҷаи ёдовариҳост, ки омӯзишу риояи Қонуни танзим тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст ва тавассути барномаҳои таълимиву истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ хонандагон низ аз урфу одатҳо огоҳ ҳастанд ва расму ойинҳоро риоя мекунанд.
Аз таъкиду роҳнамоии Пешвои муаззами миллат бармеояд, ки бояд омили маънавии рушди ҷомеа аз дигар омилҳо бартарӣ дошта бошад, зеро барои расидан ба ҳаёти маънавӣ заминаи моддиву техникӣ, иқтисоди пешрафта, фарҳанги баланди сиёсӣ ва дониши мукаммали кишвардорӣ лозим аст ва ҳар яки моро водор месозад, ки барои татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлат намунаи ибрат бошем.
Вализода ОДИНАШОҲ,
сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон