ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ РЕҶЕП ТАЙИП ЭРДОГАН

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ РЕҶЕП ТАЙИП ЭРДОГАН

22 январ 2025, Чоршанбе
24
0


22-юми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сӯхтор дар меҳмонхонаи осоишгоҳи Карталкая дар музофоти Болуи Ҷумҳурии Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷиабор ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, мардуми Туркияи дӯст ва пайвандону наздикони фавтидагон иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Санаи нашр: 22.01.2025 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив