ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. ҲАДАФҲО ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАНД

ПАЁМ. ҲАДАФҲО ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАНД

22 январ 2025, Чоршанбе
5
0


Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ (аз 28-уми декабри 2024) ба он ишора намуданд. Вақте ки Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба даст овард, аз нигоҳи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва стратегӣ дар тангнои иртиботии амиқе қарор дошт. Ҳатто, роҳҳои асосие, ки ҷумҳуриро ба ҳам ва мамлакатҳои дигар мепайвастанд, аз кишвари ҳамсоя мегузаштанд. Аз ин лиҳоз, як сиёсати бунёдӣ ва саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ ин буд, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун ояд.  

Мусаллам аст, ки дар пиёдасозии ин сиёсат нақши Пешвои миллат бориз аст.Талошҳои бесобиқаи Сарвари давлат буданд, ки ҷиҳати барномарезӣ ва анҷоми ин иқдоми бузург ба ҷалби сармоя пардохтанд. Ҳикмати ин сиёсатро метавон чунин арзёбӣ намуд, ки то Тоҷикистон аз гӯшагирии ҷуғрофиву сиёсӣ вонараҳад, истиқлоли комил нахоҳад ёфт.
Маврид ба зикри хос аст, ки давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ корҳои ҳангуфте дар ин росто ба анҷом расиданд. Шоҳроҳҳои Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ва Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, нақбҳои зиёде мавриди истифода қарор гирифтанд. Роҳе, ки аз Кулма убур мекунад, аз як тараф, Тоҷикистонро бо Чин ва, аз дигар сӯ, аз тариқи шоҳроҳи Қароқурум ба Кашмири Покистон мепайвандад. Ба ин васила, бо вуруди коло аз кишварҳои гуногун фаровонии бозорҳо таъмин мегардад. 
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд аҳамияти бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ дорад.  Инро таҷрибаи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ҳудуди шаш моҳ (ноябр – апрел) равуо бо мошин миёни ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ қатъ мегашт ва аз тариқи кишвари ҳамсоя сурат мегирифт, собит месозад. Дар он вазъият баъзе коршиносону сиёсатшиносон андешае доштанд, ки Тоҷикистон як ҳудуди воҳиди сиёсиву иқтисодӣ нест ва истиқлолу озодиаш сахт осебпазир мебошад. Вале акнун ин фикрҳо аз байн рафтанд, зеро бо бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Озодӣ” ва “Хатлон” мо ба пуррагӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем.  
Яке аз корҳои мондагоре, ки дар ин росто зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, бозсозии роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент – Саразм  мебошад. Ҳанӯз аз хотири мардум нарафта, ки гоҳо бо сабаби баста шудани сарҳад шаҳри Панҷакент дар бунбаст қарор мегирифт. Имрӯз ин роҳи чун кафи даст ҳамвор гардишгаронро ба тамошои Саразми бостон мебарад. Бозсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент рафтуомади мусофирон ва интиқоли маводи ғизоиву масолеҳи сохтмониро ба Душанбеву Хуҷанд осону роҳатбахш кард. Зиёда аз ин, тармими як хатти ин роҳ ба сӯи деҳаи Панҷрӯд, оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сафи зиёратгаронро афзуд. Тармими хатти дигар ба сӯи Ҳафткӯл, яке аз ҳафт муъҷизаи табиати Тоҷикистон, таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба ин дараи дилкушо бамаротиб зиёд кард. 
Монанд ба ин, барои тақвияти андеша метавон аз созандагиву бунёдкориҳои 33 соли гузашта бисёр мисолҳо овард. Аммо ин ҷо ба омори соли 2024 дар ин самт каме таваҷҷуҳ мекунем, зеро корҳои басомонрасида дар ин сол барои рушди Тоҷикистон аҳамияти хос доранд. Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пул  ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд. Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ иброз доштанд: “... ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расидааст”.  Аз Паём то Паём ҳар оморе, ки ироа мегардад, баёнгари он аст, ки Тоҷикистони ҷавон дар марҳалаи нави рушд қарор дорад ва дар тамоми самтҳо устуворонаву собитқадамона гом мениҳад.   
Имрӯз Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Акнун дар ин росто марҳалаи дигари рушд – ба кишвари транзитӣ табдил додани он мебошад. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба чорроҳаи байналмилалии Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимол мубаддал мегардад.

Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.01.2025 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив