ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

24 январ 2025, Ҷумъа
54
0


 
23-юми январ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи бандҳои 8 ва 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ барои додани ризоят барои аз вазифаи Прокурори генералӣ озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбӣ озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди олии иқтисодӣ бозхонд намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, барои ба вазифаи Прокурори генералӣ таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи раиси Суди олии иқтисодӣ таъин намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол шуд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, мутобиқи моддаҳои 18 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар бораи аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоб озод намудани Чиллазода Қарахон ва ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоб таъин кардани Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон равона гардид.
Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим аз вазифаи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ озод ва вазири мудофиа  таъин шуд.
Саидзода Бобоҷон Абдуқодир, ки то ин вақт муовини вазири мудофиа доир ба ақибгоҳ буд, аз ин вазифа озод ва муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таъин гардид.
Шералӣ Мирзо аз вазифаи вазири мудофиа озод ва  сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқа ва Сафарзода Хуршед Сафар сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъин шуданд.


Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив