100 СОЛИ “ҶУМҲУРИЯТ”
Соли 2025 ҳам фаро расид. Имсол барои кормандони “Ҷумҳурият” соли хотирмон хоҳад буд. Чунки 100-солагии рӯзнома ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни ин рӯзнома, ҷашни созмондиҳандагони “Иди тоҷик” ва “Бедории тоҷик”, гиромидошти аввалин муҳаррирон, хабарнигорон, балки гуфтан мумкин, ҷашни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
“Ҷумҳурият” дар ташкилу баргузории озмунҳои сатҳи баланд ягона рӯзномаест, ки таҷрибаи даркорӣ ҳосил намудааст.
Албатта, равнақи ҳама кор пеш аз ҳама ба роҳбар вобаста аст. Чаро нагӯем, ки ташкили озмунҳо дар мавзуъҳои гуногун дар чанд соли охир ба дараҷаи дилхоҳ роҳандозӣ гардид? Дар 10 сол 13 озмун! Ин кори саҳл набуда, бемуҳобот, сазовори таҳсин аст. Баргузории озмунҳо аз назари мо дур набуд. Озмуни аввалин соли 2006 ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти журналисти шуҷоатманд ва шоири шинохтаи тоҷик Ғоиб Сафарзода буд. Ба муносибати эълон доштани соли 2017–“Соли ҷавонон” озмуни дуюм бо унвонии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” роҳандозӣ гардид. Ҳамин тавр, дар озмунҳои пай дар пайи “Ҷумҳурият” кору пайкари чеҳраҳои намоёни миллат – Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода бо матолиби сатҳи баланду чашмгир ба хонандагон пешкаш гардид. Аз ҳаёту фаъолияти ибратбахш, пур аз муборизаҳо баҳри ҳифзи забону фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик бо истифода аз маъхазҳои таърихӣ беҳтарин мақолаҳо рӯи чоп омаданд. Озмуни “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” собит сохт, ки Роҳбари давлати навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Пешвои арзанда асту бо сифатҳои хоси роҳбарии худ дар ҷаҳон ҳамто надорад. Ӯ на фақат барои миллати хеш фарзанди фарзонаю хосса мебошад, инчунин, дар байни бисёр давлатҳои ҷаҳон маҳбубият дорад.
Матолиби озмунҳои “Беҳтарин шеъри бачагона” (соли 2018), “Тоҷикистон – хонаи умеди мо” (соли 2019) ҳам моро бештар дилгармӣ бахшид.
Озмуни “Дуои модар” бо маҳбубияту зарураташ ду дафъа баргузор шуд. Чӣ хуш аст, ки мақолаҳои ба ҳаёту фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафур нашркардаи “Ҷумҳурият” дар шакли китоб ба табъ расид ва Китоби соли 2024 эълон шуд.
Бешак, фикр мекунам, ки омодагии аҳли эҷоди “Ҷумҳурият” ба таҷлили 100-солагии рӯзнома боз ҳам пурзӯртару беҳтар бояд бошад.
Ҷӯрабек МУЪМИН, ноҳияи Файзобод
Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18