ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРҲАНГ. ШУКӮҲИ СУҒД МАРЗҲОРО УБУР МЕКУНАД

ФАРҲАНГ. ШУКӮҲИ СУҒД МАРЗҲОРО УБУР МЕКУНАД

27 январ 2025, Душанбе
23
0


Дар вилояти Суғд 753 муассисаи фарҳангиву фароғатӣ, аз ҷумла 362 китобхона (як китобхонаи оммавии вилоятӣ, як китобхонаи вилоятии бачагона, дусаду ҳаштоду як китобхонаи деҳот, ҳабдаҳ китобхонаи марказӣ, чилу панҷ китобхонаи шаҳрӣ, ҳабдаҳ китобхонаи бачагонаи шаҳру ноҳия), яксаду сиву се клуб, 95 қаср ва хонаи фарҳангӣ, сӣ мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомии бачагона, як осорхонаи таърихии вилоятӣ, понздаҳ осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, ҳашт хона-осорхона, се маҷмааи фарҳангӣ, як арт-галерея, бисту се боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, панҷ театри халқӣ, ҳафт театри касбӣ, шасту панҷ ансамбл, панҷ студияи сабти овоз фаъолият дорад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо сездаҳтояш дорои аҳамияти башарӣ мебошад.
 
Шоҳҷоизаи «Садбарги Шарқ-2024» дар Ӯзбекистон
Аз 2-юм то 6-уми майи соли 2024 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали байналхалқии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Садбарги Шарқ-2024» доир шуд. Дар Фестивал донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз Шарифзода Нозанин дар бахши сарояндагӣ сазовори ҷойи якум ва раққосаи ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода Маҳина Нурова дар бахши рақс сазовори Шоҳҷоиза гардид. 
Аз 19-ум то 23-юми майи соли равон ҳунармандони ансамбли «Бибиҳо»-и вилоят Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо дар Фестивали «Иди гулҳо», ки дар вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, бо сурудҳои беҳтарини худ баромад намуданд. 

Қалъаи Хуҷанд 
Аз 10-ум то 14-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид месозад” баҳри амалисозии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470, “Дар бораи баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”  баргузор гардид. Дар Фестивали мазкур аз вилояти Суғд ҳунармандони ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзодаи Кохи фарҳанги Суғдиён  иштирок намуда, бо диплом ва нишони фестивал қадр гардиданд.
Моҳи апрели соли 2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдгории таърихии Қалъаи Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд, бинои Қасри фарҳанг ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар  шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон, моҳи ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” таҷдид гардида, бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мавриди истифода қарор гирифт.

Як миллиону дусад ҳазор сайёҳ дар Суғд
Дар  ҳудуди  вилоят  23 боғи  фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият дорад. Давоми соли 2024 дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ зиёда аз 338 чорабинии фарҳангӣ гузаронда шуда, дар он зиёда аз 1 100 065 нафар истироҳаткунандагони шаҳру ноҳия ва сайёҳон ширкат варзидаанд.    
Дар  ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят як осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар шаҳру ноҳияҳо, 8 хона-осорхона дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият мебарад. Дар ин давра шумораи нигораҳо дар осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии шаҳру ноҳияҳои вилоят 60313,  шумораи сайёҳон 125390 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 119 000 нафар дохилӣ, 6390 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад. 

Театр – оинаи вилоят
Дар вилоят 7 театри касбӣ фаъолият мебарад. Дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ давоми соли 2024 баҳри истироҳат ва фароғати тамошобинон 60 чорабинии гуногун  аз ин 10-то бо тариқи ройгон бо фарогири 18 825 нафар доир гардид, ки аз ин миқдор 6400 нафар тамошобинон барномаҳоро  ройгон тамошо карданд.  Дар театр намоишномаҳои «Харгӯши ҷасур», «Меҳмон аз сайёра», «Дайдуча», «Модар нигарон буд», «Келини ҷойдорӣ», «Табиби паррон» ва барномаҳои консертӣ манзури мухлисон гардонда шуд. 
Аҳли ҳунари Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд  дар давраи ҳисоботӣ 54 намоишнома манзури мухлисон намуданд, ки аз онҳо 6-то ройгон барои тарбиятгирандагони хона-интернатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ омода шуда, бо иштироки 8986 нафар тамошобинон гузаронда шуд. Дар Театри давлатии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен баҳри тамошобинону ҳаводорони санъат 94 намоишнома ва барномаи консертӣ бо иштироки 20201 нафар гузаронда шуд. Аҳли ҳунари Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт 50 барномаи консертӣ ва намоишномаҳои омодашуда бо иштироки 18036 нафар гузаронданд. 
Дар Театри давлатии русии драма ва мазҳакаи ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон баҳри тамошобинон намоишномаҳо барои кӯдакону наврасон 32 маротиба намоишномаҳои омода шуда, бо иштироки 3713 нафар барпо гардид.
Аз ҷониби аҳли санъати Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон 113 маротиба намоишнома бо фарогири 14003 нафар манзур шуд. Дар Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом 151 маротиба  намоишнома ва барномаҳои консертӣ бо иштироки 7505 нафар сокинон баргузор гардид.   

Бахтиёр ҚОСИМОВ, 
сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд

Санаи нашр: 27.01.2025 №: 19
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив