БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО
27-уми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Александр Григоревич!
Дар робита ба пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти инҷонибро иброз менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳии анҷомёфта ва иштироки фаъоли интихобкунандагон дар он боз ҳам сатҳи баланди эътимод ва ҷонибдории васеи ҷомеаи Беларусро аз роҳи стратегии Шумо, ки ҷиҳати рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ татбиқ мегардад, собит сохтанд.
Бо қаноатмандӣ ҷараёни хуби рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларусро дар руҳияи шарикии стратегӣ таъкид менамоям.
Бовар дорам, ки мо бо талошҳои муштарак минбаъд ҳам пешбурди самарабахши ҳамкории Тоҷикистон ва Беларусро таъмин карда, онро бар нафъи мардумони ба ҳам бародарамон бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳем гардонид.
Ба Шумо – муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандии бардавом ва дар татбиқи тамоми иқдомҳоятон дар мақоми олии давлатӣ комёбиҳои нави бузург, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Беларус сулҳу некуаҳволӣ ва пешрафти рӯзафзун орзумандам».
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО
Имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин бар нафъи рушду пешравии минбаъдаи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.
Дар рафти суҳбат Пешвои миллат саҳми муҳтарам Александр Лукашенкоро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Беларус таъкид карданд. Дар ин зимн ҷараёни хуби рушди шарикии стратегии ду кишвар зикр карда шуд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, унвонии муҳтарам Александр Лукашенко дар иртибот ба пирӯзиашон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.