ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА САОДАТИ БАШАР ЁР

БА САОДАТИ БАШАР ЁР

28 январ 2025, Сешанбе
14
0


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12.2024) иттилоъ доданд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, нақшаву барномаҳои миллӣ, инчунин, соҳавию маҳаллӣ тули панҷ соли охир аз ҳисоби давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ бештар аз 197 миллиард сомонӣ сарф гардидааст. Бо ёрии тоҷирони муваффақ, афроди эҳсонкор ва сокинони бонангу ор танҳо дар се соли ахир барои бунёди иншооти соҳоти маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳангу фароғат ва истеҳсоливу иҷтимоӣ 20 миллиард сомонӣ харҷ шудааст.
Тоҷикистон чун дигар мамолики мутамаддин дар арсаи байналмилал ҷойгоҳи густурда касб намуда, гузариш ба рақамикунонии соҳоти иқтисоди миллиро аз авлавияти соҳа мепазирад. Пешвои дурандеш дар ин бахш таваҷҷуҳи ҳамагонро то панҷ соли оянда ба самтҳои зер ҷалб намуданд: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули асноди лозим дар марҳалаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ; то шабакаҳои панҷ ҷи (5G) тақвият бахшидани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумоту таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот; рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ; рушди сармояи инсонӣ тариқи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо бобати технологияҳои иттилоотӣ дар дохилу хориҷи мамлакат ва боло бурдани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ; истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ; чораандешӣ дар самти таъмини амнияти киберии махзани маълумот; ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ. Бо назардошти ин нуктаҳо Президенти мамлакат солҳои 2025-2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълом дошта, ҳамзамон, пешниҳод карданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад.        
Президент ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муқаддам дониста, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии табақаҳои ҷомеа талош меварзанд. Ҳамин буд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳоти маориф 30 фисад, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин, идрорпулиҳо, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 20 фисад  зиёд, ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтсодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ муқаррар карда шудааст.   
Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф эътибори вижа зоҳир намуда, дар муддати панҷ соли минбаъда бунёди 800 муассисаи таълимӣ барои 50 фисади кӯдакони синну соли томактабӣ ва 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро ба нақша гирифтааст. Вале дар зинаи таҳсилоти олӣ масоили сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули корҳои илмию тадқиқотӣ ва тадобири тарбиявӣ нокифоят мебошад. 
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ҷомеае, ки ба мактаб ва илму фарҳанг рӯ наорад, миллаташ хору зор ва дастнигар мешавад. Озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва тарбияи ахлоқиву маърифатӣ, ватандӯстии наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар ин росто, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг дастур гирифтанд, ки маводи заруриро ҷиҳати таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Курӯши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешкаш созанд.
Таъмини аҳолии мамлакат бо шуғли пурсамар, таъсиси ҷойҳои корӣ ва танзими бозори меҳнат аз масоили ҳалталаби иқтисодиёти ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, Ҳукумати ҷумҳурӣ якҷо бо роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тасмим гирифтаанд, ки дар марҳалаи муайян дар соҳоти иқтисоди миллӣ барои таъсиси 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави корӣ чораандешӣ намоянд. Ҳамчунин, омилҳои коргоҳҳои аз фаъолият бозмондаро давоми ду сол таҳқиқ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд. То кунун дар шаҳру навоҳии мамлакат марказҳои таълими калонсолон амал намуда, 1 миллиону 100 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҷалб гардидаанд. Алъон бунёди боз ду марказ дар назар дошта шудааст. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар шарикони рушд боистӣ дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ ба таъсиси марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо мусоидат кунанд. Ҳар сол ин марказҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бояд на кам аз 120 ҳазор шаҳрвандро ба таълим фаро бигиранд. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда шумораи омодасозии 210 ҳазор нафар мутахассисони гуногунтахасусро ба кор фарогир мешавад. Муассисаҳои мазкур беш аз 1 миллион шаҳрвандонро бо аз бар намудани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ба оғӯш хоҳанд гирифт.    
Сарвари давлат дар Паёмашон ба фаъолияти ҷавонон ҳамчун неруи созандаву боэътимод ва такягоҳи устувор баҳо доданд. Мусаллам аст, ки  ҷавонони бонангу номус масъулияти фардои дурахшони Меҳанро бар дӯш дошта, бо дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ арҷгузоранд. Фараҳбахш аст, ки туфайли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 10 ҳазор иншооти варзишӣ арзи вуҷуд намуд. Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид бо қаътномаи махсус Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт. Ҷаҳонишавии гӯштини миллии тоҷикӣ мояи ифтихори ҳар шаҳрванди ин сарзамини биҳиштосо гаштааст.  
Президент изҳор доштанд, ки нақши бонувон дар эъмори давлати навини демократӣ бориз ба назар мерасад. Омор баёнгари он аст, ки аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 90 ҳазор ё 42 фисади он бонувон ҳастанд. 
Соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон мизбони аввалин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳост. Минбаъд Тоҷикистон қолаби “Раванди оби Душанбе”-ро таҳким ва муносиботи неку дӯстонаро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  пайгирона идома мебахшад. 
Паёми омӯзандаи Роҳбари давлат ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ   дастури хубест. Тоҷикистони биҳиштгунаи моро сарсабзиву шукуфоӣ ва дастовардҳои беназир дар пеш аст. Ҳамин самимияту боварҳо ба мардуми шарифи тоҷик буд, ки Пешвои хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хитоб карданд: “БА ПЕШ!”         

Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, 
Корманди шоистаи 
Тоҷикистон

Санаи нашр: 28.01.2025 №: 20
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив