ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО

БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО

29 январ 2025, Чоршанбе
42
0


Соли 2024 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боз як саҳифаи рангину пурҷилоеро варақ зад, ки дар тақвими рӯзгори оянда ҳамчун соли бобарор ва идомабахши фасли нави созандагиву бунёдкориҳои азими даврони истиқлоли давлатӣ ёд хоҳад шуд. 
Миллати ваҳдатшиори тоҷик, ки дар ҷаҳони муосир сулҳпарвариро ба номи хеш муҳр зад, дар ростои соли сипарӣ бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фатҳи уфуқҳои наве даст ёфт, ки далолат ба пешрафти бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, татбиқи самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ дорад. Маҷмуи дастовардҳои намоёни сол, ки, усулан, дар доираи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва стратегияи рушди миллӣ ҳосил шуд, суръати пешрафти ҷомеаи моро такони нав бахшид.
Соли маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими арзишҳои қонунсолорӣ 
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои хотирмони сол буд, ки ба ин муносибати фархунда маҷмуи ибтикороти шоиста ва чорабиниҳои зиёди маърифатӣ-ҳуқуқӣ анҷом ёфт. 
Аз ҷумла, дар асоси пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули ин санади олии ҳуқуқӣ 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Зимни пешниҳод Сарвари давлат Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро яке аз дастовардҳои муҳимтарин дар таърихи давлатдории навини мо арзёбӣ намуда, изҳор доштанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Ҳадаф аз эълони 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ, ки 30 декабри соли 2023 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба давлат, арзишҳои миллӣ ва таъмини волоияти қонун арзёбӣ гардид, ки дар ин замина натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омад. 
Ин иқдоми Пешвои миллат ва тадбирҳои дар доираи он анҷомшуда бори дигар арзиши олӣ будани инсон ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои ӯро собит намуда, ба риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби бештари шаҳрвандон ба касби донишҳои ҳуқуқӣ ва коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат кард. 

Се мулоқоти идомабахши рушду рифоҳи ҷомеа
Соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои гуногуни ҷомеа дидору мулоқотҳои судманде анҷом доданд, ки дар ин миён се мулоқоти Сарвари давлат – бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9 март), аҳли илми кишвар (30 май), аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш (1 сентябр) дорои аҳамияти хосу таърихӣ буданд. Зеро дар суханрониҳои Сарвари давлат зимни ин мулоқотҳо муҳимтарин масъалҳое матраҳ шуданд, ки дар вазъи печидаи ҷаҳони муосир барои ҷомеаи мо қобили мулоҳиза буда, бархӯрди оқилона нисбат ба онҳо тақозо мегардад. 
Сарвари давлат дар дидори нахуст, ки бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 март дар Кохи Ваҳдат сурат гирифт, доир ба равандҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла муборизаи тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ ва густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ибрози назар намуда, ба ин нукта ишора карданд, ки тайи чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ татбиқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна тарҳу лоиҳаҳои муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад.
Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Сарвари давлат бо нигаронӣ аз зиёдаравии бархе шаҳрвандон ҳангоми ба ҷо овардани фароизу суннатҳои динӣ, аз ҷумла сафарҳои бисёркарата ба ҳаҷ ва умра, аз аҳли ҷомеаи кишвар даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ ва умра иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маориф, ки 30 май баргузор гардид, баррасии ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишварро аз ҳадафҳои меҳварии ин дидор арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дар ҳамин ҳол, Президенти кишвар изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардондани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Дар мулоқот изҳори бовар шуд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон, саҳми арзишманди худро мегузоранд.
1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои навбунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-уми пойтахт чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Сарвари давлат бо ишора ба афзоиши шумораи аҳолӣ ва зарурати бунёди муассисаҳои зиёди иловагии таълимӣ, аз ҷумла таъкид доштанд, ки имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад. 
Бино ба арзёбии Президенти кишвар: “Дар замони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз лиҳози шумора куллан дигаргун гардид ва рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард. 
Соли 1991 мо ҳамагӣ 13 мактаби олӣ доштем, ки дар онҳо 69 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард. Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 47 расида, дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯён ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ машғул мебошанд. Инчунин, зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мо дар беш аз 40 кишвари дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд”.
Зимни мулоқот дар баробари роҳандозии озмуни “Шоҳномахонӣ” барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон, инчунин дастур дода шуд, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.
Гузашта аз ин, Пешвои миллат вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузориро вазифадор карданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Мавриди зикр хос аст, ки ин дастури Сарвари давлат дар миёни ҷомеа ҳамовозӣ ва истиқболи гарму самимӣ пайдо кард. 

Соҳибкорон дар татбиқи сиёсати созанда саҳми назаррас доранд 
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 ишора гардид, соли 2024, бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расид. Даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 баробар шуд. Ҷойи зикри хос аст, ки маҳз ҳамин сол маоши кормандони соҳаҳои буҷетиву стипендияҳо 40 дарсад ва андозаи нафақа 30 фоиз афзуд. 
Сатҳи таваррум бо 3,6 фоиз муътадил нигоҳ дошта шуда, 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардид ва танҳо дар ин бахш наздик ба 20 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам омад.
Дар маҷмуъ, соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 247 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд, ки аз ин шумора 74 ҳазор доимӣ мебошад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём бо ишора ба саҳми соҳибкорон дар вусъат бахшидани амалҳои созандагӣ изҳор доштанд, ки дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ харҷ карда шуд.
Зикр гардид, ки дар се соли охир дар кишвар беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шуд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони кишвар бисёр бузург мебошад.
Воқеан, фаъолияти соҳибкорӣ дар таъмини ҳадафҳои рушди миллӣ афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, ғанигардонии  буҷети давлатӣ ва таъмини  шаҳрвандон бо ҷойи кор нақши муассир дорад. Ин аст, ки  рушди соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Ҳоло боиси қаноатмандист, ки соҳибкорон, бо истифода аз имтиёзҳои ҷорӣ ва ҳавасмандӣ аз дастгириҳои давлатӣ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ, сайёҳӣ ва таъсиси  ҷойҳои кори нав саҳми назаррас мегузоранд. 

Эътирофи далелҳо ва ҳақгӯиҳои Тоҷикистон
Қабули қарорҳои дахлдор доир ба сармоягузории хориҷӣ ба бунёди неругоҳи Роғунро, ки ба моҳи декабри соли 2024 рост омад, метавон бузургтарин эътирофи далелҳо ва ҳақгӯиҳои Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон доир ба масоили обу энергетика номид. Зеро давоми солҳои 2023-2024 созишномаҳои молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 911,7 млн доллари ИМА (561,7 млн доллар қарз ва 350,0 млн доллар грант) бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб ба имзо расонда шуд. 
Илова бар ин, бо мақсади ҷалби қарзи давлатӣ аз Ҷумҳурии Италия дар ҳаҷми 150 млн евро (164 млн доллар), Бонки аврупоии сармоягузорӣ 550 млн доллари ИМА, Фонди рушди Абу-Заби 100 млн доллар ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 250 млн доллар аз Бонки осиёии рушд идома дорад, ки бовар аст, қарорҳои дахлдор дар ин бора низ қабул хоҳанд шуд.
Бо мақсади ҷалби маблағҳо барои идомаи сохтмони НБО "Роғун" гуфтушунидҳо бо 12 созмони байналмилалии молиявӣ оғоз гардида, барои ҷалби маблағҳои қарзию грантӣ дар ҳаҷми беш аз 3 млрд доллар корбарӣ бомаром идома дорад.
Барои муқоиса метавон ёдовар шуд, ки дар давоми солҳои 2007-2024 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои сохтмони неругоҳи Роғун ҳамагӣ 43,4 млрд сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ҳамааш аз сарчашмаҳои дохилӣ аст.

Бо такя ба неруи бузурги мардум
Агар ба фаъолияти созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як соли охир назар андозем, бори дигар неруи бузург ва тавонмандии фавқулодаи Президенти маҳбубамонро дар идораи оқилонаи умури давлатдорӣ ва таъмини рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоӣ бармало мушоҳида мекунем. Сафарҳои зиёди дохилӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, дидору суҳбатҳои гарму самимӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар мулоқотҳои рӯбарӯ бо сокинон, ки аз хислатҳои фарқкунандаи Сарвари хирадсолорамон маҳсуб меёбанд, муҷиби саодату хушрӯзӣ ва пешрафтҳои нав гардиданд.
Соли 2024 Президенти кишвар бо 24 сафари дохилӣ ба 32 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе (10 маротиба), Бӯстон (2), Бобоҷон Ғафуров (2), Истаравшан (2), Гулистон (3), Хуҷанд (3), Данғара (3), Норак, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Ашт, Конибодом, Сангвор, Нуробод, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Роғун, Файзобод, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Хоруғ, Турсунзода, Рӯдакӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ёвон, Левакант, Кӯшониён, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ рафта, бо вазъи зиндагии мардум аз наздик шинос шуданд. Ҳамон тавре ки таҷриба собит менамояд, ҳар як сафари Роҳбари давлат ба гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ файзбору таконбахши вусъати корҳои созандагӣ аст. Ин амри ҳақиқӣ соли гузашта ҳам воқеъ гардида, дар ҷараёни ҳар сафар як қатор иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифта, коргоҳҳои зиёди истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карданд. Гузашта аз ин, бо ҳузури мубораки Сарвари давлат барои бунёди даҳҳо иншооти дигар санги асос гузошта шуд.
Дар ин робита, як нукта боиси таъкид аст, ки бо вуҷуди ташвишҳои зиёд дар маснади олии роҳбарӣ бо ҳузури мунаввари хеш дар мазҳари корҳои созандагии пойтахт ва дигар акнофи кишвар ҳозир шудани Сарвари давлат нишони иродаи хастагинопазир дар роҳи давлатсозии миллӣ ва таъмини зиндагии босаодати халқ мебошад. Гузашта аз ин, ҳамон ойини мардумсолорие, ки дар сиришти бунёдгузори давлати навини тоҷикон навишта шудааст, ҳамеша Президентро бо мардум ва мардумро бо Президент дар канори ҳам қарор медиҳад.
Албатта, дар ростои соли сипарӣ дар тамоми нуқоти ҷумҳурӣ корҳои созандагӣ вусъати тоза касб карданд, вале шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки солҳои охир ба марҳалаи рушди бесобиқа ворид шудааст, шоҳиди тозакориҳои беназир, аз ҷумла фаъолсозии коргоҳҳои ҷадиди истеҳсолӣ, ба истифода додани биноҳои муассисаҳои наву замонавии таълимӣ, санги асос гузоштан ба сохтмони иншооти гуногун, навсозии роҳҳо ва гулгашту хиёбонҳои назаррабо буд. Ғолибан, ин ҳама нусрату пешрафтҳои қобили ифтихор дар қалби кишвари озоди мо бо фазли хиради Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти раиси навовари шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки симои шаҳрро куллан тағйир дода, таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷиро ба пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол бамаротиб афзудааст.

ДУШАНБЕ ДАР ШОҲРОҲИ ШУКУФОӢ
Соли 2024 аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда амалӣ гардид. 
Давоми сол дар пойтахти кишвар 141 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо беш аз 7600 ҷойи кори нав ба фаъолият шуруъ намуда, 7 муассисаи таълимӣ бо 13 ҳазору 620 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 500 тарбиятгиранда ба истифода дода шуд, ки дар он саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас аст.
Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 60 муассисаи томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад.

Биноҳои нав барои 3 вазорат
Ҳоло агар ба омори корҳои созандагиву бунёдкории як соли охир, ки бо иштироки Президенти кишвар анҷом шуданд, назар андозем, нахуст, бояд ба тарҳи бинои се вазорат дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи корҳои ободонӣ 13 марти соли 2024 бо лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанг шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд. Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав, бинои маъмурии Вазорати маориф ва илм санги асос гузошта шуд. 
Бар асоси тарҳи иншооти нав, бинои асосии Вазорати маориф ва илм аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, ҳамзамон, дорои бинои алоҳидаи дуошёнаест, ки дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт. Дар бинои нав, ҳамчунин, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Вазорат, ки ҳоло дар ҳар гӯшаву канори шаҳр кору фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд. 

Эҳёи корхонаи нассоҷии Душанбе
Худи ҳамон рӯз, баъд аз иштирок  дар  оғози  корҳои  сохтмонии  се  вазорат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик боздид намуданд, ки ҳадаф аз ташриф шиносоӣ бо фаъолияти ҷорӣ ва нақшаву дурнамои навсозии корхона мебошад.
Иқтидору захираҳои корхонаи нассоҷии тоҷик имкон медиҳад, ки дар ин ҷо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ занҷираи пурра – ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026), бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо иқтидори корхона боло бардошта шуда, истеҳсоли маҳсулоти тайёру босифати ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ба роҳ монда шавад.

 «Корвони шодӣ» ва тантанаҳои наврӯзӣ
Таҷрибаи давлатдории навин нишон медиҳад, ки истиқлолу озодӣ ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик неъматҳои фаровон ато намуда, ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши таърихи пурғановат, эҳёи расму ойинҳо ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин давра як қатор расму ойинҳои миллие, ки бо мурури замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, эҳё гардид.
Дар ин робита, ҷойи ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз соли 2010-ум дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ҷашни бостонии мо мақоми баналмилалӣ гирифт.
Ҳамоиши наврӯзии "Корвони шодӣ" дар маҷмааи Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе (25 марти соли 2024) бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нишон дод, ки тантанаҳои наврӯзӣ ба унвони маҳбубтарин ҷашни тоҷикон сол ба сол дар кишвари мо шукӯҳи бештар касб мекунад. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш иштирокдорони чорабинӣ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд. Зикр шуд, ки мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз бо ҳамоиши наврӯзии "Корвони шодӣ" гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик мебошад.
– Мо бояд ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем, – таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар шакли “Корвони шодӣ”, яъне ба таври нав ва пурмуҳтаво баргузор кардани ҷашни Наврӯз дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ба мардум ва меҳмонони ин ҳамоиши пуршукӯҳ шодиву нишоти беандоза овард, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар аст.

«Фирдавсӣ» ва ҷазби сайёҳон ба Душанбе
Тавре ишора кардем, вусъати корҳои ободонӣ дар пойтахти кишвар ахиран симои онро барҷастатар карда, бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногун Душанберо дар шоҳроҳи тараққиёти бесобиқа қарор додааст. 
Танҳо 20 апрели соли 2024 ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор иншооти муосири маишӣ, хизматрасонӣ ва саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар ноҳияи Шоҳмансур бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи чорситорадори “Фирдавсӣ” ифтитоҳ ёфт.
Маҷмааи муосир 22-ошёна буда, меҳмонхонаи чорситорадори “Фирдавсӣ” дар ошёнаҳои аз 13 то 22 бо 103 ҳуҷраи хизматрасонӣ, аз ҷумла 33 люкс, 8 нимлюкс ва 62 стандартӣ, ҷойгир шудааст. Меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба 200 меҳмон хизмат расонад. Бо ифтитоҳи маҷмааи нави хизматрасонию сайёҳӣ ва фароғатӣ 250 ҷойи корӣ таъсис ёфт.

«Кангурт Гранд Ҳотел» ва меҳмондории тоҷикӣ
Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори "Кангурт Гранд Ҳотел"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавӣ 9-ошёна буда, бо сабку усули хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқ ба талаботи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Дар меҳмонхонаи нав 84 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, аксари онҳо дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. 
"Кангурт Гранд Ҳотел" дорои 98 ҳуҷра буда, имкон дорад, дар як вақт 164 мизоҷро қабул намояд. Меҳмонхонаи нуҳошёна аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат сохта шудааст.

«Пиллаи тоҷик» атласу адрасро ҷилои тоза бахшид
Ҳамчунин, 20 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд. 
Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол мешавад. Дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пиллаи тоҷик" аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи бастубанд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯйии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад.
Дар коргоҳи атласу адрас бо истифода аз 26 дастгоҳи бофандагӣ аз риштаи абрешим ва пахта ҳунармандон намудҳои гуногуни атласу адрасро омода мекунанд. Дар баробари истифода аз технологияи замонавӣ, истеҳсоли атласу адрас бо мақсади идомаи анъанаи неки ниёгон дар самти истеҳсоли ин намуди матоъ, таъмини гуногунии истеҳсолот ва пешниҳоди маҳсулоти босифат ба таври дастӣ ба роҳ монда шудааст.

Муҷассамаи Ғалаба ба боғи Ғалаба рафт
8 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ба боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг ҷони худро нисор кардаанд, дар назди «оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.
Гулчанбаргузорӣ он рӯз, ҳамчунин, аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муҳтарам Муҳаммадтоҳир Зокирзода анҷом дода шуд.
Баъд аз анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани пардаи рамзӣ Муҷассамаи Ғалабаро баъди навсозии он дар боғи Ғалаба ифтитоҳ карданд. Дар маросим, ҳамчунин, ҳайати расмии Федератсияи Русия бо роҳбарии муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Кара-Оол Шолбан иштирок намуд.
Таъкид шуд, ки дар боғи Ғалаба ҳамаи тадбирҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири пос доштани ёди қурбониёни ҷанг роҳандозӣ мешаванд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дастёбӣ ба иқтидорҳои нав
28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази таълимии "Пойтахт" дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии чорошёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Дар Маркази таълимӣ тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва биноҳои ёрирасон, таҷдиду навсозӣ гардидаанд. Ҳамаи ҳуҷраҳо ва толорҳои иншооти нав бо тамоми таҷҳизоти барои хизмати сарбозон зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Худи ҳамон рӯз дар маркази таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.
Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Ситоди отряди таъиноти махсуси Қӯшунҳои сарҳадиро ифтитоҳ карда, ҳамзамон, аз Кохи Деваштич боздид намуданд. 
Кохи Деваштич аз иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ маҳсуб мешавад, ки давоми камтар аз як сол бо сатҳу сифати баланд бунёд шуд. Толори калону барҳавои он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва дигар ҳамоишҳо пешбинӣ шуда, дорои 415 ҷойи нишаст мебошад.
Ба муносибати 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ бо иштироки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, Маркази таълимӣ-саҳроии Лоҳури Қӯшунҳои сарҳадӣ, маҷмуи манзилҳои истиқоматӣ ва кӯдакистон барои фарзандони ҳайати шахсии отряди сарҳадии Ҳамадонӣ, толори варзишӣ дар Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҳарбии ворисони Куруши Кабир" ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Боздиди Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе аз ин иншооти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳусни анҷом ёфт.
Нимаи дуюми рӯз Пешвои миллат дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок карда, афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон табрику таҳният гуфтанд.

Иқтидори «Нонпаз» дучанд шуд
Дар идомаи корҳои ободонӣ дар пойтахти кишвар 16 июли соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии "Нонпаз"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки ҶДММ "Нонпаз" аз солҳои 30 қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд. 
Пас аз навсозӣ, акнун дар корхона беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо омода мешавад, ки бо таъми хосса дар бозори истеъмолӣ харидорони худро пайдо кардааст. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.
Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд. 
Зимни ифтитоҳи он иттилоъ дода шуд, ки бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии "Нонпаз" теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонда мешавад ва дар ин замина, иқтидори истеҳсолӣ низ бамаротиб зиёд мегардад.

Корхонае, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад
16 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии "Ғаюр Гурӯҳ" марҳалаи дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодиро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои номдори Австрия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин харида шуда, мутобиқ ба талаби замони муосир аст. Ҳоло дар корхона 140 нафар ба кори доимӣ таъмин гардидааст ва мувофиқи нақша, дар ояндаи наздик шумораи коргарон ба 600 нафар расонда мешавад.
Хатти истеҳсоли платаҳои чопӣ имкон дорад, ки маҳсулоташро барои зиёда аз 150 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз қабили яхдон, кондитсионер, телевизор, камераҳои назоратӣ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва мошинсозию мебелбарорӣ тавлид намояд, ки замина барои рушди дигар соҳаҳои саноат мегардад.
Бунёди корхонаи мазкур, ҳамчунин, имкон медиҳад, ки истеҳсоли платаҳои чопӣ (PCBA) ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар дохил ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

“Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” -у «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва наздикшавӣ ба ҳадафи чоруми стратегӣ
Ҳамчунин, 16 июл Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон"-ро ба истифода доданд. Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, дар як сол метавонад то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир дар ҳамин ҷо истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонда мешавад. 
Дар корхона 65 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. 
Инчунин, ҳамон рӯз лоиҳаи марҳалаи дуюми ҶДММ "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" муаррифӣ шуд. Хати нави технологӣ дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна маъданро дошта, аз он хокаи тилло истеҳсол мешавад. Арзиши сохтмони марҳалаи дуюми ҶДММ "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" 650 миллион сомониро ташкил дода, дар он таъсиси 600 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.

«Баҳор – Форел» ва ҷалби бештари сайёҳон 
 Тавре маълум аст, дар баробари бунёду навсозии корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, дар шаҳри Душанбе ба сохтмони иншооти фароғативу маишӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, ки аз лиҳози фарҳанги шаҳрдорӣ басо муҳим мебошад. 
Бо ҳузури Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифтани бинои тарабхонаи "Баҳор – Форел" дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, ки 16 июл иттифоқ афтод, далели ин амр аст.
Иншооти муосири хизматрасониву сайёҳӣ мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Баҳор" Саймуҳриддин Сайфов бунёд шуд.
Масоҳати иншоот наздики 1 гектар буда, бо ифтитоҳи он зиёда аз 100 ҷойи кор муҳайё гашт ва дар як вақт дар ин ҷо ба зиёда аз 500 нафар хизмат расонда мешавад.
Ифтитоҳи 3 МТМУ, 2 коллеҷ ва мактаби мусиқӣ дар як рӯз
Дар доираи тадбирҳо оид ба рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва муҳайё намудани шароити хуби таълимӣ, соли 2024 дар пойтахти кишвар як қатор иншооти соҳавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, 27 августи соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7 ҳазору 400 хонанда дар ду баст, ду коллеҷ ва як мактаби мусиқӣ дари худро ба рӯи муҳассилин боз карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, нахуст, дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил дар он шинос шуданд.
Ин муассисаи муосири таълимӣ сеошёна буда, дорои 72 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлис бо 500 ҷойи нишаст мебошад ва барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 
* * *

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025 дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро, ки ҳар ду дар як бинои муҳташам ҷойгиранд, мавриди истифода қарор доданд.
Ин ду муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг дар заминаи иншооти ёрирасони муассисаи давлатии Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо усули баланди меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. 

* * *
27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-ро ба истифода доданд. 
Муассисаи таълимӣ аз панҷ бинои сеошёна ва 58 синфхонаи кушоду барҳаво иборат буда, ҳар як синфхонаи таълимӣ бо аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз мебошад. Иншооти мазкур, ҳамзамон, дорои маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, китобхона бо 120 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона бо зиёда аз 280 курсӣ, синфхонаи инкишофи кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ ва синфхонаи омодагии ҳарбӣ аст. 

* * *
27 август сокинони пойтахт шоҳиди боз як навгонӣ – мавриди истифода қарор гирифтани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт аз ҷониби Президенти кишвар ва раиси шаҳри Душанбе гардиданд. 
Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ, бо технология ва воситаҳои муосир муҷаҳҳаз шудаанд.

* * *
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии "Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим" дар кӯчаи Шамсии пойтахт низ ба ҳамин рӯз рост омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд.
Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим аз чор ошёна иборат буда, дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ мебошад. Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, чор толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. 
Дар иншооти мазкур беш аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешавад. Дар маҷмуъ, ҳайати омӯзгорон имкон доранд, ки дар нуҳ шуъба навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ, ҳамчунин, овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунару истеъдодро ба шогирдон омӯзонанд.

Армуғони Рӯзи дониш ё мактаб барои 3500 хонанда
1 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар маросими Рӯзи дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.
Муассисаи нави таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассиса, ҳамчунин дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 380 ҷойи нишаст, китобхона, толори зебои варзиш ва ошхона бо 348 курсӣ мебошад.
Дар ин ҷо Сарвари давлат бо раванди фаъолияти барномаи электронии "eDonish", ки панҷ сол инҷониб дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад, шинос шуданд. Барнома бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2020 тарҳрезӣ ва мавриди татбиқ қарор гирифта, ҳоло 150 муассисаи таълимии ҳудуди пойтахт аз ин таҷрибаи пешқадам истифода мебарад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун анъанаи нек, дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд. Сарвари давлат ҳамаи кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва иштирокдорони мулоқотро бо фарорасии соли нави таҳсил самимона шодбош гуфта, ба онҳо дастуру тавсияҳои судбахш доданд.
Афзоиши иқтидори таълимии 
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ 
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ ба таври муосир сохта шуда, барои таҳсили зиёда аз 1100 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, 14 синфхонаи барҳавои таълимӣ, кабинети лингафонӣ бо 32 ҷойи нишаст, маркази қабули имтиҳонҳо барои 120 нафар, толори фарҳангӣ бо 700 ҷой, осорхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон аст. 

Марказе, ки ба таҳқиқоти бунёдии илмиву 
амниятӣ роҳ кушод
Нимаи аввали ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ бо дастгирии Пешвои миллат ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Он дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарии биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд.
Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузарондани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ таъсис ёфтаанд. Ифтитоҳи озмоишгоҳҳо бо мақсади амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқоти бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад.
Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо панҷ лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ: тарҳҳои бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии мошинҳои нави барқӣ иборат аз се ошёна, бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъдании дорои ду ошёна, бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бо се ошёна, Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуданд. 

Танзими ҳаракати нақлиёт тавассути 
низоми рақамии назорат
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои Вазорати нақлиёт Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ ва КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” шинос шуданд. Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар доираи амалисозии рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис ёфт ва он имкон фароҳам овард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо ба танзим дароварда шавад.
Низоми электронии Марказ ба равзанаи Кумитаи андоз ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ пайваст буда, барои сода гардондани раванди хизматрасонии нақлиётӣ мусоид мебошад. Илова бар ин, тамоми нақлиёти боркаш ва макони мавҷудияти бор ба таври электронӣ дар махзан ҷойгир шуда, тибқи фармоиши мизоҷон ва соҳибкорон бо хизматрасонӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар идома Президенти кишвар бо фаъолияти Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ низ, ки ҳадафи асосии ташкили он омода намудани мутахассисону коршиносони соҳавии сатҳи байналмилалӣ барои иштирок дар гуфтушунидҳо барои муаррифӣ, пешбурд ва ҳифзи манфиатҳои нақлиётии кишвар, инчунин, таҳкими мавқеи кишвар дар минтақа мебошад, шинос шуданд.
Худи ҳамон рӯз, дар бинои Вазорати нақлиёт, ҳамчунин, озмоишгоҳи КВД Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ баъди навсозӣ дубора ба фаъолият оғоз намуд.

«Душанбе-Саноат» саноатикунониро вусъат медиҳад
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи истеҳсоли сэндвичпанелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин корхона аз ҷониби ҶСК "Душанбе-Саноат" дар масоҳати 7 ҳазору 172 метри мураббаъ бунёд ёфт. 
Сэндвичпанел масолеҳи сохтмонӣ буда, аз се номгӯйи ашёи хом - тунука, полиуретан ва тасма бо фишордиҳии гарм ё хунук омода мешавад. Панелҳо барои сақф ва девор омода шуда, гармию сардиро намегузаронанд ва асосан, барои сохтмони коргоҳҳои истеҳсолӣ, сардхонаҳо, иншооти таъиноти гуногун, пӯшидани боми биноҳои баландошёна истифода мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 960 метри мураббаъро ташкил медиҳад. 

“АРК саноат” ба бозори истеҳсолӣ ворид шуд
Нимаи дуюми ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ "АРК саноат" оғоз бахшиданд, ки ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва оби ҷав машғул буда, дар он 28 номгӯйи маҳсулот бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад. 

Имкони омодасозии кадрҳои низомӣ васеъ гардид
29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд. 
Ин муассиса барои омода намудани кадрҳои афсарӣ бо маълумоти олии ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Он аз 7 бино иборат буда, бинои асосияш дорои синфхонаҳои таълимиву ташхисӣ, китобхона ва чор маҷлисгоҳ мебошад ва барои омӯзиши 640 нафар пешбинӣ шудааст. Баҳри таъмини афсарон бо манзил ду бинои хобгоҳ бо 344 кат низ бунёд ёфтааст.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи иншооти мазкур бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ вохӯрда, ба онҳо барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити дар ин муассисаи нави низомӣ муҳайёгардида ва бартарафсозии камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон супоришҳои мушаххас доданд.

Кумитаи андоз соҳиби бинои нав мешавад 
Моҳи декабри соли 2024 низ дар пойтахти кишвар корҳои созандагӣ идома ёфта, ҳамзамон, чанд иншооти муҳим мавриди истифода қарор гирифт. 
Дар ин радиф, 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузоштанд. Тибқи лоиҳа, бинои нави Кумита аз 4 бинои 3 ва 16-ошёнаву таҳхона, 12 маҷлисгоҳи барҳаво, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона бо 160 курсӣ пешбинӣ мегардад. 

Суди Олӣ ба бинои нав омад
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Суди Олиро ба истифода доданд.
Бинои нав 15-ошёна буда, аз 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавию электронӣ, ошхона ва иншооти ёрирасон иборат аст ва ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти судии кишвар номиданд.

Филармонияи давлатӣ навсозӣ шуд
Баъд аз навсозӣ ба истифода додани бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев яке аз воқеаҳои фараҳбахши дигаре буд, ки 5 декабр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Бино аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмиру таҷдид шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талаботи соҳа фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, даҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон аз таъмири босифат баромаданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан толори консертӣ ва роҳраву ҳуҷраҳои кории Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъмирталаб шуда, барои гузарондани чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ҷавобгӯ набуд.

Ифтитоҳи боз ду иншооти нави мақомоти прокуратура 
Нимаи дуюми ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави прокуратураи ноҳияи Сино дорои 38 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, китобхона, толори машқу тамрин, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. 
Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 толор, 17 ҳуҷраи корӣ, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори мукаммал дорад, ки ба такмили донишҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти маҳорати касбии кормандон мусоидат менамояд.

Симои нави хиёбони Исмоили Сомонӣ 
Дар идомаи корҳои ободонии пойтахт, шоми 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар таҷдиду навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.
Корҳои навсозӣ дар ин гӯшаи шаҳр соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расид. Ин дар ҳолест, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд.
Дарвоқеъ хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва пули болои дарёи Душанбе дар ин хиёбон пас аз навсозию ободонии муосир хеле зебою дилкаш шуда, ба симои пойтахти маҳбубамон ҳусни тоза зам намудааст.

СУҒД ВА ФАСЛИ НАВИ СОЗАНДАГИҲО
Соли 2024 сокинони вилояти Суғд ба як қатор музаффариятҳои нав мушарраф шуданд, ки аз файзи сиёсати оқилона ва баракати боздидҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят аст. 
Тамоми мардуми ҷумҳурӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва матбуоти марказӣ шоҳиди ин ҳақиқат буданд, ки ҳар сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ чӣ армуғоне бо худ дошт. Дар ҳар қадами Сарвари давлат гӯшае гулзор шуд, коргоҳе ба фаъолият оғоз кард, муассисаи таълимие ифтитоҳ ёфт, садҳо нафар кори доимӣ пайдо карданд, дасти навозиш болои сари ятимону бепарасторон рост шуд, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба Роҳбари мардумсолор дар дилҳо ҷӯш зад. 
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар вилоят 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳамчунин, давоми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 58 иншооти варзишӣ, аз ин 41 майдончаи варзишӣ, 14 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорону саховатмандон мавриди истифода қарор дода шуд.  
Пешвои миллат соли гузашта дар доираи се сафари корӣ ба вилояти Суғд бо вазъи иқтисодию иҷтимоии сокинони вилоят, ҷараёни бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.
 
«Титан 8888» ва соҳиби кор шудани 100 нафар 
Нахустин сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд соли гузашта 9-11 апрел ҷараён гирифта, бо ифтитоҳи як силсила иншооту корхонаҳои истеҳсолӣ оғоз ёфт. Аз ҷумла, Пешвои миллат 9 апрел ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Титан 8888"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Дар корхонаи нави саноатӣ, асосан, радиатор – таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳо истеҳсол мешаванд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. 
Дар корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия харида шудаанд, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад. Ҳоло дар корхона истеҳсоли 2 намуди таҷҳизоти гармидиҳӣ, 3 намуд чароғакҳо ва зиёда аз 20 намуд дег барои рӯзгор бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон 
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз дар арафаи Иди саиди Фитр ба 80 ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд. 
Сарвари давлат бо наврасони ятим, ки аз шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ ороста, онҳоро ба хониши хубу аъло даъват карданд.

Навсозии коргоҳе, ки маҳсулоташ ба бозори ҷаҳонӣ роҳ дорад
9 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли ванадийи коргоҳи фаръии Истеҳсоли гидрометаллургӣ бо хатти истеҳсолӣ пас аз навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.
Коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як сол то 200 тонна маҳсулот ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Маҳсулот таъиноти содиротӣ дошта, ба Федератсияи Русия, кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мешавад. Ҳоло дар он 60 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, қарор аст дар марҳалаҳои баъдӣ, шумораи кормандон ба 150 нафар расонда шавад. 
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурнамои рушди Корхонаи воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон" ва лоиҳаҳои бунёди Корхонаи раванди холисгардонии тилло ва нуқра, Корхонаи безараргардонии замин ва коркарди дубораи партовҳои саноатӣ ва Маркази муосири логистикӣ шинос шуданд. 

 «Мусаффо» 120 кӯдакро ба оғӯш гирифт
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии "Мусаффо"-ро мавриди истифода қарор доданд, ки аз ду ошёна иборат буда, барои 120 кӯдак пешбинӣ шудааст. Муассиса ҳамчунин дорои ошхона, толорҳои варзишу мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
“Муосир-пласт” вобастагӣ ба маҳсулоти воридотиро коҳиш медиҳад
9 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти ҶДММ "Муосир-пласт" оғоз бахшиданд, ки дар он бо истифода аз се хатти технологӣ ва 50 намуди қолаб зарфҳои яккаратаи пластикӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ омода гардида, наздики 50 нафар баъд аз омӯзиш соҳиби кори доимӣ шуданд. 
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти корхонаи навтаъсиси "Муосир-пласт" ва дигар корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардид.

Ифтитоҳи коргоҳи ғизои парҳезӣ
Худи ҳамон рӯз Пешвои миллат дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистон коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсолӣ шинос шуданд.
Коргоҳи истеҳсолӣ дар як баст метавонад коркарди як тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳиро ба роҳ монад. Дар корхонаи мазкур 50 сокини маҳаллӣ, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, дар ду баст бо ҷойи кор таъмин гардид. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаро дар самти қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва сохторҳои низомӣ бо ин намуди маҳсулоти парҳезӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулон дастур доданд, ки барои таъсиси сардхонаҳои замонавӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

“Шамси ориён” – тавсеабахши ҳунарҳои мардумӣ 
10 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан аз коргоҳи ҶДММ "Шамси ориён" боздид карданд.
Ҷамъияти мазкур, ки дар деҳоти Зарҳалол ҷойгир аст, моҳи марти соли 2023 ба фаъолият оғоз намуда, барои аҳолӣ, мақомоти давлатию идорӣ ва дигар муассисаҳои хоҷагидорӣ маҳсули кори ҳунармандон, аз қабили дуредгарӣ, кандакорӣ, сохтани дару тиреза, кат ва ҳама гуна коркарди чӯбу тахтаро пешниҳод месозад. Дар коргоҳ дастгоҳҳои автоматии фрезерӣ, нуқтаҳои рангубор, буриши чӯбу тахта ва кандакорӣ мавҷуд буда, 200 нафар дар он кор мекунад.

Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дидор бо ятимон
10 апрел дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии маркази саломатии №1-и шаҳр мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои 36 ҳуҷра ва иншооти ёрирасон мебошад.
Президенти кишвар дар шаҳри Истаравшан низ бо ятимон вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд. Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.

«Нур-пак» мусоид ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ
Ба кор даровардани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нур-пак" аз дигар навгониҳое буд, ки дар доираи ҳамин сафари Пешвои миллат иттифоқ афтод.
Дар корхона ду хатти муосири технологӣ, ки аз кишварҳои пешрафта ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, 10 намуд халтаи полипропилении гуногунҳаҷм бо ғунҷоиши аз 5 то 70 килограмм истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар дохили кишвар ба роҳ мондани он нисбат ба воридот аз хориҷа 20 маротиба бартарӣ дорад. Иқтидори истеҳсолӣ дар як сол аз 4 то 6 миллион дона халта мебошад. 

“Гули Сурх” ва бинои нави он
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан дар маҳаллаи Равғангарон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти "Гули Сурх"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави маъмурӣ дорои 15 ҳуҷраи барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи ақди никоҳ, ошхона, китобхона ва иншооти ёрирасон аст. 
Гули Сурх аз калонтарин деҳоти шаҳри Истаравшан буда, дорои 17 деҳа ва зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад.
Худи ҳамон рӯз Пешвои миллат дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан бинои гурӯҳи Гули Сурхи шуъбаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои хизматӣ дар асоси талаботи муосир бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.
Инчунин, Президенти кишвар дар деҳаи Равғангарон бинои муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8-ро ба истифода доданд. Ин муассиса барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба кӯдакон 22 нафар мураббияи ботаҷриба бо ташкили машғулиятҳои ҷолибу шавқовар тарбия медиҳанд. Дар боғчаи бачагон машғулиятҳо бо забонҳои давлатӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони муассисаи томактабӣ туҳфаҳо тақдим намуда, таъсиси кӯдакистонро дар тарбияи насли солиму худшинос ва ватандӯст муассир арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ 
ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд.
Ин макони истироҳату фароғат дар масоҳати 2,4 гектар бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шуда, ба маркази шаҳри Истаравшан зебоии дигар бахшид. 
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан низ боздид намуданд.
Намоишгоҳи ҳунармандон дар ду растаи алоҳида ва 20 хайма ташкил ёфта, дар он тарзи омода сохтани нону таомҳои миллӣ, шириниҳо ва, ҳамзамон, маҳсули ҳунарҳои қадимӣ, ашёи рӯзгор, гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар номгӯи ҳунарҳо нишон дода шуд. 
Ба истифода додани қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан туҳфаи арзишманди Сарвари давлат дар доираи ин сафар буд. Бо ифтитоҳи қасри фарҳанг, ки дар масоҳати 5 садяк замин бунёд шудааст, 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд. Бинои иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он барои ансамблҳои рақсӣ, шашмақомсароён ва гурӯҳҳои эстрадиву фолклорӣ имкониятҳои беҳтарин фароҳам мебошанд.
Қасри фарҳанг бо услуби хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, дохили он моҳирона зинат дода шудааст.

Ниҳолшинонӣ дар боғи интенсивӣ
11 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимию таҷрибавии "Палос"-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок карданд.
Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии "Палос"-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 1959 дар деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта, масоҳати он 25,96 гектар мебошад. Ҳоло дар минтақа зиёда аз 10000 бех ниҳолу буттаҳои мевадиҳандаву ороишӣ нашъунамо меёбад. 

Равғани «Сирдарё» ва табобати муосири «Микролаб» 
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сирдарё" бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, имкон дорад дар як сол то 18 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол намояд. Дар маҷмуъ, дар ин корхона 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуд.
Ҳамон рӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат маркази тиббии "Микролаб" мавриди истифода қарор гирифт, ки он дорои таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ-андрологӣ ва гинекологӣ гузаронда мешавад. Маркази тиббӣ панҷошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони занона, уролог-андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмуриву маҷлисгоҳ иборат мебошад. 

Марказе, ки дар як сол 
беш аз 2400 нафарро соҳибкасб мекунад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 11 апрел дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардида, шароити он имкон медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта шавад. 
Дар шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин, бо иштироки Пешвои миллат Муассисаи таҳсилоти томактабии "Наврӯзи Истиқлол" барои 840 кӯдак дари худро боз кард. Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар саҳни муассиса 16 суҳбаткада, фаввора ва ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошанд, ки барои солимии кӯдакон ва гузарондани машғулиятҳо мусоиданд.

"Қалъаи Хуҷанд" ва симои нави шаҳри бостонӣ
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тадбирҳои марбут ба барқарорсозии "Қалъаи Хуҷанд" дар ҷойи таърихии ин мероси гаронбаҳои бостонии мардуми тоҷик бо ибтикору ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми шаш сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Дар асоси лоиҳа, деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаю, чойхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадима, меҳмонхонаву осорхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои мардумии тоҷикӣ, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва иншооти ёрирасон сохта шудааст. Аз ҷумла, дар қисми ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғон ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Майдони қалъа ва роҳравҳои дохили он бо истифода аз сангҳои хоро дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ оро дода шуда, масоҳати сабзкорӣ 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. 
Зимнан, Сарвари давлат дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд. 
Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи эҳёву ҳифз, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир шуданд. 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки навсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар мебошад.

Хизматчиёни ҳарбӣ дар Бӯстон соҳиби бинои нави истиқоматӣ шуданд 
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқололи давлатии кишвар тадбирҳои ободонӣ амалӣ гардида, иншооти зиёди таъиноти гуногун бунёд ёфтанд ва ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тантанаҳои идонаи сокинон шукӯҳи бештар бахшид.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз ёфт.
Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаро, ки дар гарнизони Суғд воқеанд, ба истифода доданд. Бинои нав, ки аз панҷ ошёна иборат аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд гардида, дорои 45 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Чунин ғамхорӣ дар ҳолест, ки таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.

Бунёди маркази саломатии Гулистон
7 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бунёди бинои нави маркази саломатӣ аз моҳи апрели соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд. 

Оғози фаъолияти се корхонаи саноатӣ дар як рӯз
7 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар доираи Солҳои рушди саноат ду коргоҳи саноатӣ: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Абдуллоев Саидбой" ва Корхонаи металлургии тоҷикро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ҶДММ "Абдуллоев Саидбой" истеҳсоли ноқили барқӣ ва лӯла ба роҳ монда шуда, иқтидори тавлидотии коргоҳи истеҳсоли ноқили барқӣ 300 ҳазор метри тулонӣ дар моҳ мебошад. Дар ин коргоҳ то 30 намуд ноқили барқӣ бо тавоноии аз 450 волт то 1 киловолт истеҳсол мешавад, ки барои барқрасонии дохилии биноҳои истиқомативу маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Фаъолияти коргоҳи дигари ин корхона ба истеҳсоли рӯда (шланг)-и резинӣ нигаронда шуда, дастгоҳҳояш истеҳсоли ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ мебошанд. Дар ин ҷо 7 намуд рӯда (шланг)-и резинии қутраш аз 10 то 40 миллиметр ва 5 намуд гофра бо қутри аз 16 то 40 миллиметр истеҳсол мешаванд.
Корхонаи металлургии тоҷик бошад, дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бунёд шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура равона гардидааст. 
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани Корхонаи металлургии тоҷики шаҳри Гулистон наздики 130 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон ҷавонони соҳибтахассус мебошанд, бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ифтитоҳи ҶДММ "Доруи Суғд" бо иштироки Сарвари давлат аз дигар рӯйдодҳои муҳиме буд, ки ҳамон рӯз дар шаҳри Гулистон ба вуқуъ пайваст.
Ин дуюмин корхонаи дорусозӣ дар шаҳри Гулистон маҳсуб ёфта, дорувории он бо истифода аз меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва қисман аз ҳисоби воридоти ашёи хом истеҳсол мешавад. Дар корхона 60 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, имкон дорад дар як сол истеҳсоли 30 миллион бастаҳои дору ва ғилофак, як миллион зарфи суспензия, 500 ҳазор зарфи маҳлулҳо барои истифодаи беруна ва 1,5 миллион қуттии малҳамро ба роҳ монад.
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Гулистон Президенти кишвар бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати НБО "Қайроққум"-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки шуруъ аз соли 2019 бо иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот оғоз гардида, дар муддати беш аз панҷ сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6-и Неругоҳ навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 мВт-и пешина ба 29 мВт баланд бардошта шуд.

“Рахшона” Аштро дурахшон мекунад
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ашт таърихиву фаромӯшнопазир буд. Зеро бо қудуми мубораки Сарвари давлат дар ноҳия як қатор коргоҳу иншооти муҳим мавриди истифода қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ фароҳам омад. 
Пешвои миллат 8 сентябр, нахуст, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти ҶДММ "Рахшона", ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
Масоҳати умумии ҳавзҳои суперинтенсивии хоҷагии моҳипарварии "Рахшона" 10 гектар буда, дар ин масоҳат бештар аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад. 
Он рӯз дар ҳамин деҳоти ноҳияи Ашт бо иштироки Сарвари давлат корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ "Рахшона" баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Дар корхонаи парандапарварӣ 40 ҳазор паранда нигоҳубин шуда, барои гӯшт марҳала ба марҳала ба бозор пешниҳод мешавад.
Дар фермаи чорвопарварӣ бошад чорвои калони ширӣ нигоҳубин ёфта, ҳамарӯза наздики 200 литр шир ба корхонаҳои коркарди ҷамъият супурда мешавад.
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Абдуҷаббори ноҳия шинос шуда, худи ҳамон рӯз дар корхонаи ресандагии ҶДММ "Саноати Ашт" бо 100 ятим аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти самимӣ анҷом доданд ва ба онҳо туҳфаҳои идона иборат аз сарулибос, лавозимоти хониш ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.

“Саноати Ашт” ва 400 ҷойи нави корӣ
8 сентябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ "Саноати Ашт" расман оғоз бахшиданд.
Корхонаи ресандагӣ нахустин корхонаи ширкати "Саноати Ашт" мебошад, ки бо мақсади коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ ва бунёди ҷойҳои кор таъсис дода шуд.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди зиёда аз 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад. Бо оғози коргоҳ беш аз 400 сокини деҳоти ноҳияи Ашт бо кори доимии баландмузд таъмин гардид, ки аксари коргарону мутахассисонро занону духтарон ташкил медиҳанд.
8 сентябр дар деҳаи Гулшан бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии ширкати "Саноати Ашт" корхонаҳои дӯзандагию ҷуроббофӣ ва пойафзолдӯзӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар корхона барои 35 бонуи маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам шуда, дар он либосҳои занона, мактабӣ, махсуси корӣ ва варзишӣ дӯхта мешавад.
Ноҳияи Ашт минтақаи рушдёбандаи аграрию саноатӣ буда, дар асоси барномаҳои давлатӣ ва иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорон дар ноҳия лоиҳаҳои нав тарҳрезӣ ва татбиқу амалӣ мешаванд. Ба Пешвои миллат 5 лоиҳаи рушди ноҳияи Ашт пешниҳоду муаррифӣ гардид. Аз ҷумла дар назар аст, ки ҶДММ "Саноати Ашт" чор корхонаю коргоҳи нав бунёд намояд.
Баъд аз ифтитоҳи коргоҳу иншооти зикршуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд.
Президенти кишвар зимни суханронӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Аштро таҳлилу баррасӣ намуда, барои иҷрои корҳои созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

«Ситораи тоҷ», «Лидер», “САМО”, “Амид” ва “Ориён Ҷей Текстайл” - афзояндагони иқтидори тавлидотӣ ва хизматрасонӣ дар Хуҷанд
9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ - "Ситораи тоҷ" ва "Лидер"-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо фаъолияти корхонаи тозабунёди "Ситораи тоҷ" шинос шуданд. Он бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дар як сол имкон дорад, то 120 ҳазор маҷмуъ сарулибоси махсус ва ягонаи корӣ ва зиёда аз 1 миллион сарулибоси трикотажиро дар асоси дархост омода созад.
Сарвари давлат, ҳамзамон, бо раванди фаъолияти корхонаи дигари тозабунёд – ҶДММ "Лидер" шинос шуданд. Коргарону мутахассисони корхонаи дӯзандагии "Лидер" ашёи хомро аз корхонаҳои ватанию хориҷӣ дастрас карда, имкон доранд дар як рӯз то 800 шими ҷинс омода намоянд.
Ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи инноватсионии "САМО" оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, дар он зиёда аз 60 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид, ки музди меҳнаташон аз 2 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 10 ҳазор дона таҷҳизоти гуногуни барқӣ аст.
Дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии "Амид"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи маркази нави савдо  ба таъсиси 40 ҷойи кори нав замина фароҳам овард, ки аз ин шумора 30 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати "Сайҳун" оғоз бахшида, бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея – ҶДММ "Ориён Ҷей Текстайл", шинос шуданд ва барои бунёди марҳалаи дуюми корхона санги асос гузоштанд.
Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла шиму костюм, шимҳои ҷинс, либосҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои либосворӣ бо тарҳу услуби муосир ба роҳ монда шудааст.

* * *
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи тиббии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дода, дар маркази савдо ва хизматрасонии "Истиқлол Авеню" бо ятимони шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ доир намуданд ва ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд. 
Шоми ҳамон рӯз Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳамоиши идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Конибодом 2500 гектар замин шодоб шуд
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.
Дар шаҳри Конибодом Сарвари давлат нахуст хатти оби полезии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯйро мавриди истифода қарор доданд.
Дар идомаи сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 иштирок намуданд.
Бинои мактаб дуошёна ва дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба наврасони ятиму бепарастор ҳамеша ғамхории падарона зоҳир мекунанд, дар тарабхонаи замонавии “Хосият” ба 80 навраси ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафаробод маҷмуи сарулибоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, пойафзол ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.
Дар ин шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом – Кӯчкак шинос шуданд.
Қобили зикр аст, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти байналмилалии роҳ, он аз рӯйи дараҷаи техникии якум ва сеюми роҳсозӣ бунёд мешавад. Дар чор қитъаи навшавандаи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд навсозии 11 пул бо дарозии умумии 457,3 метр низ дар назар аст.
Афзоиши иқтидори истеҳсолии «Фароғат» ва «Неруи Канд» 
10 сентябр дар шаҳри Конибодом бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фароғат" ба фаъолият оғоз кард.
Баъд аз ифтитоҳи коргоҳ, 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, тибқи дурнамо, бо роҳандозии кор дар ду баст шумораи коргарон то ба 45 нафар хоҳад расид. Дар он 12 дастгоҳи пойафзолдӯзӣ ва гулпартоӣ, инчунин, дигар таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол пешбинӣ мегардад.
Баъди мавриди истифода қарор додани ин корхонаи истеҳсолӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди истироҳатгоҳи маърифатии физикӣ-математикии назди муассисаи таълимии махсуси ба номи Очилбой Ҷӯраев, ки дар партави эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) эъмор мешавад, шинос шуда, ба масъулон барои дар сатҳи баланд бунёд намудани истироҳатгоҳи мазкур дастуру тавсияҳо доданд.
Сарвари давлат ҳамон рӯз дар шаҳри Конибодом боз ду иншооти дигар - биноҳои муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и "Нури Робия" ва муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и "Ситора"-ро (пас аз навсозӣ) мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои созандагӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти корхонаи бандубасти меваи хушки "Неруи Канд" оғоз бахшиданд.
Корхонаи мазкур бар пояи шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) аз ҷониби соҳибкор Наврӯз Юсуфов дар масоҳати 0,4 гектар бунёд шуда, бо оғози фаъолияти он 25 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.

Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор
Боздиди навбатии кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд ба 17 ноябр рост омада, аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт.
Сарвари давлат нахуст, бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуда, ба гурӯҳи соҳибкорон, ки онро бунёд намудаанд, арзи қадрдонӣ намуданд.
Бинои таълимии муосир дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳаз буда, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам омадааст.
Мактаб дорои китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст ба шабакаи интернет буда, дар он 20 омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус тарбиятгирандагонро ба таълиму парастиш фаро гирифтаанд. Муассиса ҳамчунин дорои хобгоҳи зебои муҷаҳҳаз ва иншооти варзишӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ сохта шудааст, фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. 
Дар ин 4 мактаб беш аз 2000 хонанда дар ду баст бо таҳсил фаро гирифта мешаванд.
 Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 120 нафар кӯдаку навраси ятим ва ҷавонони ниёзманд мулоқот намуда, ба онҳо маҷмуи сарулибос, ширинӣ ва кумаки пулӣ тақдим карданд

Ба истифода додани корхонаи "Кӯли Сарез"
Пешвои миллат дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи "Кӯли Сарез"-ро мавриди истифода қарор доданд. 
Корхона баҳри ноил гаштан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов бо харҷи наздики як миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 17 сокини маҳаллӣ (9 зан) бо кор таъмин шуданд. Корхона дар як сол метавонад 310 тонна антифриз, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад, тавлид намояд. 
Инчунин, дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳанубетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ "Истаравшан Энерго" оғоз бахшиданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 0,5 гектар бунёд шуда, дастгоҳҳои истеҳсолӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст.
Иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳанубетонии барқӣ дар як сол 2200 дона ва коргоҳи таъмири трансформаторҳо 150 ададро ташкил медиҳад. 
17 ноябр Роҳбари давлат дар шаҳри Истаравшан корхонаи Сино медикалро ба истифода доданд, ки дар он 50 нафар бо кор таъмин шудаанд. 
Дар корхона истеҳсоли молҳои тиббӣ, аз ҷумла сӯзандору ва система барои доруи қатрагӣ роҳандозӣ шуда, маҳсулот бо шаклу ҳаҷми гуногун бароварда мешавад. Хатҳои технологии корхона тавлиди бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ буда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол 60 миллион сӯзандору ва як миллион система барои доруи қатрагиро ташкил медиҳад. Барои бандубасти маҳсулоти ниҳоӣ коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ низ фаъолият менамояд.
Тибқи нақша, дар ояндаи наздик хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд, ки баробари зиёд гардидани номгӯйи маҳсулот, ба таъсиси боз 40 ҷойи кор замина мегузорад.

"Адл" - саҳмгузори саноатикунонии босуръат
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ "Адл"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи тадбирҳо оид ба саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкори ватандӯст дар масоҳати 3066 метри мураббаъ бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Корхона дар як сол то 20 ҳазор адад ҷиҳозу бозичаҳои гуногуни кӯдакона, аз ҷумла ҳафт намуд мебел, ба монанди мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, гаҳвора, кати хоб ва ҷевонҳо барои хурдсолон истеҳсол мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаҳои маҳсулоти корхона шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ карданд.  Сипас, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳалаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адл" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Иқтидори солонаи коргоҳ беш аз 10 ҳазор дучарха аз намудҳои гуногун мебошад.

Маркази ташхису табобатӣ дар шаҳри Бӯстон 
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон маркази ташхису табобатии "Луқмони Ҳаким"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои маркази ташхису табобатии "Луқмони Ҳаким" аз чор ошёна ва зерошёна иборат буда, аз ҷониби ҶДММ "Шифои Замон" бунёд шудааст. Иншоот бо риояи талабот ва меъёрҳои тахассусӣ ба маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он шуъбаҳои асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мавҷуд аст. Дар марказ 50 нафар табибони баландихтисос, ҳамшираҳо ва кормандони дигар ба кор ҷалб шуда, дар он дар як вақт то ба 90 нафар хизмати тиббӣ расонда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити марказ шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд. 

Таъсиси корхонаи истеҳсоли пойафзол 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии "Зари Суғд" як корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд.
Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, имкон аст, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол шавад. Дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гашта, тавлиди 50 намуди пойафзол ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю кӯдаконаро ташкил медиҳад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии "Зари Суғд" ҳам шинос шуданд. Зикр гардид, ки заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самтҳои асосии фаъолияти корхонаи мазкур мебошад. 
Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаҳои иншооти нави бунёдшаванда муаррифӣ шуд, ки тибқи онҳо навсозии минтақаи холискории металлҳои қиматбаҳо, коркарду безараргардонии партовҳои радиоактивӣ, бунёди маркази муосири логистикӣ бо 100 ҷойи кор, таъсиси корхонаи муштараки коркарди коғазпора, коргоҳи тавлиди зарф ва лӯлаҳои полиэтиленӣ ва бунёди ду бинои баландошёнаи истиқоматию хизматӣ дар назар аст.

Корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ бунёд шуд
18 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшиданд. 
Корхонаи нави истеҳсолӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст. 

Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии "Назар" 
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии "Назар"-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шудааст. 
Роҳбари давлат бо ишора ба саҳми бонувон дар рушди соҳибкорӣ, таъкид намуданд, ки чунин иқдомҳои онҳо шоёни дастгирӣ аст. 
Таъкид шуд, ки ҶДММ "Назар" бо тамғаи молии "Далерон" яке аз калонтарин корхонаҳои вилояти Суғд аст, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми намоён дорад. Дар корхона истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ ба роҳ монда шуда, иқтидори он дар як соат 5 тонна мебошад. Ширкати мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти босамар дошта, дар он зиёда аз 150 нафар кор мекунанд.

Корхонаи истеҳсоли пойафзоли "Фароғатбону" ба фаъолият оғоз кард 
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли "Фароғатбону" оғоз бахшиданд.
Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Парвиз Ҷӯраев сохта шуда, он 20 намуди пойафзоли мардона истеҳсол менамояд. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар харидорони зиёд доранд.
Дар марҳалаи аввали кор дар ин ҷо 20 нафар ба кор ҷалб шуда, маоши миёнаи онҳо аз 1500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад. 
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ва масъулони давлатӣ барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пойафзол ва ба ин васила, то ба 500 адад расондани ҷойҳои корӣ дастуру тавсияҳо доданд. 

Таъмиру навсозии варзишгоҳ 
18 ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи давлатии Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи калон бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш, ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани нахустин муассисаи давлатии Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол дар деҳоти Исфисор ҳашт мураббӣ ба кор ҷалб шуд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат саҳм хоҳанд гузошт.

Ифтитоҳи маркази саломатии "Луқмони Ҳаким" 
Дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябр маркази нейро-кардиоэндоҷарроҳии "Луқмони Ҳаким"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар марказ ҷарроҳиҳои майнаи сар, мағзи сутунмуҳра, дил ва гурда бо роҳи эндоҷарроҳӣ ва ҷарроҳии кушодаи амрози занона, эндо-протезкунонии бемориҳои ортопедӣ, табобати амрози асаб ва барқароркунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса табибони баландихтисос, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмуъ, 50 нафар кор мекунад. 

Корхонаи "Сайри Суғд" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди воқеъ дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи "Сайри Суғд"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи "Сайри Суғд" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров ба маблағи 23 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20 000 бозичаи кӯдаконаро ташкил медиҳад. Ҳоло дар корхона 14 намуд мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешавад, ки иқтидори гуногуни борбардорӣ доранд.
Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият дорад ва тибқи нақша, дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар мерасад. 

Иштироки Пешвои миллат дар Фестивали асал, анор ва картошка 
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, анор ва картошка иштирок намуданд. Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил буд. 
Роҳбари давлат бо самараи меҳнати кишоварзон шинос шуда, ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ истифодаи пурраи имкониятҳои табииро барои баланд бардоштани самаранокии замин зарур донистанд. Дар намоишгоҳ ҳамчунин, анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ, чапотӣ, кулча, санбӯса, оши палав, буридаю туппа ва дигар намуди маҳсулоти нонию таомҳо пешкаш гардид. 
Ҳамчунин, ҳунармандон намоишҳои фолклорӣ манзур намуданд, ки таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ифтихор аз ватандорӣ ва заҳмати садоқатмандонаи кишоварзон барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ мебошад. Чорабинӣ бо иштироки доираи васеи кишоварзону аҳли ҳунар ба тантанаи фараҳу хушҳолӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, зиндагии осудаҳолона ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфт.

ХАТЛОН ДАР МАСИРИ РУШД
Вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд мекунад. Шаҳру ноҳияҳои вилоят сол ба сол тарҳу намои тоза гирифта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ҳам рӯ ба афзоиш овардааст.  
Танҳо соли 2024 дар вилояти Хатлон 155 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, ки 58 адади он бо маблағи умумии 90 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1663 иншоот сохта шуд, ки 134,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Сафари корӣ ба ноҳияи Данғара
24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳу оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти нав ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шарифов бинои нави МТМУ №85-ро ба истифода доданд. Муассисаи таълимӣ дуошёна буда, барои 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаро барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд.
 
Марказе, ки ба омӯзгорон то 5500 сомонӣ маош медиҳад
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуданд.
Бино ба маблағи 35 миллион сомонӣ дар масоҳати беш аз як гектар сохта шудааст. Шароити муҳайёгардида имкон медиҳад, ки таълим дар як баст барои то 150 нафар сурат гирад ва дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шавад. Иншооти мазкур бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардидааст. Он аз бинои таълимии 4-ошёна ва хобгоҳи 4-ошёна иборат аст. Баъди ба истифода додани Марказ 70 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Дар заминаи Марказ барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занон бунёди 3 маркази нави рушди малакаҳо дар назар аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мешаванд. 
Барои ҳавасманд кардани бонувон ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст. Маоши омӯзгорон дар Марказ то 5500 сомониро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд, ба масъулон барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки чунин марказҳои муҷаҳҳази касбомӯзӣ дар саросари кишвар бояд бунёд шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби шарикони рушд низ пазируфта шуд.
 
Муаррифии лоиҳаи бунёди филиали ДБССТ 
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Данғара барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) санги асос гузоштанд. 
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат нақшаи бунёди филиали ДБССТ: як бинои 9-ошёна, ду бинои 7-ошёна ва ду бинои 4-ошёна муаррифӣ шуд. Ин иншооти нав барои 3500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шуда, баробари ба истифода додани он, дар марҳалаи аввал 400 нафар бо кор таъмин мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншоот ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди бунёди он супоришҳои мушаххас доданд.
 
Маркази саломатии бисёрсоҳа 
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатии бисёрсоҳаро ифтитоҳ намуданд.
Маркази мазкур бо ҷалби сармоя аз Бонки исломии рушд ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуд. 
Ҳоло дар Маркази саломатии бисёрсоҳа 475 корманд фаъолият дошта, аз нисф зиёди онро занон ташкил медиҳанд. Маркази саломатӣ дорои имкониятҳои маҷмуии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 700 эҳтиёҷманд метавонад хизмати тиббӣ расонад. 

 Деҳаи Ғарғара соҳиби мактаб-интернат шуд
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳия бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ карданд.
Иншооти муосир дуошёна буда, барои зиёда аз 600 таълимгиранда пешбинӣ шудааст ва аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониш иборат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи ятимон натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ояндаи ин қишри аҳолӣ арзёбӣ карданд.
Ду коргоҳи наве, ки беш аз 60 нафарро 
бо кори доимӣ таъмин кард
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара коргоҳи истеҳсолии "Мушки Модар"-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар коргоҳи мазкур зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт. Коргоҳи мазкур дар як рӯз имкон дорад, ки беш аз 2 тонна маҳсулоти гуногун, аз ҷумла собун ва намудҳои гуногуни моеи зарфшӯӣ, истеҳсол намояд. Маҳсулоти коргоҳ ивазкунандаи воридот буда, дар шароити деҳот иқдоми наҷибу созанда ба ҳисоб меравад.
24 май дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Усто Файзалӣ"-ро ба истифода доданд.
Фаъолияти коргоҳ дар асоси технологияи нав ба коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли мебел равона шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд. 
Технологияи муосири корхона имкон медиҳад, ки дару тиреза ва дигар намуди маҳсулот мувофиқ ба дархости мизоҷон бо андоза ва нақшу нигори гуногун истеҳсол шавад. 

Майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Ғарғара
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара майдони Парчами давлатиро, ки аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯсту ташаббускор бунёд шуд, ифтитоҳ карданд.
Дар ин ҷо дар фазои тантанавӣ бо садо додани Суруди Миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар замири шаҳрвандони кишвар, махсусан наврасону ҷавонон, дар марказ ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои кишвар Парчами давлатӣ парафшон мешавад. 

Маркази ташхис ва табобат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Ғарғара бинои нави Маркази ташхис ва табобатро мавриди истифода қарор доданд. 
Бино дорои 37 кат мебошад ва барои қабулу табобати беморон имконияти мусоид дорад. Дар Марказ 20 мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин шуд. Бинои асосии Марказ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, 25 ҳуҷраи корӣ дорад. 

Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии "Насими диёр"
Дар ҳамин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Яккатут ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии "Насими диёр" расман оғоз бахшиданд.
Иншоот ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт. Дар ҳудуди маҷмаа майдони бозиҳои кӯдакона, варзишгоҳ барои футбол бо 840 ҷойи нишаст ва тарабхона бо 150 ҷой сохта шуд.

Санги асос ба бунёди корхонаи панелҳои офтобӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншооти сохташаванда шинос шуданд.
Мувофиқи лоиҳа, корхонаи саноатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби ширкати Ашёҳои глобалии офтобии Ҷумҳурии Корея (Global Solar Wafer) дар чор марҳала бунёд гардида, баъди татбиқи лоиҳа беш аз 8 ҳазор нафар бо кор таъмин мешавад, ки 95 фоизашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод. Ҳаҷми сармоягузории он дар чор марҳала 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. 

Шиносоии Сарвари давлат бо сохтмони меҳмонхона 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо рафти корҳои аввалия дар бунёди ин иншоот, ки аз 16 ошёна иборат хоҳад буд, шинос шуданд.
Тавре аён гардид, зербинои меҳмонхона бунёд ёфта, омодагӣ ба идомаи сохтмон ҷараён дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки суръати сохтмон тезонда шуда, ба сифати корҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад. Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин меҳмонхона иқдоми соҳибкорони маҳаллист. 

Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон
25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, роҳбарони вилоятҳои дигар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таъмини фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа баррасӣ гардида, барои амалисозии ҳадафҳои созанда ва ислоҳи баъзе камбудиҳо дар назди мақомоти давлатии ҷумҳуриявию маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар қисми дуюми мулоқот раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Хатлон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд ва ба онҳо аз ҷониби Пешвои миллат доир ба ҷоннок намудани корҳо дар самтҳои гуногуни фаъолият супоришҳои дахлдор дода шуд.
Санги асос ба сохтмони бинои Маркази ҷавонон 
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст, бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Маркази ҷавонон оғози расмӣ бахшиданд.
Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат хоҳад буд ва дар он ба маҳфилҳои Пайравони Пешвои миллат, Эҷодкорони ҷавон ва ризокорон низ ҷой дода мешавад. 
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони бахши ҷавонони сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ суҳбат ороста, онҳоро ба кори фаъол бо наврасону ҷавонон ва саҳм гузоштан дар тарбияи ватандӯстию худшиносии онҳо ҳидоят намуданд.
 
Гузоштани санги асоси сохтмони бинои МД "Театри ҷумҳуриявии мусиқию драмавии Данғара"
Дар идомаи сафари корӣ бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони бинои сеошёнаи Муассисаи давлатии "Театри ҷумҳуриявии мусиқию драмавии Данғара" оғоз ёфт. 
Тибқи лоиҳа, бинои театр аз чор толори калон ва ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд. Толори асосӣ дар ошёнаи якум ҷой гирифта, 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст хоҳад дошт. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бинои нав шинос гардида, ба бинокорону дигар масъулон супоришҳои мушаххас доданд. 

Оғози бунёди бинои МТМУ 
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева барои оғози сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.
Муассиса барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия то соли таҳсили 2026-2027 бунёд мегардад.
Таълимгоҳ аз чор ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд. 
Соҳибкорони ноҳия барои дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат дар самти соҳибкорию бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз пайваста саҳми шоистаи худро мегузоранд.
 
Санги асоси бинои МТМУ дар деҳаи Рахшонзамин
Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез барои оғози сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.
Иқдоми бунёди муассисаи нави соҳаи маориф, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳаи мазкур рӯйи даст гирифта шудааст.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз ду ошёна, панҷ бино, 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд. 

Боздид аз рафти сохтмони марҳалаи дуюми Корхонаи "Муосир" дар Ғиҷовак
Дар деҳаи Ғиҷовак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонии марҳалаи дуюми корхонаи муштараки "Муосир" шинос шуданд.
Дар ин ҷо, нахуст, ба Роҳбари давлат лоиҳаи марҳалаи навбатии корхонаи саноатӣ муаррифӣ гардид. Дар марҳалаи дуюм, тибқи лоиҳа, бунёди 10 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, бо ин ҳаҷми истеҳсол ва номгӯи маҳсулоти корхона давра ба давра афзоиш дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмон ва ҷиҳозондани ҳар ду марҳалаи ин корхонаи муштараки саноатӣ бо ҷалби беш аз 220 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ сурат гирифта, дар он зиёда аз 150 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мегардад.

Ифтитоҳи МТМУ №24 ва кӯдакистони "Ворисон" 
дар деҳаи Алиҷон
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Алиҷон МТМУ № 24 ва кӯдакистони "Ворисон"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мактаби нави дуошёнаи таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар муҳлати ҳашт моҳ бунёд ёфта, дар он 2160 хонанда дар ду баст таҳсил менамояд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои тозабунёд дар масоҳати 1,75 гектар қомат афрохта, дорои 36 синфхонаи таълимӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ бо 198 курсӣ, китобхона, ошхона бо 95 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш ва иншооти ёрирасон мебошад. Ҳафт синфхонаи мактаб барои фанҳои муайян, аз ҷумла таълими меҳнати писарон ва духтарон алоҳида, кор бо компютер ва дарсҳои химия, физика ва биология муҷаҳҳаз шудааст.
Бинои муассисаи томактабии "Ворисон" бошад, барои 150 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он 10 мураббия, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ба кор ҷалб шудаанд. 

Ифтитоҳи роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд.
Дарозии роҳ 18,5 километр ва паҳноияш 6,2 метрро ташкил намуда, аз хизматрасонии он сокинони деҳаҳои Ҳусеншайх, Лоларух, Булёни Боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамин истифода мебаранд. Ин роҳ барои сокинони чанде аз деҳаҳои ноҳияи Темурмалик ҳам, ки бо он пайвастанд, сабукӣ меорад.
Дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Данғара роҳи деҳаи Сафобахш низ бо дарозии наздики 4 километр мавриди истифода қарор гирифт. Ин тадбири муҳим аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ анҷом ёфта, равшаннамоии роҳ низ таъмин шуд. 
Таъкид гардид, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорон, дар маҷмуъ, 6 пули мошингузар бунёд шуда, 143 километр роҳ асфалтпӯш ва зиёда аз 310 километр сангфарш гардидааст.

Боздид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Саодатшо"
Дар деҳаи Лоларухи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо парвариши сабзавоту полезӣ дар хоҷагии деҳқонии "Саодатшо" шинос шуданд.
Майдони замини хоҷагӣ 40 гектарро ташкил дода, истеҳсоли ғалладона, сабзавот, полезиҳо ва хӯроки чорво самтҳои асосии фаъолияти аҳли заҳмати он мебошад. Тавре зикр гардид, соли дуюм аст, ки кишоварзон, баъди обёрӣ шудани заминҳои ин мавзеъ, ба зироаткорӣ машғуланд. Обёрии пиёз ба таври қатрагӣ ба роҳ монда шуда, фароҳам овардани шароити мусоид ҳосилнокиро баланд бардошт.
 
Ифтитоҳи МТМУ №15 ва муассисаи томактабии №8
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Булёни Болои деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара бинои МТМУ №15 ва Муассисаи таълимии томактабии "Хушбахт"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
МТМУ №15 дорои 36 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш, китобхона, толори фарҳангӣ бо 198 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва иншооти ёрирасон буда, барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Муассисаи таълимии томактабии "Хушбахт" дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд шуд.  Кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ шуда, раванди таълим дар он бо ҷалби 10 мураббияи соҳибтахассус бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. 

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86 дар деҳаи Навобод
19 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифов бинои МТМУ №86-ро, ки барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёд аз як ошёна ва 12 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи деҳа бунёд гардид. Дар назди муассиса барои гузарондани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбӣ майдончаи муосири варзиш сохта шуд. 
Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари бунёди муассиса, аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии деҳа роҳҳои ҳудуди маҳалла дар масофаи 4 км - аз деҳаи Навобод то деҳаи Булёни Боло, асфалтпӯш ва чароғон гашт.

Ифтитоҳи МТМУ № 11 ва муассисаи томактабии "Дурахшон" дар деҳаи Булёни Поён
Худи ҳамон рӯз дар деҳаи Булёни Поёни деҳоти Исмат Шарифов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ МТМУ №11 ва Муассисаи таълимии томактабии "Дурахшон"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳарду муассиса дар доираи дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт.
МТМУ № 11 дуошёна буда, барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар муассиса китобхона, маҷлисгоҳ бо 198 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ низ вуҷуд мавҷуд аст. 
Кӯдакистон якошёна буда, дорои се синфхонаи таълимӣ ва се ҳуҷраи хоб барои 100 нафар фарзандони сокинони деҳаҳои Дурахшон-1 ва Булёни Поён пешбинӣ шудааст. Иншоот аз ошхона бо 25 ҷойи нишаст, синфхонаҳо, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат мебошад. 

Чархаи чоруми НБО "Норак" баъд аз навсозӣ ба кор даромад
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварда, нахуст бо рафти навсозии НБО Норак шинос шуданд.  
Чархаи чоруми навсозишуда бо пахши тугма аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора ба кор дароварда шуда, кори боэътимоди он бо гузоштани танга дар болояш ҷавобгӯи талаботи стандартӣ арзёбӣ гардид. Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми Неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ баробар шуд.
Ҳоло марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди се гидроагрегати дигар, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии се ҳалқаи барқии маҷмааи зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии стансияҳои насосӣ, таҷдиди системаи идора ва назорат ба анҷом мерасад ва дар маҷмуъ, неругоҳи мазкур тақрибан мавриди навсозии куллӣ қарор хоҳад гирифт.

Ифтитоҳи ҶДММ "ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ" 
Сипас, дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҶДММ "ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ" оғози расмӣ бахшиданд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған буда, маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи равғани олии Норак, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ дар шаҳри Норак беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Роҳбари давлат пас аз ифтитоҳи корхонаи равғанбарорӣ, дар ҳамин ҷо бо ҷараёни истеҳсоли собун, ки маҳсулоти дигари ин корхона мебошад, шинос шуданд.
Истеҳсоли собун бо коркарди партовҳои корхонаи равған бо истифода аз хатҳои нави технологӣ сурат мегирад. 

Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак ба истифода дода шуд
Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар ин ҷо барои машқу тамрин ва машғул гардидан бо намудҳои гуногуни варзиш шароит фароҳам омадааст. Баъди ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ин ҷо 26 нафар бо корӣ доимӣ таъмин гардид.

Ифтитоҳи бинои беморхонаи марказӣ пас аз таъмиру навсозӣ
Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои асосии беморхонаи марказии шаҳри Норак солҳои 60 асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо таъмирталаб шуда буд. Аз ин хотир ин муассиса мавриди навсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуд.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия, нахуст, роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳияро, ки 14,5 километр масофа дорад, ифтитоҳ намуданд. 
Корҳои сохтмонӣ дар ин масир бо харҷи 27,5 миллион сомонӣ анҷом дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин роҳро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба Ватан номиданд.

Ифтитоҳи бинои маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ 
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро дар деҳаи Файзободи деҳоти Даштигулҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Азизов бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохта шудааст. Хизматрасонии маркази мазкур барои сокинони 12 деҳаи атроф, ки беш аз 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, пешбинӣ шудааст. Дар марказ бо назардошти фароҳам будани шароиту иқтидори васеи кадрӣ ва техникӣ имкон аст, ки ба сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо ҳам хизмати тиббӣ расонда шавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани ҳавзи обсофкунӣ 
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшиданд.
Ҳавзи мазкур бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии сокинон бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуд.
Аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар минтақаи пасттар аз сатҳи маҷрои дарёи Панҷ ҷойгир аст ва аз ин сабаб, мавзеи мазкур қаблан борҳо аз боришоту обхезӣ хисорот дидааст. Бояд гуфт, ки дарёи Панҷ яке аз дарёҳои серлойи ин минтақа ба ҳисоб меравад ва он сарчашмаи обгирии сарҷӯи Чубек мебошад. Ҳамасола аз дарёи Панҷ ба сарҷӯи Чубек ба миқдори 700 ҳазор метри мукааб ҷинсҳои омехтаи обовард ворид гашта, ҷӯйҳои обёрикунандаро пур мекунад. Ҳамасола мардум бо заҳмат ва харҷи зиёд ҷӯю ҷӯйчаҳоро аз ҷинсҳои обовард тоза мекунанд. Аз ин рӯ, моҳи июли соли 2020 дар доираи лоиҳаи Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ масъалаи рафъи таъсири хатарҳои эҳтимолии табиӣ барои аҳолӣ ба миён гузошта шуда, лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки осиёии рушд, татбиқ гардид.

Боздид аз ҶДММ "ТОҶ-АГРО"
Дар доираи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои ҶДММ "ТОҶ-АГРО" боздид намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат, нахуст, имкониятҳои обёрӣ ва боғу токзори бо усули нав бунёдшуда муаррифӣ карда шуд.
Бо бунёди ду ҳавзи нави обсофкунӣ ва насби се пойгоҳи обкашию технологияи софкунандаи об имкон фароҳам омад, ки 50 гектар замин бо усули қатрагӣ обёрӣ шавад. 
Имсол кишоварзони ҶДММ "ТОҶ-АГРО" ба таври таҷрибавӣ дар майдони 1,5 гектар боғи интенсивӣ-таҷрибавии себ бунёд намуданд, ки нашъунамои хуб дорад.

ХОВАЛИНГ
Ба истифода додани беморхонаи марказии ноҳия
 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳия бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити кору хизматрасонии он шинос шуданд.
Бунёди бинои нави беморхона дар доираи татбиқи “Лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак” бо маблағи 3 миллиону 410 ҳазор доллари ИМА амалӣ гардидааст.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморхона иловатан ду мошини ёрии таъҷилӣ тақдим карданд.
Дар ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нав аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. 
Ифтитоҳи бинои нав шароити кории кормандони соҳаро ба замони муосир мутобиқ гардонда, сатҳу сифати хизматрасониро ҷиҳати анҷом додани корҳои заминсозӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, таҳияи лоиҳаҳои иншооти сохташаванда, парвандаҳои заминсозӣ, тайёр намудани шиносномаи техникии манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ боз ҳам беҳтар кардааст.
Ҳоло дар бойгонии корхонаи беш аз 7 ҳазор парванда маҳфуз аст, ки ҳамаи он рақамӣ ва ба махзани ягонаи марказӣ пайваст карда шудааст. Бо электронӣ гардидани бойгонӣ муроҷиаткунандагон имкон доранд, ки ҳуҷҷатҳои зарурии худро осон ва сари вақт дастрас намоянд.
 
Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон 
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон бо тарҳу сохти меъмории муосир сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур аз 54 ҳуҷраи хоб, толори маҷлис бо 50 ҷой, толори компютерӣ бо 50 курсӣ ва 30 компютер иборат аст.
Зимни шиносоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу намо, сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда барои ҷавонону наврасони лаёқатманд баҳои баланд дода, бо як гурӯҳ наврасону ҷавонони лаёқатманди кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар фароварди мулоқот ба 50 нафар ҷавонон туҳфаҳои арзандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

 Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи 
ноҳияи Ховалинг соҳиби бинои нав шуд
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои маъмурии шуъбаи Агентӣ аз ду ошёна, 15 ҳуҷраи корӣ, китобхона, нуқтаи равзанаи ягона ва ҳуҷраҳои санитарии дохилию берунӣ иборат мебошад. Равзанаи ягона барои қабули шаҳрвандон, китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ бо насби таҷҳизоти муосир дар ошёнаи якум ҷойгир шудаанд.
 
Боздид аз боғҳои интенсивии 
ҶДММ "Оби Ховалинг"
Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои себ ва хучи ҶДММ "Оби Ховалинг" боздид намуданд.
Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 16 гектар боғ ва дигар заминҳои кишоварзӣ дорад. Коргарон дар заминҳои боғҳои интенсивӣ ва бобоӣ ба парвариши дарахтони себ, гелос, чормағз, нок ва хуч машғуланд. Дар боғҳои ширкат 10 нафар ба таври доимӣ фаъолият дорад ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил иловатан 30 нафар ба кор ҷалб мегардад. Аз ҳосили себу хуч дар корхонаи "Оби Ховалинг" афшура низ тайёр карда мешавад.
 Ифтитоҳи маркази савдои "Беназир"
дар ноҳияи Ховалинг 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои маркази савдои "Беназир"-ро фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Маркази савдои "Беназир" дуошёна буда, бо маблағи 5,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Зафар Сафаров бунёд шудааст.
Маркази савдо аз 95 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум иборат аст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази савдои "Беназир" 130 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид, ки аз ин нишондод 30 нафар занону духтарон ба коргоҳи дӯзандагӣ ҷалб шудаанд.

Ифтитоҳи Маркази таълимии 
воҳидҳои таъиноти махсуси КДАМ 
1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, мавриди истифода қарор доданд.
Марказ дорои биною иншооти сершумори таълимию машқӣ, аз ҷумла машқҳои низомии тирандозӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳа, машқҳои мухталифи зиддитеррористиву варзишӣ ва шароити муосир барои обутоби руҳию равонӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо истифода аз техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарини мувофиқ ба талаботи замон муҷаҳҳаз гардидааст.
Пойгоҳ бо чунин техникаю таҷҳизот имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии таъиноти махсус ҳамаҷониба ва бо сифати аъло, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонию минтақавӣ дар амалиётҳои ҷангӣ ва махсусе, ки дар гӯшаю канори гуногуни олам имрӯзҳо ҷараён дорад, омода карда шаванд. 
 
НОҲИЯИ ЁВОН
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолӣ
7 ноябр сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт.
Нахуст, Роҳбари давлат дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави саноатӣ дар заминаи ҶДММ "Хуаҷиан Ғаюр индастриал" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи гачкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Файзи гач"-ро ба истифода доданд. Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Шералӣ бунёд гардид.  Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гачкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонда шавад. Дар корхона 45 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд. Барои бунёду муҷаҳҳазгардонии иқтидори нави саноатӣ зиёда аз 24 миллион сомонӣ сарф гардидааст. 
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори ҶСК "Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон"-ро дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Дар ин корхона 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.

ЛЕВАКАНТ
Аз бунёди роҳҳо то рушди саноат 
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар – Левакант – Данғараро ба истифода доданд. Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар се марҳала бунёд шуда, дарозии он 68,8 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Бохтар – Леваканти роҳ аз шаш хатти ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад. Дар маҷмуъ, дар роҳ панҷ пули мошингузар ва ду роҳи давродавр сохта шуд.
Бо супориши Сарвари давлат дар доираи лоиҳа 3 километр роҳи дохилии шаҳри Левакант низ навсозӣ мегардад. Роҳи Бохтар – Левакант – Данғара аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад. Бунёди ин ва дигар роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ дар солҳои истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овардааст, ки қаламрави Тоҷикистон барои давлатҳои минтақа ҳамчун транзит истифода гардад.
Дар идома, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Қитъаи Данғара – Гулистони роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – сарҳади Чин наздики 50 километрро ташкил намуда, дар маҳалҳои аҳолинишин аз чор хатти ҳаракат иборат хоҳад буд.
Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант шаш техникаи нави роҳнигоҳдорӣ ҳадя карданд.
Ҳамзамон, 7 ноябр зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парки инноватсионии саноатию технологӣ бо фарогирии шаш корхонаи истеҳсолӣ бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Холмаҳмад Чиллазода дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ бунёд ёфт. Масоҳати Парки инноватсионӣ 1,8 гектарро дар бар гирифта, он дорои корхонаи коркарди шиша, коргоҳҳои истеҳсоли макарон, маводи шустушӯӣ, дастпӯшак, рангҳои сохтмонӣ, мебел, инчунин, биноҳои маъмурию хоҷагидорӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти коргоҳҳо ва иншооти ёрирасон мебошад. Арзиши лоиҳавии Парки инноватсионӣ зиёда аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, дар шаш коргоҳи Парки инноватсионӣ 55 нафар бо кор таъмин шуд, ки фаъолияти доимии онҳо ба зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

КУШОНИЁН
Пешравиҳои назаррас дар масири рушди устувор
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кушониён ташриф оварда, нахуст, корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаи гуногуни Вахш Саноатро ба истифода доданд. 
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид. Дар корхона истеҳсоли 5 намуд мототсикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона, вобаста ба талаботи бозори дохилӣ, дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800-торо ташкил медиҳад. 

Ифтитоҳи Маркази 
ташхисию табобатии "Аvicennа" 
Дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён Пешвои миллат маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаби "Аvicennа"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров бунёд ёфта, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам омадааст.
Дар марказ 30 нафар, аз ҷумла 10 табиб, 12 корманди миёнаи тиббӣ ва 8 корманди ёрирасон, ба кор ҷалб гардидаанд. 

Муассисаи таҳсилоти томактабӣ 
дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ
Дар ин рӯз Пешвои миллат дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кушониён бинои муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.
Бино бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз ду ошёна ва 8 ҳуҷраи таълимӣ иборат аст ва барои 150 кӯдак пешбинӣ мегардад. 
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Кушониён Сарвари давлат дар деҳаи Механизатор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди истифода қарор доданд. 
Мактаб дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад. Он дар доираи ҳамкории Ҳукумати кишвар бо Бонки рушди исломӣ сохта шуда, дорои 10 синфхона мебошад. 

БОХТАР
Симои нави шаҳри куҳан
Дар доираи ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои маъмурии мазкур дар масоҳати 834,5 метри мураббаъ доман густурда, аз чор ошёна, 24 ҳуҷраи корӣ, таҳхона, китобхона, маҷлисгоҳ ва маркази коркарди маълумот иборат мебошад.
Бо бунёди иншоот, дар баробари фароҳам гардидани шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа, ҳамзамон, ба симои маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, ҳусну ҷилои тоза зам гардид.
Инчунин, дар ин рӯз Роҳбари давлат дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба фаъолияти маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ оғоз бахшиданд. Бояд зикр намуд, ки иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд сохта шуда, дар он дарсҳои назариявӣ ва амалӣ роҳандозӣ мегарданд. Марказ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 30 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраи машваратӣ, ҳуҷраи корӣ барои маъмурият, се устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, маҷлисгоҳ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
8 ноябр дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер” корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхонаро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳабибулло Муқимов бунёд гардид.
Дар корхона наздики 30 намуд маҳсулоти гуногуни металлӣ барои бинокорӣ истеҳсол шуда, иқтидори он дар як моҳ беш аз 3000 метри тулонӣ бомпӯшҳои тунукагӣ мебошад. Фаъолияти корхона дар ду баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт.
Дар назди корхона сардхонаи замонавӣ бунёд гардид, ки ғунҷоишаш 600 тоннаро ташкил медиҳад.
Сардхонаи муосири Бохтар-шифер имкони дар шароити хуб нигоҳдории меваю сабзавотро доро буда, бо дастгоҳҳои худидорашавандаи муосир муҷаҳҳаз шудааст. Дастгоҳҳо ҳарорати сардхонаро ба дараҷаи зарурӣ нигоҳ медоранд. 
Дар идомаи ин сафар Сарвари кишвар дар шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли гӯгирди ҶДММ "Расули Валӣ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Олмон ворид ва насб шуда, барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хом қисман аз хориҷ ворид мешавад. Дар корхона 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардид, ки аксари коргарону мутахассисонро занон ташкил медиҳанд. Корхона бо харҷи ду миллион сомонӣ сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд ёфта, истеҳсол ва бандубасти маҳсулот тавассути технологияи пешрафта сурат мегирад.

Мактаби санъат дар ноҳияи 
Ҷалолиддини Балхӣ
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сарироҳи шаҳраки Балхӣ бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зикр гашт, ки Мактаби санъат бо мақсади тарбия ва омодасозии ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи фарҳангу санъат дар муҳлати кӯтоҳ сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ мебошад. Ба он хоҳишмандон аз синни 10-сола боло ҷалб мешаванд. Дар бинои навсохт хонандагон дар шуъбаҳои хореографӣ, санъати тасвирӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Мактаби санъат ягона иншооти замонавии соҳавӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд ёфт. 

Бинои шуъбаи беморхонаи марказӣ
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд.
Шуъбаи таваллуд дуошёна буда, бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудааст ва дорои 60 кат мебошад. Дар шуъба 136 мутахассис фаъолият мекунад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави шуъбаи таваллуд дигар шуъбаҳои беморхона низ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои муосири ташхису табобат таъмин шуданд.

Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №6 
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав дуошёна буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам омадааст. Кӯдакистони нав аз ҳисоби буҷети ноҳия дар муҳлати як сол бунёд ёфта, барои 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар шафати кӯдакистон, инчунин, бинои нави иловагӣ барои 180 кӯдак бунёд мегардад. Тибқи маълумоти масъулон, ҳоло дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 кӯдакистон фаъолият менамояд.

Боздид аз кооперативи тиҷоратии Турахон Исанқулов
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз кооперативи тиҷоратии Турахон Исанқулов боздид намуда, ҳамзамон, ба кишти ғалла оғоз бахшиданд. 
Иттилоъ доданд, ки кооператив дорои 375 гектар замини корам мебошад. Аз ин, дар масоҳати 97 гектар ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ ва макка барои дон, кишт карда мешавад. Пас аз оғоз бахшидан ба кишти зироат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ бо молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз заминҳои кооперативи тиҷоратии Турахон Исанқулов ҷамъоварӣ гардидааст, шинос шуданд. Хоҷагидорон, асосан, ба парвариши пахта, картошка, сабзӣ, пиёз ва полезӣ машғуланд. 

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ 
9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои истиқоматӣ дорои 25 хона, аз ҷумла 20-то ду ва 5-то якҳуҷрагӣ, мебошад. Дар ҳар ошёна ҷойи муайяни либосхушккунӣ мавҷуд аст. Бинои хуштарҳ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, дар муҳлати муайян бо сифати баланд сохта шуд. 
 Ин бинои хуштарҳу зебои истиқоматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ номида шуд.

Бинои нави нозироти андоз 
Ҳамон рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фаъолият оғоз намуд. Иншоот, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, дар масоҳати умумии 1 ҳазору 230 метри мураббаъ сохта шуд. Бинои нав дорои 14 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи техникӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. 
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ҷалб намуда, таъкид каранд, ки бо мардум ҳамкорӣ ва муомилаи хуб дошта бошанд. 

Пардабардорӣ аз муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Дар маркази Боғ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи навбунёди шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ пардабардорӣ намуданд.
Лозим ба таъкид аст, бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 – Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ эълон шуда, баргузории ҷашни 600-солагии ин мутафаккири барҷастаи тоҷик бо қарори дахлдори созмони ЮНЕСКО эълон гашта буд. Дар доираи ин иқдом, соли 2014 дар Тоҷикистон ва берун аз он бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷомӣ чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ доир гардиданд. 
Баъд аз пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ошноӣ бо натиҷаҳои таъмиру навсозии Боғи фарҳангию фароғатӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои сокинони ноҳияро баҳри анҷоми корҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонда, онҳоро ба саҳмгузории бештар дар ин самт ҳидоят намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат, рушду шукуфоии Ватан аз ободии маҳалли зисти ҳар яки мо оғоз меёбад.

Муаррифии лоиҳаи бунёди варзишгоҳ 
9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи ангоравии иншооти варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, шинос шуданд.
Варзишгоҳ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд хоҳад шуд.
Ҳамзамон, лоиҳаи такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муаррифӣ гашт. Лоиҳаи мазкур бо ёрии грантии Ҷопон татбиқ шуда, барои беҳбуди вазъи беҳдошти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тавассути дастрасии бештар аз 50 ҳазор нафар ба об амалӣ мешавад. Барои татбиқи ин лоиҳа Ҳукумати Ҷопон тавассути JICA, тақрибан, 14 миллион доллари ИМА кумаки бебозгашт ҷудо кард.
Дар доираи лоиҳа, шаҳраки Ҷомӣ ва ҳафт деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо об таъмин мешавад.

Баистифодадиҳии бинои қасри фарҳанг
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ бинои қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки он аз толори бошукӯҳ бо 500 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои ҳунармандон, либосхона, ҷойи чиптафурӯшӣ, анбори декоратсияҳо ва амсоли инҳо иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар иншооти навбунёд, аҳли фарҳангу санъати ноҳияро ба фаъолияти хубу пурсамар ҳидоят карданд. 

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ 
КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи зиндагии мардуми ин минтақаи кӯҳистони кишвар аз наздик шинос шуданд. Сафари навбатии Роҳбари давлат ба ВМКБ дар ҳолест, ки ин гӯшаи афсонавии диёр ба туфайли дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар беш аз ҳар вақти дигар рӯ ба рушд ниҳода, мавриди таваҷҷуҳи афзояндаи сайёҳон қарор гирифтааст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2024-ум 43 коргоҳи саноатӣ бо 235 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. Дар соли 2025 боз бунёди 50 иншооти дигари соҳа бо таъсиси зиёда аз 700 ҷойи нави корӣ дар нақша аст.
Дар саросари вилоят соли 2024-ум 64 муассисаи нави таълимию табобатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2025 бошад, дар дар ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 20 муассисаи томактабӣ, кӯдакистону маркази инкишофи кӯдакон бунёд мегардад.

Ифтитоҳи 
иншооти муҳим ва корҳои созандагӣ 
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 октябр аз ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт. Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон Пешвои миллатро сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳия бо самимияти хоса, руҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафари корӣ Сарвари давлат, нахуст, дар маркази ноҳия майдони Нишони давлатиро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. Он дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар паҳлуи Парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шуда, баландии сутунпояаш 20 метрро ташкил медиҳад.
Дар ин рӯз дар ноҳияи Рӯшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи ҶДММ "Сабзавоти Кӯҳистон" дидан намуданд, ки бо мақсади таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза бунёд гардидааст. Гармхона дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, дар он намудҳои зиёди сабзавот, аз ҷумла помидор, қаланфури булғорӣ, бодиринг, боимҷон, кабудиҳо, гулкарам ва полезиҳо кишту парвариш мешавад. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ "Сабзавоти Кӯҳистон" 8 сокини маҳаллӣ, ки дар самти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, бо кори доимӣ ва 24 нафар бо кори мавсимӣ таъмин гардиданд. 

“Неъматҳои Рӯшон” 
ва 12 номгӯи маҳсулот
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи "Неъматҳои Рӯшон" оғоз бахшиданд. 
ҶДММ "Неъматҳои Рӯшон" дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1200 тонна меваи хушк ва 500 ҳазор қуттии шартии консерваи меваю сабзавотро ташкил медиҳад. Иншооти нав аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия аввалин буда, дорои чор хатти истеҳсолӣ мебошад. Дар он 12 номгӯи маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ истеҳсол мешавад. 
Баъди ба фаъолият оғоз намудани корхонаи "Неъматҳои Рӯшон" 25 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла 15 зан, бо кор ва маоши хуб таъмин шуд. Меваю сабзавот аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дастрас шуда, дар шаш сардхона нигоҳдорӣ мешавад. Сардхонаҳо, ки дар маҷмуъ, иқтидори ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулотро доранд, ба таъмини фаъолияти муназзами корхона дар ҳамаи фасли сол мусоидат менамоянд.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки дар шафати "Неъматҳои Рӯшон" сохта мешавад, муаррифӣ шуд. Иншоот бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфта, дорои ошхона, маркази фурӯши армуғонҳо, меҳмонхона ва иншооти ёрирасон хоҳад буд. 
Зимнан, Сарвари давлат ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар маркази ноҳия қомат хоҳад афрохт, шинос шуданд. Бинои мазкур аз 24 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат хоҳад буд. Мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.
Ҳамзамон, дар ин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони корхонаи сендвичпанел муаррифӣ шуд. Оянда дар корхонаи мазкур бо насби технологияи нав истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла ангорҳои гуногунандоза, ба роҳ монда мешавад. 

Дидор бо ятимону маъюбон ва ифтитоҳи 
Маркази инкишофи кӯдакон
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи "Сафина" бо 100 ятим ва маъюби ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд. 
Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо ятимону маъюбон иштироки онҳоро дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ муҳим маънидод намуда, ба масъулон дар самти таъмини иштироки фаъолонаашон дар ҳама озмунҳо ва дар руҳияи ватандӯстӣ ба воя расондани онҳо дастуру тавсияҳо доданд. 
Сарвари давлат ба ятимону маъюбон либос, ширинӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд, ки боиси шодию нишоти онҳо гардид.
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хуштарҳу муосири маркази инкишофи кӯдакони Шайдоро ифтитоҳ намуданд.
Дар марказ кӯдакони аз 4 то 6-сола ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шуда, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мураббияҳои соҳибтаҷрибаву забондон ҷалб гардиданд. Таълиму тарбия дар ин ҷо бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба кӯдакон, ҳамчунин, забонҳои русиву англисӣ омӯзонда мешавад.

Оғози фаъолияти кӯдакистони 2-и 
деҳоти Баррӯшон
Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кӯдакистони 2-и деҳоти Баррӯшони ноҳияро фосилавӣ ифтитоҳ карданд. Муассисаи томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. 
Иншооти мазкур аз 5 ҳуҷраи таълимӣ ва 5 ҳуҷраи дигар барои хоби кӯдакон, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона бо 150 ҷойи нишаст ва толор барои машғулиятҳои умумӣ иборат мебошад. Дар саҳни бино майдончаи бозии тобистона бо таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст.

Ифтитоҳи бинои маъмурии 
Ҷамоати деҳоти Рӯшон 
Ҳамчунин, дар ин рӯз Пешвои миллат бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд. Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ мебошад. Маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои ташкилу баргузор кардани ҷамъомадҳои гуногун шароити мусоид фароҳам аст. 
Лозим ба ёдоварист, ки асоси рушди ноҳияи Рӯшон ба даврони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд ва дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ, бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтару хубтар гардид. 

Роштқалъаи рӯ ба рушд 
Худи ҳамон рӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.
Сарвари давлат дар маркази ноҳия бинои нави Ҷамоати деҳоти Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муҳайёшуда шинос шуданд. Бинои Ҷамоат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 19 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 58 ҷойи нишаст мебошад. 
Инчунин, дар деҳоти Роштқалъа Пешвои миллат бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

МТМУ №26 барои 1280 хонанда 
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-ро, ки аз чор ошёна иборат мебошад, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти тозабунёди соҳаи маориф дорои шароити муосири таҳсил буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Дар он 31 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 300 ҷой нишаст, толори варзиш, ошхона ва китобхона мавҷуд аст.
Ифтитоҳи мактаби нав ва таъмини шароити хуби таҳсил идомаи иқдому ташаббусҳои ояндасози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фаро гирифтани хонандагон ба низоми муосири таълим буда, оянда барои тарбияи ҷавонони донишманду худшинос мусоидат мекунад. 

Шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон 
Пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, Сарвари давлат бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд. 
Аз рӯи лоиҳа, бинои қасри фарҳанг дар масоҳати 2245 метри мураббаъ, ба таври муосир ва бо назардошти унсурҳои хоси миллӣ бунёд шуда, дар ин замина, барои кормандони бахши фарҳанг шароити хуби кор муҳайё мегардад. 
Бар асоси лоиҳаи муаррифишуда, бинои дуошёнаи кӯдакистон дар масоҳати 2200 метри мураббаъ барои 200 нафар сохта шуда, дар он синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо лавозимоту аёниятҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, майдончаи бозӣ, фаввора ва иншооти ёрирасон бунёд мегардад. 
 Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Хоруғ – Қозидеҳ, Сурхсангов – Ванҷ ва пули мошингузари деҳаи Даштакро фосилавӣ мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои нави иншооти энергетикӣ, ки дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Рӯшон амалӣ мегарданд, шинос шуданд.
Зимни сафар ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои иҷрошуда дар сохтмони НБО "Себзор" муаррифӣ шуд. Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани се агрегат бо иқтидори лоиҳавии 11 мВт фаъолият хоҳад кард. 
Бо бунёди НБО "Себзор" иқтидори ширкати "Помир энерҷи" 25 дарсад баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд. 

Дар Ишкошим корхонаи нав бунёд шуд
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ишкошим ташриф оварда, нахуст, дар деҳаи Дашт корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Гулчеҳра-80"-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхона бо харҷи 920 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои ноҳияи дурдасти Ишкошим аҳамияти калон дорад, зеро дар он, баробари истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза, ҳар мавсим беш аз 100 нафар бо кор таъмин мегардад. 
Ашёи хом дар ин корхона меваи ангат буда, аз он 12 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад. Корхона дар як сол 500 килограмм равғани ангат истеҳсол менамояд.

Манзилҳои нав ба зарардигони офати табиӣ 
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зугванди Поёни деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим хонаҳои истиқоматии навбунёдро ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида супурданд.
Биноҳои нави истиқоматӣ давоми бештар аз як моҳ бунёд ёфта, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба 13 оила калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд. Сокинон, ки пеш аз фарорасии зимистон соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ шуданд, бо муҳаббату самимият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу қадрдонӣ намуданд. 

Биноҳои нави раёсати молия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва раёсати молияро дар ноҳияи Ишкошим мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизб дар маркази ноҳияи Ишкошим бунёд ёфта, аз ду ошёна ва чор ҳуҷраи барҳавои корӣ иборат мебошад. Барои гузарондани маҷлису вохӯриҳо дар иншоот толори алоҳида мавҷуд аст. Инчунин, иншоот дорои китобхонаи замонавӣ бо махзани ғании китоб ва ҳуҷраи алоҳидаи бойгонист. 
Дар бинои нави раёсати молия шароити корӣ барои фаъолияти босамари кормандони соҳа ва хизмат ба мардум муҳайё гардидааст. 

Ду мактаби наве, ки ба сифати таълим 
нақши мусбат мегузоранд
Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим, инчунин,  бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-ро ифтитоҳ бахшида, бо шароити он аз наздик ошно шуданд. Бинои нави Муассиса барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои имкониятҳои муосири таълимӣ мебошад. 
Пас аз шиносоӣ ва суҳбати самимӣ бо мактабиён, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо фосилавӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-ро, ки дар деҳоти Птуп бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  Бинои ин Муассиса дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия барои 240 хонанда дар як баст сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад. 

Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ 
Дар идомаи сафар дар ноҳияи Ишкошим Пешвои миллат варзишгоҳи марказии ноҳияро ифтитоҳ карданд.
Дар маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои  ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам аст.
Хоруғ бо симои нав ба шаҳри саноатӣ табдил мешавад 
13 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ВМКБ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи "Санги Бадахшон"-и ҶДММ "Помир Стоун"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он коркарди 20 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти санг мебошад. 

Ифтитоҳи ҶДММ "Панҷ" ва Парки технологӣ
Дар идомаи сафар ба шаҳри Хоруғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ "Панҷ"-ро ба истифода доданд. Дар корхонаи саноатӣ дар як рӯз то ду тонна шир коркард ва 11 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад. 
Дар корхонаи шир ҳоло наздики 30 нафар бо кор таъмин шуда, ояндаи наздик бо боло рафтани иқтидори истеҳсолии он зиёда аз 100 ҷойи кор ташкил мешавад. Технология аз Русияву Чин ворид шуда, корхона имкон дорад, ки дар як сол то 700 тонна ширро коркард намояд.
Инчунин, зимни сафари корӣ Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парки технологии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,6 гектар бунёд гардида, дар он корхонаҳои коркард ва бандубасти гӯшт, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хушк, коргоҳҳои хушкашӯӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра мавҷуданд. 

Ба истифода додани ду бинои истиқоматӣ
Ҳамзамон, дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ду бинои истиқоматии 10 ва 15-ошёнаро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот аз се қисмат иборат буда, бо қомат афрохтани он ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ, ҳусни дигар зам шуд. 
Бинои нав аз ҳисоби буҷети давлатӣ қомат афрохта, дорои 56 хона мебошад, ки аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ, аз ҷумла омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев, тақдим шуд.
Бинои 15-ошёна бо марказҳои хизматрасонӣ аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни супурдани калиди манзилҳои истиқоматӣ ба сокинон, ободкориву созандагиҳоро дар шаҳри Хоруғ ба шарофати соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро амри зарурӣ донистанд. 

Ифтитоҳи бинои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ 
ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рӯз дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар идомаи сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои маркази хизматрасонии навбунёди "Шоми Хоруғ", ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Шукурбек Шукурбеков ва Бахтиёр Шукурбеков бунёд гардидааст, бо ятимон суҳбат оростанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 ятим, ки аз парасториву меҳрубонии волидайн маҳрум мондаанд, либоси мактабӣ, маводи канселярӣ, шириниҳо ва ёрипулӣ тақдим намуданд. 
Боздиди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ субҳи рӯзи 14 октябр бо мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Хоруғ, ки дар фазои самимият ва руҳияи баланди омодагӣ ба идомаи собитқадамонаи сиёсати бунёдкорию созандагии роҳбарияти олии кишвар ҷараён гирифт, ҳусни анҷом ёфт.
Чунонки таъкид гардид, Бадахшон дарвоқеъ, тавассути татбиқи босамари чунин сиёсат ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон ва минтақаи суботу пешрафти бемайлон табдил меёбад.
 
ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Намои тозаи Сангвор
Имрӯз ҳар нафаре, ки вориди ноҳияи Сангвор мегардад, шоҳиди созандагиву бунёдкорӣ хоҳад шуд. Сангвор, чун дигар шаҳру навоҳии кишвар, зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш, дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон намои тоза касб карда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо кардааст. Пулу роҳҳои ҳамвору мумфарш, кӯчаву гулгаштҳо, корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавиаш далели ин гуфтаҳоянд. 
Дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Рашт, 11 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст бинои шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор доданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам омад. Зикр шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Сангвор 58 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 5 ҳазору 176 хонанда фаъолият дорад. 

Ҷилои майдони Нишони давлатӣ 
ва пайкараи Исмоили Сомонӣ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ майдони Нишони давлатӣ ва пайкараи шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд. 
Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд шуда, баландии пояи он 25 метрро ташкил медиҳад. 
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз рӯи пайкараи бунёдгузори давлати бузурги Сомониён – шоҳ Исмоили Сомонӣ, парда бардоштанд.
Баландии муҷассама 5,3 метр буда, бо таҳкурсӣ ба 9 метр мерасад. Акнун сокинони сарфарозу заҳматпешаи ноҳия, чун дигар гӯшаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ, бо шукргузорӣ аз пойдории ваҳдати миллӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҷашнҳои миллию давлатӣ ва оммавиро дар ин майдон бо ҷилои тоза таҷлил менамоянд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор, ҳамчунин, меҳмонхона ва маркази савдои “Сайёҳ”-ро, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд. Меҳмонхонаи мазкур дорои 10 ҳуҷра ва 15 ҷойи хоб аст.
 
Нуробод ва дастовардҳои назаррас
Ноҳияи Нуробод дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаи сокинони заҳматпешааш рушду нуму карда, имрӯз ба яке аз мавзеъҳои ободу зебо ва сарсабзу хуррами кишвари азизамон табдил ёфтааст. 
Роҳбарият ва мардуми сарбаланди ноҳия аз тамоми иқтидору имкониятҳо истифода карда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил мегарданд. 
Дар идомаи сафар ба минтақаи Рашт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 
Худи ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи минтақавии раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор доданд. 
 
«Мададгори мудофиа» ва 
тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод бинои мактаби ронандагии Муассисаи давлатии "Мададгори мудофиа"-и Вазорати мудофиаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Самти асосии фаъолияти мактаби мазкур омода намудани ронандагон ва ошпазон барои Қувваҳои Мусаллаҳ буда, раванди таълим аз рӯйи нақшаи ҳарбӣ сурат мегирад. Дар бинои мазкур, ҳамчунин, кумитаи ноҳиявии ташкилоти Мададгори мудофиаи ноҳияи Нуробод ҷойгир мебошад. Фаъолияти ташкилоти мазкур ба кор бо ҷавонон, аз ҷумла ба гузарондани дарсҳои кушод дар Муассисаҳои таълимӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, аз ҷумла сафороӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани яроқи оташфишон, тирпаронӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, техникӣ ва омӯзиши техникаи бехатарӣ, равона гардидааст. 
 
Ба Дарбанд оби тоза омад
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанд хатти оби нӯшокии Шолидара – Дарбандро ба истифода доданд. 
Сарбанди асосии оби сарди поку мусаффо дар мавзеи Шолидара воқеъ аст ва аз маркази ноҳияи Нуробод дар масофаи 14 километру 420 метр дур мебошад. Аз ин масофа то ба шаҳраки Дарбанд оби нӯшокӣ бо лӯлаи қутраш 273-милиметра бо тариқи худҷорӣ омада, ба обанбори марказӣ, ки ғунҷоишаш 4000 метри мукааб аст, ворид мешавад. Тавассути обанбор 3500 нафар аҳолии шаҳраки Дарбанд ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд. 
 
Тақдими туҳфаҳо ба ятимон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанд марҳалаи дуюми боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд, ки дар масоҳати 12,6 гектар аз ҷониби Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО "Роғун"" бо тарҳи муосир бунёд шуда, яке аз маконҳои асосии сайругашти сокинону меҳмонони ноҳия ва минтақа ба ҳисоб меравад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳалаи дуюми иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам кардааст, иловатан 15 нафар бо кор таъмин гардид. Дар ҳудуди боғ амфитеатр бо 250 ҷойи нишаст, чойхона бо 40 ҷойи нишаст, қаҳвахона, панҷ атраксион барои дилхушии кӯдакон, ҳашт айвончаи сояафкан, ду майдончаи хурди варзиш барои футбол ва теннис, ду майдончаи бозии наврасон ва суҳбаткадаҳо сохта шудааст. 
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 34 ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Туҳфаҳои Президенти кишвар аз бастаи китобҳои дарсию бадеӣ, аёниятҳои хониш, либос ва кумакпулӣ иборат буд. 
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбати самимӣ бо ятимон, аз онҳо танҳо хониши аъло, муҳаббат ба Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва бо дониши баланд ба роҳ мондани зиндагии шоистаи худро талаб карданд. 
 
Манзилҳои нави зарардидагони 
офати табиӣ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои нави истиқоматиро, ки барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бунёд шудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Яхак суҳбати самимӣ анҷом дода, дар фазои тантанавӣ ба 22 оила калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд. Мардум бо муҳаббат ва арзи эҳтиром ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдорӣ баён доштанд, зеро онҳо дар муддати кӯтоҳ соҳиби манзилҳои нави истиқоматие шуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.
Шаҳри Турсунзода аз қадами 
Пешвои миллат файзбор шуд 
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. 
Зимни сафари корӣ Сарвари давлат нахуст бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд, ки дорои маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш мебошад.
Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист, ҳамчунин, дар бино 7 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат ба кормандони ин соҳа шаҳодат медиҳад. 

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии Литсей-интернат
Дар идомаи боздид аз шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзиш, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.
Бинои иловагии таълимӣ тарҳи замонавӣ дошта, дар ҳашт синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш, барои 240 хонанда имкони омӯзиши илмҳои муосир фароҳам омадааст. Раванди таҳсил дар кабинетҳои фаннӣ бо истифода аз 40 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет ба омӯзиши бештари илмҳои дақиқ мусоидат менамояд. 
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ду муассисаи томактабии хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Турсунзода панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар ду баст ва се муассисаи нави томактабӣ барои 650 кӯдак бо шароити муосири таълиму тарбия ба истифода дода шуд. 

Дар шаҳри Турсунзода 
4 корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 октябр дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи хоҷагии деҳқонии "Ғайрат 2020"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сардхонаи навсохт дорои таҷҳизоти муосири худидоракунӣ буда, барои нигоҳдории 2000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани сардхона даҳ сокини деҳаи Ғайрат бо кор таъмин гашт. Ҳоло дар сардхона ба миқдори зарурӣ ангури аълосифати хоҷагии деҳқонии "Ғайрат 2020" захира шудааст, ки ҳамарӯза муштариён аз ин ҷо харид мекунанд. 
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз гармхонаи доимамалкунандаи хоҷагӣ дидан карданд. Масоҳати гармхона 54 садякро ташкил дода, дар он кучати сабзавот ба тариқи обмонии қатрагӣ парвариш меёбад.
Роҳбари давлат пас аз ифтитоҳи сардхона ва боздид аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии "Ғайрат 2020", корхонаи истеҳсоли хишт ва лӯлаҳои пластикии "Нигора"-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Дар корхона дар як сол 4,6 миллион дона хишти пухта ва 36 тонна лӯлаҳои пластикии гуногунқутр истеҳсол шуда, 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегардад. 
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои иншооти ояндаи соҳаи саноат шинос шуданд. Қарор аст давоми ду сол дар шаҳри Турсунзода баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат, чор корхонаи нави саноатӣ – "Амиго", марҳалаи дуюми корхонаи "Алюмин Проф", ҶСП "Саноати алюмин" ва ҶДММ "Алюминийи аввалин" бо харҷи зиёда аз 275 миллион сомонӣ бунёд шаванд. Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳо, наздики 400 нафар бо кор таъмин мегарданд.

«Бибиоиша» ва парастории 350 кӯдак 
Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи томактабии хусусии "Бибиоиша"-ро дар деҳаи Заркамар 1 деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёди таълимӣ, ки дуошёна мебошад, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани аз 300 то 350 кӯдак пешбинӣ шуда, барои кор бо онҳо 20 мураббияи соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд. Муассиса дорои 50 хуҷраи барҳавои машғулиятгузаронӣ, хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадом бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳаз аст.

Боздид аз боғҳои ангур дар хоҷагиҳои 
"Сомон" ва "Ҳоҷӣ Неъмат"
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз боғҳои ангури хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" боздид намуданд.
Хоҷагӣ соли 2008 дар асоси супориш ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи боғпарвари шинохта марҳум Камол Мадумаров дар масоҳати беш аз 500 гектар бунёд ёфта буд.
Хоҷагӣ зиёда аз 1100 саҳмдор дошта, теъдоди коргарони доимиву кироя ҳангоми авҷи корҳои саҳроӣ ба бештар аз 4 ҳазор нафар мерасад. Ҳоло дар токзор бештар аз 10 намуди ангури ба иқлими маҳал мувофиқ, аз ҷумла "Ҳусайнии сиёҳ", "Ҳусайнии сафед", "Ғалаба", "Шоҳона", "Пешпазак", "Кишмиши сафед", "Кишмиши сиёҳ", "Президент" ва "Аватар" парвариш меёбад. 
Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин сафар аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Ҳоҷӣ Неъмат" дидан намуда, бо намоиши маҳсулот, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, мавизи хушсифат, ширинии ангур, сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ, шинос шуданд.
Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 100,74 гектар токзори ҳосилдиҳанда дошта, дар он 164 саҳмдор кор мекунад.
Дар ҳошияи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода, ҳамчунин, панҷ иншооти таъиноташ гуногун, аз ҷумла бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои 192 хонанда дар ду баст, маркази савдо бо 300 нуқтаи савдо дар маҳаллаи 5 шаҳр, марҳалаи дуюми бозори "Ҷаҳони Бозаргон" бо 1000 нуқтаи савдо, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 192 хона дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, дармонгоҳҳои хусусӣ дар кӯчаҳои 15-солагии Истиқлолият ва Аҳамади Дониш мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар онҳо, дар маҷмуъ, зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.

Ноҳияи Рӯдакӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахш
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат, нахуст, корхонаи қаннодии "Шоҳасар"-ро мавриди истифода қарор доданд. Баъди ба истифода додани корхона, ки дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд ёфт, дар маҷмуъ, 85 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гашт. 
Дар ҳафт хатти истеҳсолии корхона 7 навъи маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мешавад, ки ҳар яки он бо шаклу намуд аз ҳамдигар фарқ дошта, дорои дизайни зебо ва ҷолиб мебошад. Иқтидори истеҳсолияш дар як сол то 800 тонна маҳсулоти қаннодиро ташкил медиҳад.

Боздид аз варзишгоҳи марказӣ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз варзишгоҳи марказии ноҳия, ки пурра таъмиру навсозӣ шуд, боздид карданд. 
Варзишгоҳи марказӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҳисоби Фонди рушди ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ таҷдид гардида, масоҳати иншоот 1,7 гектарро ташкил медиҳад.
Дар варзишгоҳ, ки солҳои 80 асри гузашта бунёд шуда буд, баъд аз навсозӣ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 10 ҳуҷраи корӣ сохта шуд. 

Ба сифати таълим такони нав бахшида шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 октябр дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппа ду бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.
Биноҳои иловагии муассиса тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошанд ва барои 650 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидаанд. 
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзодаро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар се бинои иловагии таълимӣ барои 2050 хонанда заминаи хуби донишандӯзӣ фароҳам оварда шуд.
Дар идомаи сафари корӣ аз ҷониби Пешвои миллат бинои зебои Муассисаи таҳсилоти томактабии №9 шаҳраки Сомониён мавриди истифода қарор гирифт. Бинои МТТ №9 бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз чор ҳуҷраи кор, толори бозии кӯдакона ва ошхона иборат аст ва барои 160 кӯдак пешбинӣ шудааст. 
Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти Нави деҳоти Лоҳур бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-ро ба истифода супурданд, ки барои 650 нафар дар ду баст пешбинӣ мешавад. 
Баъд аз ифтитоҳи бинои иловагии мактаб дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ боз як муассисаи тозабунёд – Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафиро ифтитоҳ намуданд. 

Қадамҳои устувор дар самти саноатикунонии босуръат
Дар ин рӯз дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳалаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли "Сарҷамъ" оғози расмӣ бахшиданд. 
Корхонаи нави саноатӣ бо ҳадафи таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ бунёд ёфта, дар он 25 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуд. Корхона дар як сол имкон дорад, то 366 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардона, занона ва кӯдаконаро бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол намояд. 
Инчунин, 26 октябр Пешвои миллат дар деҳоти Сарикиштӣ корхонаи "Хишти аввал"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона аз тарафи корпоратсияи "Тоҷвар" бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 200 ҳазор дона хишт мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд.
 
Вусъати созандагӣ дар Лахш 
12 сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд. 
Сафари кории Сарвари давлат аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг оғоз ёфт. Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайяншуда анҷом додани сохтмон супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии Майдонтераки деҳаи Кӯҳдоман ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшида, зимни суҳбат бо деҳқонон, истифодаи самараноки заминро омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии дастархони мардум номиданд ва онҳоро ба фаъолияти пурсамар ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин ҳидоят намуданд. 
 
Ифтитoҳи бинои нави раёсати молия 
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бинои нави хуштарҳу замонавии раёсати молияро ифтитоҳ намуданд. 
Дар иншооти мазкур барои фаъолияти босамари кормандон ҳамаи шароити корӣ муҳайё гардидааст. 
Ҳамзамон, Сарвари давлат бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд. Тибқи лоиҳа, бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 111 ҷойи нишаст, ҳуҷраи хоб барои кормандон, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо меоянд, ошхона ва иншооти ёрирасон сохта мешавад. 

Дар шаҳраки Ваҳдат 
норасоии оби нӯшокӣ аз байн рафт
Ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат – маркази ноҳияи Лахш хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд. Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути лӯлаи қутраш 160-миллиметра аз масофаи 18 километр ба ду обанбори ғунҷоиши умумиашон 500 метри мукааб интиқол меёбад. 
Ин дар ҳолест, ки қаблан сокинони маркази ноҳияи Лахш аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва акнун дар партави сиёсати ободкоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ин мушкилии мардум бартараф шуд.
 
Тоҷикобод марҳилаи нави рушдро таҷриба мекунад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод бо ифтитоҳи бинои нави маъмурии ҷамоати деҳоти Зарафшон оғоз ёфт.
Иншооти навбунёд дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар сохта шуд. 12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави раёсати молияро низ бо шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боздид аз ҷараёни бунёди маҳаллаи навбунёд 
дар деҳаи Сафедмун
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни деҳоти Қалъаи Лаби Об боздид намуданд.
Ҳоло деҳаи Сафедмун дорои 430 хоҷагӣ ва чор ҳазор аҳолӣ мебошад. Маҳаллаи навбунёд аз 60 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, бенавоён ва мисли онҳо, пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур дар заминаи ҳамкории Ҷамъияти хайриявии "Тоҷикистон" ва шарикони хориҷии рушд бунёд мегардад. 
 
Ифтитоҳи қасри фарҳанг
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қасри фарҳанг бо тарҳи зебову муосир ва санъати баланди меъморӣ қомат афрохт. Бинои навбунёди қасри фарҳанг, ки бо тамоми инфрасохтори зарурӣ таъмин аст, барои аҳли фарҳанг ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод дастоварди беназири фарҳангӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад.

Рашт дорои майдони Парчам 
ва Нишони давлатӣ шуд
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба минтақа дар маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм, баъди навсозӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд. 
Баландии пояи Парчам 45 метр буда, бару дарозии матои он 7х14 метр аст. Нишони давлатӣ бо баландии 24 метр қомат афрохтааст. 
Ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозӣ мавриди истифода қарор доданд. 13 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо ятимон суҳбат намуда, бо тақдими туҳфаҳои арзишманд хотири ҳар яки онҳоро шод гардонданд.
 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Поҷеи Поёни деҳоти Боқӣ Раҳимзода бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфтааст, ба истифода доданд.
Дар ин рӯз бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ҳам мавриди истифода қарор гирифт. Дар назди идораи Ҷамоат осорхонаи шоир Боқӣ Раҳимзода таъсис ёфта, нимпайкараи ӯ гузошта шудааст, ки ҳар як нафар метавонад бо намунаи ашъор ва зиндагиномаи шоири зиндаёд шинос шавад. Таваҷҷуҳ ба намояндагони аҳли илму адаб аз сиёсати созандаву фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат маншаъ гирифта, барои муаррифии бештари эҷодиёт ва рӯзгори ибратбахши фарзандони баруманди миллати тоҷик мусоидат мекунад. 

Ифтитоҳи Маркази рушди 
малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат бо ифтитоҳи бинои нави Маркази рушди малакаҳои касбӣ оғоз гардид.  
Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар шаҳри Роғун бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Ба истифода додани хатти интиқоли 
барқ ва боздид аз рафти корҳо дар нақби 
сохтмонии қабати 4 (СТ-4) НБО "Роғун"
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО "Роғун" то зеристгоҳи барқии Роғун бо дарозии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и Роғунро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Дар доираи сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода дар неругоҳи "Роғун", нахуст, бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд. 
Президенти кишвар НБО "Роғун"-ро яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар номида, пурра ба фаъолият пардохтани онро барои давлату миллати тоҷик ҳадафи бузурги таърихӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни фаъолияти хатти конвейерии Неругоҳи "Роғун" шинос шуданд. Дар қитъаҳои муайяни неругоҳ барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки хатти конвейерӣ аз ҷумлаи онҳост. 

Кони №17-и НБО "Роғун"
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода бо раванди корҳо дар кони рақами 17 шинос шуданд. 
Дар кони рақами 17 маводи гилхок тавассути 8 дастгоҳи муосир ва 3 корхонаи ширкати паймонкори лоти 2 "Вибилд" бо ҷалби мутахассисони ҶСК "Тоҷикгидроэлектромонтаж" коркард ва захира мешавад. 

Боздид аз толори мошинҳо ва нақби турбинии агрегати №4
Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ба толори мошинҳо ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат аз чархи кории доимӣ, ки ҳоло дар майдончаи васлгарӣ гузошта шудааст, дидан намуданд. 
Пас аз боздиди толори мошинҳо шиносоӣ бо ҷараёни корҳои насби лӯлаҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати №4 Неругоҳи "Роғун" сурат гирифт.
Дар ин нақб корҳои нақбканӣ, мустаҳкамсозӣ ва сементрезӣ ба анҷом расидаанд. Дарозии қисмати уфуқии нақби мазкур 48 метр ва баландии шахтаи амудии он 206 метрро ташкил медиҳад.
Зимни вохӯрӣ бо бинокорони иншооти аср Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид доштанд, ки солҳои 2025 ва 2026 барои такмили сохтмони Неругоҳи "Роғун" марҳалаи басо муҳим ба шумор мераванд ва аз ҳар як бинокор ҷаҳду талоши шаборӯзӣ ва масъулияту фидокории беназир талаб карда мешавад. 

Шиносоӣ бо боғи хоҷагии деҳқонии "Умеда" 
дар ноҳияи Файзобод
28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод ташриф оварда, нахуст, дар деҳаи Дурахшони деҳоти Чашмасор аз боғи хоҷагии деҳқонии "Умеда" дидан намуданд.
Замини хоҷагӣ 41 гектарро ташкил дода, дар 6 гектари он саҳмдорон боғи себи навъҳои содиротӣ бунёд намудаанд. Ҳосили пурбори себҳои "Зарринтоб", "Ситораи кӯҳсор", "Хубонӣ" ва ноки "Нозанин", ки навъҳои асосии боғро ташкил медиҳанд, самараи заҳмати садоқатмандонаи саҳмдорони хоҷагӣ мебошад.

Намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия
28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия дидан намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо ҳосили фаровони зироаткорӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд доданд. 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашони ноҳияро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа, барои дарёфти тухмиҳои навъҳои серҳосил, истифодаи нуриҳо, мубориза бар зидди ҳашароту бемориҳо ва ҷамъоварии беталафи ҳосил ҳидоят намуданд.

СИЁСАТИ “ДАРҲОИ КУШОДА” 
ва идомаи пойдорсозии ҷойгоҳи кишвар 
дар ҷаҳон
Соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 11 кишвари дунё 22 сафари пурмаҳсули давлативу расмӣ ва корӣ анҷом доданд. Ин сафарҳо дар самти сиёсати хориҷӣ натиҷаҳои пурарзише ба бор оварданд. 
Дар меҳвари дастовардҳо дар ин самт, пеш аз ҳама, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон қарор дошт. Мусаллам аст, ки сафарҳо ва иштироку суханрониҳои Пешвои миллат дар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланд барои муаррифӣ ва шинохти шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвари ҷаҳон нақши бориз гузошт. Барои мардуми сайёра бори дигар рӯшан гардид, ки ташаббусҳои Тоҷикистон ба манфиати аҳли олам ва рифоҳи зиндагии банӣ-башар нигаронда шудааст. Аз ин рӯ, бо дарки аҳамияти иқдомоти Пешвои миллат, яқин хоҳад буд, ки номи Тоҷикистон низ чун об ҳамеша ва дар ҳама ҷо ёд хоҳад шуд. Ин ҳама дастовардҳо мужда аз он аст, ки Тоҷикистон дар татбиқи бобарори сиёсати хориҷӣ комёб аст ва ҳамвора дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад. 
 
ТОҶИКИСТОНУ ҚАТАР 
Муколамаи созанда
Аввалин сафаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷ аз кишвар дар соли 2024 анҷом доданд, ин сафари давлатӣ ба Қатар буд. Бояд гуфт, ки дар давоми сол Пешвои миллат барои анҷоми сафарҳои кориву давлатӣ се маротиба озими Давлати Қатар шуданд. 
Ҳар бор меҳмони олимақомро дар авлотарин сурат пазироӣ намудаанд. Ба муносибати сафарҳои Президенти Тоҷикистон ба ин кишвар ва ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони азизу қарин дар майдони фурудгоҳ парчамҳои ҳар ду давлат идона афрохта, аксҳои сарварони давлатҳо дар лавҳаҳо насб ва роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф мекашид. 
Дар доираи сафари давлатӣ, ки 21-22 январи соли 2024 анҷом ёфт, як қатор вохӯриву нишастҳои сатҳи олию баланд баргузор гардиданд. Мулоқот бо Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои Файсал Ҳолдинг Шайх Файсал ибни Қосим оли Сонӣ, мудири бахши сармоягузории ширкати Диёри Қатар Аҳмад Муҳаммад Тайиб, раиси Шурои мудирони ширкати энергетикии Небрас Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ ва соҳибкорону сармоягузорон аз ҷумлаи онҳост. 
Мавзуи меҳварии ин нишасту вохӯриҳо, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва муаррифии бештару хубтари имконияти воқеии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду давлати ба ҳам дӯст буд. Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар иброз доштанд, ки ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон барои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Давлати Қатар дар соҳаҳои саноату энергетика таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. 
Яке аз лаҳзаҳои хотирмоне, ки дар ин сафар ба вуқуъ пайваст, ин мулоқоти Пешвои миллат бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ифтихори ватандорӣ ҳидоят карданду дар охири суҳбат ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу намуданд. Ҳамон ҳидояту орзуи Пешво буд, ки ҷавонони мо бо як қувваи фавқулода майдондорӣ намуда, дар Ҷоми Осиё баландтарин натиҷа дар таърихи футболи Меҳанро ба даст оварданд. 
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар дар ҳузури сарварони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз рӯйи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ, рушди осорхона ва рушди ҳамкории фарҳангӣ ба имзо расид. 
Зимни сафари дуюм ба Давлати Қатар, ки ба 17 феврал рост омад, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии ҷашнвораи Аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуданд. Сарварони ду давлат ҳангоми тамошои аспдавонӣ суҳбати самимӣ ороста, доир ба як қатор мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб табодули андеша карданд.
Сафари сеюми Пешвои миллат ба Давлати Қатар ба рӯзҳои 2-3 октябр рост омад, ки ҳадаф аз он иштирок дар Нишасти сеюми муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони Дипломатияи варзишӣ буд. 
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки моҳи майи соли равон бо иттифоқи оро қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул гардид. Бар асоси ин санад, ки дар заминаи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Либия қабул карда шуд, 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардида, ҳамасола дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил хоҳад шуд. Пешвои миллат аз кишварҳои Осиё даъват карданд, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои ғании миллии худ, ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллӣ, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. 
Дар маҷмуъ, сафарҳое, ки дар соли 2024 ба Давлати Қатар анҷом ёфтанд, нишонаи муносибати хуб миёни ду кишвари дӯст мебошанд. Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои мо ба шумор рафта, дидору мулоқотҳои пайвастаи сатҳи олии мамлакатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани робитаҳо дар ин соҳаҳо омода мебошанд.

Саҳифаи нав дар таърихи муносибатҳои 
Тоҷикистону Россия
Сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Россия дар соли 2024 ба 21 феврал рост омад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Россия сафар намуданд. Пас аз дидору вохӯриҳои сатҳи баланд Роҳбари давлат ҳамроҳ бо сарварони дигар давлатҳо ва меҳмонони воломақом, дар шаҳри Қазон, дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи Бозиҳои оянда, ки дар маҷмааи намоишии Казан ЭКСПО баргузор гардид, иштирок намуданд.
Баъд аз иштирок дар маросими ифтитоҳии мусобиқаи мазкур Президенти Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов вохӯрданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Тотористон манфиатдор аст. Мавриди зикр аст, ки ҳоло беш аз ҳаштод субъекти федералии Россия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақим дорад.
Як бахши пурифтихор дар ин сафар барои мардуми тоҷик ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ – ордени Дуслик (Дӯстӣ) сарфароз шуданд. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки аз 5 сафари Роҳбари давлат ба Россия дутоаш ба шаҳри Қазон рост омад. Сафари дувумӣ ба ин шаҳр дар доираи вохӯрии кишварҳои аъзои БРИКС+ ва БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар анҷом ёфт. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори онро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб карда, таъкид намуданд, ки имрӯз муттаҳидсозии кӯшишҳо барои таъмини сулҳи пойдор, амну субот ва рушди устувор беш аз ҳарвақта зарур аст.
Сафарҳои дигари Пешвои миллат ба Россия дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург анҷом ёфтанд. Бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба, ки 9 май дар шаҳри Москва баргузор гардид, Президенти Тоҷикистон 8 май ба Федератсияи Россия сафар намуданд. Меҳмони олимақомро дар қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд. Сипас, аксгирии якҷояи роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ва вохӯрии ғайрирасмии сарварони давлатҳои узви ИДМ ба шаҳри Москва ташриф овардаанд, баргузор гардид. 
Маврид ба зикри хос аст, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор кас дар муҳорибаҳо ҳалок ва 64 нафар аз фарзандони шуҷои тоҷик барои корнамоиҳои беназир ва ҷоннисорӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ шудаанд.
8 октябр Пешвои миллат барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москва бори дуюм ташриф оварданд. Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид. 
Бо дарназардошти он ки аз якуми январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Аз ҷумла таъкид карданд, ки дар ҷанбаи сиёсӣ талошҳо барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳанд ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд. Дар фарҷоми нишаст Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласа қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳо такон мебахшад. 
24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуда, бо муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд. Ин панҷумин сафари Пешвои миллат ба ин кишвари дӯсту бародар дар як сол буд. 
Зимни баррасии масоили ҳамкории ду кишвар, зикр гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Россия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши мол миёни ду давлат 19,8 дарсад афзуда, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари ИМА баробар шудааст. Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Мавриди зикр аст, ки дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳо роҳбарони ду мамлакат нақши асосӣ доранд. 

Густариши ҳамкорӣ бо Италия ва Ватикан
22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими шаҳри Рим – пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Фюмичино ба номи Леонардо да Винчи меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан истиқбол гирифтанд.
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Италия, бахусус густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин, имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Қасри Квиринал дар мулоқоти хосаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду ҷониб сурат гирифт. Гуфта шуд, ки таъсиси Шурои муштараки тиҷоратӣ барои густариши ҳамкории ҷонибҳо дар бахши хусусӣ иқдоми саривақтӣ хоҳад буд. Рушди бахши сайёҳӣ ва инфрасохтори он, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои олии Италия аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд. Оид ба масоили амниятӣ, роҳҳои мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, андешаронӣ карданд.
Дар мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷиа Мелони таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноат ва афзоиши содирот ба кишварҳои Аврупо имконияту захираҳо фаровонанд. 
Дар ҳузури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Ҷорҷиа Мелони 7 санади нав ба имзо расид. 
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия дар шаҳри Рим Роҳбари давлат мудири иҷроияи ширкати ВиБилд (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ, асосан, масъалаи ҳамкорӣ дар сохтмони Неругоҳи "Роғун" муҳокима гардид. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистоя бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос шуданд. 

Тақвияти ҳамкорӣ бо ниҳоди муҳими СММ
Мулоқот бо мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо ин ниҳод хеле муҳим арзёбӣ гардид.
Дар қароргоҳи Созмон маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон доир гашт. Иттилоъ доданд, ки шароиту иқлими минтақаҳои Тоҷикистон барои парвариши зардолу мутобиқ мебошад. Ҳамасола ҷумҳурӣ то 90 ҳазор тонна хушкмева содирот менамояд, ки бештари онро зардолуи хушк ташкил медиҳад. Аз ҷумла, танҳо дар се моҳи аввали соли 2024 аз Тоҷикистон бори аввал ба Ҷумҳурии Италия 66 тонна зардолуи хушк содир шудааст.
Барои таҳкими муносибатҳо ба роҳбарияти Созмон намунаҳо аз ниҳолҳои навъҳои гуногуни зардолу ва ангури тоҷикӣ тақдим гардиданд.

Мулоқот бо намояндагони 
тоҷикони муқими Италия
Дар ҷараёни сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯён ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, дидор доштанд. 
Президенти кишвар дар хусуси дастгирию ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии шароити будубоши ҳамдиёрони бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон, ки ба омӯзиши илму ҳунар дар хориҷи кишвар машғуланд, андеша ронда, донистани забонҳои хориҷию аз худ кардани нозукиҳои техникаю технологияи муосирро амри зарурӣ номиданд.
Сарвари давлат аз ҳозирин даъват намуданд, ки дар шароити мураккаб ва тағйирёбандаи ҷаҳон ҳушёру зирак бошанд ва Ватани аҷдодиро дӯст доранд. 

Вохӯрӣ бо Попи Рим
26 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ аз Ватикан дидан намуданд. Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.
Дар вохӯрӣ бо Попи Рим таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад. Дар суҳбат бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин бошад, аз оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистону Ватикан изҳори қаноатмандӣ шуд. Доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. 
Дар доираи сафар Сарвари давлат, ҳамчунин, аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки он соли 1771 кушода шудааст. Бунёдгузори Осорхона Поп Юлий II мебошад. Аз Осорхона ҳамасола як миллиону 600 ҳазор нафар боздид менамояд ва бо таъриху фарҳанги давраҳои гуногуни Ватикан шинос мешавад. 

Мулоқот бо Президенти тозаинтихоби Эрон
Бояд ёдовар шуд, ки 19 май Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол ба ҳалокат расиданд. Ба ин хотир, бо мақсади иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷиавии Саидиброҳим Раисӣ 22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир, мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони шаҳидшудагон ҳамдардии амиқ баён намуданд.
30 июл Масъуди Пизишкиён зимни маросими савгандёдкунӣ расман ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шуруъ намуд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ва иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Зимни мулоқот бо Президенти тозаинтихоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки кишварҳои мо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд ҳам густариш хоҳанд дод.
Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки дар ҳошияи сафари корӣ Пешвои миллат бо намояндагони воломақоми ҶИЭ як қатор вохӯриҳои судманд баргузор карданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ мулоқот намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раисҷумҳури Эронро ба Роҳбари инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду давлатро боз ҳам рушд хоҳанд дод. Инчунин, дар шаҳри Теҳрон Президенти кишвар бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот карда, ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду ҷумҳурии бародарро баррасӣ намуданд. Зимнан, аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.

ОЗАРБОЙҶОН
Дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон
Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамаи давлатҳо муносибатҳои дӯстона ба роҳ мондааст, ки барои рушди бемайлони ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумла, натиҷаи ҳамин сиёсат аст, ки муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон сол ба сол густариш меёбад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ду маротиба бо сафарҳои давлатӣ ва корӣ озими Озарбойҷон шуданд. 
22 май Пешвои миллат бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон сафар намуданд. 
23 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гашт.
Дар доираи ин сафар намоиши тиҷоратӣ (бизнес-форум) баргузор гардида, Сарвари давлат зимни баррасии натиҷаҳои он таъкид доштанд, ки баргузории бизнес-форум аз имкониятҳои зиёд бархурдор будани ду кишварро дар густариши робитаҳои иқтисодӣ нишон медиҳад. Маблағи умумии қарордодҳо ва шартномаҳои тиҷоратии дар доираи ҳамоиш имзошуда, дар маҷмуъ, беш аз 700 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 
Бояд таъкид намуд, ки зимни сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Иштирок дар ҳамоиши тағйирёбии иқлим – COP-29 
Маротибаи дуюм Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябр барои иштирок дар Конфронси 29 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Боку сафар карданд. Дар кори он роҳбарони 80 давлат, Дабири кулли СММ, ҳайатҳои даҳҳо созмони бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи умумии Конфронси 29 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим суханронӣ карда, таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба масъалаҳои хавфу таҳдидҳои иқлимӣ ва пайомадҳои онҳо ҷалб намуданд. Таъкид карданд, ки ҳамагон талошу амалҳои худро барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ бояд ба маротиб зиёд намоянд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим барои эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббус намуд, ки бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал қабул гардид. Дар ин замина, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян гардида, дар назди СММ Хазинаи мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт. Бо назардошти аҳамияти хосаи масъалаҳои зикршуда ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис ёбад.

Кишварҳои рӯ ба тараққӣ осебпазир боқӣ мемонанд 
Дар доираи ин сафар Президенти кишвар, ҳамчунин, дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблағгузории соҳаи иқлим, ки дар Павилиони Покистон доир шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза ҳамаи минтақаҳои дунё, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ, бо мушкилоти ҷиддии тағйирёбии иқлим, ки яке аз сабабҳои асосии ба вуқуъ омадани офатҳои табиӣ мебошад, рӯбарӯанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи кишварҳои рӯ ба тараққии аз таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад.

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷриба
Боздид аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз бахшҳои дигари ин сафар буд. 
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи коҳишёбии пиряхҳо ҷалб карданд, ки 75 фоизи захираҳои асосии оби тозаро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъалаи муҳими глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурда шуд. 
Пешниҳод гардид, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврии амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо, миёни кишварҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю дониш тақвият ёбад. 

Ду вохӯрии муҳим
Дар ҳошияи ҳамоиши COP-29 Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Имоми акбари муассисаи Ал-Азҳари Миср доктор Аҳмад ат-Тайиб мулоқот намуданд.
Пешниҳод шуд, ки кормандони соҳаи дини Тоҷикистон барои табодули таҷрибаи илмию амалӣ ва омӯзиши афкори таҳаммулпазирӣ ба давраҳои таълимии муассисаи Азҳар ҷалб шаванд.
Дар суҳбат бо Президенти Бонки осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асагава бошад, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани он муҳокима шуд. Тайи 26 соли ҳамкорӣ Бонк 158 лоиҳаи барои кишвари мо муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст. Ҷонибҳо таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани онро баррасӣ намуданд.

ҚАЗОҚИСТОН
Аз тавсеаи ҳамкорӣ то иштирок дар ҳамоишҳои байналмилалӣ
3 июл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. 
Дар остонаи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот карданд. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии СҲШ ва мавзуъҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид. Сарварони ду давлат, инчунин, доир ба масъалаҳои рушди муносибатҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. 
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои СҲШ иштирок ва суханронӣ карданд. Ҷаласаи навбатии Созмон аз нишастҳои қаблӣ бакуллӣ фарқ дошт. Дар ин ҳамоиш роҳбарони кишварҳои узв даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, тиҷорат ва амниятро ба имзо расонданд, ки рушди минбаъдаи ин Созмонро муайян мекунанд. Дар суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва аҳамияти СҲШ ҳамчун Созмони бонуфузи минтақавӣ ибрози назар карда, таъкид намуданд, ки Созмон бояд мақоми худро ҳамчун ниҳоди муносибатҳои байналмилалӣ тақвият бахшад. 

Таҳкими муколамаи бисёрҷониба – талошҳо 
барои сулҳ ва рушди устувор
Дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар вохӯрии Созмони ҳамкории Шанхай – плюс иштирок карданд. Рӯзномаи ҳамоиш, ки таҳти шиори "Таҳкими муколамаи бисёрҷониба – талошҳо барои сулҳ ва рушди устувор" баргузор гардид, фарогири масоили тақвияти нақши СҲШ дар ҳалли мушкилоти кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Сарварони давлатҳо, пеш аз ҳама, сари масъалаи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод тамаркуз карданд. Дар ин ҳамоиш, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, инфрасохтор, энергетика, муҳити зист, тандурустӣ, сайёҳӣ, маориф, рақамисозӣ, нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили амниятӣ мақоми махсус ишғол намуд. Пешвои миллат бехатариро асоси татбиқи ҳамаи ташаббусҳои созанда номида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати идомаи тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, ҷалб карданд. 

Вохӯрии шашуми машваратии 
сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ 
Бори дуюм, 8 август Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии шашуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳошияи вохӯрии шашуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид. Дар ин барнома президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд.
Аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барномаи бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири муштаракоти таърихиву фарҳангиро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби меҳмонони олимақом баҳои баланд гирифт. 
9 август дар шаҳри Остона вохӯрии шашуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои минтақа баррасӣ шуданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзию саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохторию логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки нахустин вохӯрии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дар доираи вохӯриҳои машваратӣ ҳар сол баргузор намудани намоишгоҳҳои Экспо – Осиёи Марказӣ низ муфид арзёбӣ гардид. 
Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба 17 сентябр рост омад.
Пешвои миллат барои иштирок дар вохӯрии дуюми сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон озими шаҳри Остона шуданд. 
Дар доираи ин сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолс мулоқот намуданд. Тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ аз масоили муҳими суҳбат буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз ҳиссагузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои "Тоҷикистон" ва "Себзор" дар ВМКБ, ҳамчунин, навсозии Неругоҳи "Норак" ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони Неругоҳи "Роғун" низ идома ёбад.
Дар навбати худ, Олаф Шолс изҳор дошт, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидоэнергетика ва дигар манбаъҳои “неруи сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст. Ҷонибҳо, инчунин, оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои энергияи офтобӣ ва бодӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорат, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
17 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар нишасти дуюми “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” иштирок ва суханронӣ карданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки “идомаи муколамаи мо дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Олмон ба талошҳои муштарак барои муайян кардани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ноил шудан ба натиҷаҳои амалӣ мусоидат мекунад”. 
Дар анҷоми нишаст Эъломияи муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.
28 ноябр дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона, ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ин ҳамоиш ба шаҳри Остона сафар намуданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони давлатҳои Беларус, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли СААД иштирок доштанд. 
Сарварони давлатҳо доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи СААД, робитаҳо бо дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои Созмон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.

СММ 
Ташаббусҳои Тоҷикистон ҳамовозӣ пайдо мекунанд
Даҳаи сеюми моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи Созмон – шаҳри Ню-Йорки ИМА, иштирок намуданд. 
24 сентябр Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни роҳбарони 93 кишвари дунё дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси мазкур сухан ронда, мавқеи Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ бори дигар таъкид намуданд.
Маҳз дар ҳамин ҳамоиш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда қабул шавад. Сарвари давлати мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, ки барои хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна бояд ҷаҳду талоши якҷоя дошта бошем. 
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафар ба ИМА, Президенти Тоҷикистон бо як қатор шахсиятҳои сатҳи олӣ вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Директори идории Бонки ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло ва муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков аз ҷумлаи онҳост. 
Бояд тазаккур дод, ки дар дидору вохӯриҳои болозикр масоили ҷалби маблағ барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “неруи сабз”, рушди “иқтисоди сабз” ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он аз мавзуъҳои умдаи суҳбатҳо буданд.

Тоҷикистон ташаббускори Рӯзи ҷаҳонии футбол
Дар идомаи дастгирии иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон соли 2024 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи эълон кардани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол пуштибонӣ кард. 
Бо иттифоқи оро қабул шудани пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тантанаи ҳақиқии футбол ва эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Инчунин, расман ҷашн гирифтани Рӯзи футбол дар дунё мужда барои футболбозон, мураббиҳо, кормандони ришта ва дӯстдорони варзиши рақами яки сайёра мебошад. 
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоле аз ташаббуси нави байналмилалии кишвари мо истиқбол кард, ки соли гузашта тими миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар доир гашт, ширкат карда, то даври чорякниҳоӣ баромад. Аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарин тимҳои Осиё шомил гардид, ки бозгӯи рушди воқеии футбол дар кишвар аст.

Иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Туркманистон
Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва судманд бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла бо Туркманистон, ки дар заминаи мустаҳками робитаҳои ҳусни ҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигарӣ асос ёфтаанд, аҳамияти хоса медиҳад. Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар буда, минбаъд низ рушд меёбанд. 
Дар доираи ҳамин муносибатҳои дӯстона, 11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафари корӣ анҷом доданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони "Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф" иштирок намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман ибрози андеша карда, таъкид намуданд, ки дар Тоҷикистон баргузор шудани мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Фироқӣ, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти кишвар ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нишони возеҳи дӯстӣ ва муносибатҳои созандаи мардумони бародари Тоҷикистону Туркманистон мебошад. 
Дар фароварди ҳамоиши байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов бо медали ҷашнии 300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ сарфароз карда шуданд.

Густариши робитаҳо бо Кувайт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябри соли 2024 бо сафари расмӣ озими Давлати Кувайт шуданд.
Дар толори махсуси     Фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар – шаҳри  Ал-Кувайт, Сарвари  давлатро Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ истиқбол гирифтанд. Барои пазироии меҳмони олимақом дар Фурудгоҳи Ал-Кувайт, ҳамчунин, намояндагони воломақоми ин кишвар аз Девони Амирӣ то роҳбарияти олирутбаи Горди амирӣ ҳузур доштанд. 
Пас аз истиқболу шиносоӣ дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт, вохӯрии хосаи сарварони ду давлат ва музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид. 
Дар рафти суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар унвон гардид. Амири Давлати Кувайт зимни баррасии масоили иҷтимоӣ аз сиёсати босамари Президенти Тоҷикистон доир ба дастгирии бонувон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа дастгирӣ намуда, афзуд, ки дар Кувайт низ аз ҳамин сиёсати ҳакимона кор гирифтаанду хонумонро ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин менамоянд. 
Дар ҳошияи сафар як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба имзо расида, дидору мулоқотҳои судманди дигар низ анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар доираи масоили сиёсӣ ва иҷтимоиву тиҷоратӣ бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ, муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ва Мудири кулли Фонди кувайтии рушд Валид ал-Баҳар вохӯрӣ намуданд. 
Иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе”, ки 4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор гардид, барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишваре, ки ибтикороташ ба нафъи мардуми сайёра равона шудааст, саҳми бориз гузошт.  Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони Конфронсро ба масъалаҳои паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват, низоъҳои мазҳабӣ гумроҳсозии ҷавонон ҳамчун аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуданд. Ҳамин буд, ки суханронии Пешвои миллат дар расонаҳои хабарии ҷаҳони араб ва кишварҳои иштирокдори Конфронс пӯшиши иттилоотии густурда касб намуд. 
Дар ҳоле, ки дунё дар коми бархӯрду даргириҳост, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сулҳу ваҳдат мегӯянд ва ҷаҳониёнро ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда даъват менамоянд. 
Рӯйдоди дигаре, ки дар доираи сафари мазкур сурат гирифт, ин доир гардидани мусоҳибаи Сарвари давлат бо мудири кулли Агентии иттилоотии Кувайт доктор Фотима ас-Солим буд. Бояд гуфт, ки суҳбат дар атрофи ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт, ҳамкории ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, барпо гардид. 
Илова бар ин, дар мусоҳиба масъалаҳои рӯзмарраи обу иқлим мавриди назар қарор гирифт. Пешвои миллат оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим ва мавқеи пешоҳангии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ дар ин самт ба таври муфассал ибрози андеша намуданд. 
Мавриди зикр аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ва иштирокашон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм, ҳамчунин, дигар чорабиниҳое, ки сурат гирифтанд, аз ҷумла намоиши имкониятҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, муаррифии нашри китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров ба забони арабӣ, дар расонаҳои Кувайт ва дигар кишварҳои минтақа васеъ инъикос ёфтанд.

Иштирок дар ҳамоиши муштараки 
ғайринавбатии арабию исломӣ
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ, ки дар робита ба пайомадҳои фоҷиабори амалиётҳои ҳарбӣ дар Навори Ғазза ва Лубнон ва буҳрони бесобиқаи гуманитарӣ даъват шуда буд, ба шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ, ки 11 ноябри соли 2024 дар шаҳри Риёз баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла, бо таассуф изҳор доштанд, ки талошҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти ба эътидол овардани вазъ дар Ховари Миёна самара намедиҳанд.
Таъкид гардид, ки Шурои амнияти ин ниҳоди бонуфуз, бо сабаби ихтилофи назар, ҳатто, дар робита ба қабули як қатъномае, ки ҳифзи ҷони аҳолии осоиштаро дар назар дорад, ба мавқеи ягона омада наметавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафҳои даргир даъват намуданд, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳи гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милал ва қарорҳои дахлдори ин Созмони ҷаҳонӣ, ҳал намоянд. Ҳамин тавр, Сарвари давлат бори дигар дар масъалаи даргириҳои Ховари Миёна мавқеи Тоҷикистонро таъкидан баён намуданд. Ин мавқеъгирии Пешвои миллат боз ҳам дар сархати расонаҳои ҷаҳон, алалхусус нашрияҳои кишварҳои араб, ҷо гирифт.
Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид ал-Фолиҳ мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангии ду кишвари дӯстро баррасӣ карданд. Дар маҷмуъ, сафарҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, иштирок дар нишасту ҳамоишҳои сатҳи баланд барои татбиқи ҳадафҳои сиёсати хориҷии давлат нақши намоён гузошта, ҷойгоҳи боэътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият бахшиданд.

ДУШАНБЕ
Аз ҳамоишҳои сатҳи баланд то пазироии меҳмонони олимақом
Соли 2024 Тоҷикистон як қатор сарварони давлатҳо ва меҳмонони воломақоми хориҷиро пазироӣ намуд, ки ба ин васила ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мусоидати фаъол сурат гирифт. Барои қабули меҳмонони олиқадраш Душанбе фазои гуворои дӯстӣ ва меҳмоннавозӣ дошт: дӯстию ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва ҳама мардумони сайёра. 
Танҳо дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" зиёда аз ду ҳазор намояндаи беш аз 130 давлати дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилотҳои хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба пойтахти кишвар ташриф оварданд, ки Тоҷикистонро аз зовияи дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ мекарданду мекунанд. 

Пайки дӯстӣ ва ҳамсоягии наку миёни тоҷику туркман
Аввалин шуда, дар соли 2024 Пешвои миллии мардуми туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар барпо гашта, муносибатҳои байнидавлатӣ баррасӣ шуданд. Атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки ба манфиати ду кишвар аст, ҳавасмандиашонро таъкид доштанд. Аз ҷумла, масъалаи рушди робитаҳо дар соҳаҳои нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашонӣ муҳокима шуд. Таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ аз мадди назари ҷонибҳо дур намонд. 
Ба ифтихори ташрифи меҳмони олиқадр дар толори Кохи Борбад барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони ду кишвар таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" барпо гашт, ки баёнгари ҳамсоягии неки ду мамлакат ва тараннумгари дӯстӣ буд. 
Тайи ин сафар, ки 4-5 апрел ҷараён дошт, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду давлат, 5 санади нав доир ба ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, сохтмон, илм, зилзиласанҷӣ, бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Аргадаг ва омодасозии кадрҳои дипломатӣ ба имзо расид.

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир… 
Аз рӯйдодҳои муҳими дигари моҳи апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 
Тантанаи дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз ёфт, ки бо нишони эҳтирому самимият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози меҳмони баландмақом баромаданд. Намои Фурудгоҳ, ки бо аксҳои сарварони давлатҳо оро ёфта буду парчамҳо парафшонӣ мекарданд ва шиорҳо дӯстии деринаро бозгӯ менамуданд, боз шудани саҳифаи нав дар муносибатҳои ду кишварро бо ибтикори ду роҳбар баён менамуд. 
Дар вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб Пешвои миллат нақши Ӯзбекистони ҳамсояро ҳамчун шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии кишвар муҳим хонданд. Тавре зикр гардид, ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати электронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб дониста шуд. Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзуъҳои дигари музокироти ду кишвар буд. Таъкид гардид, ки имкон ҳаст ҳаҷми гардиши мол миёни давлатҳо ба 2 миллиард доллари ИМА расонда шавад.

Аҳдномаи ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ё санаде, ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа мусоидат хоҳад кард
Дар рафти ин сафар 28 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд, ки барои густариши минбаъдаи робитаҳо миёни ду кишвар ва минтақаҳои онҳо нақш хоҳанд гузошт. 
Аз ҷумла, 6 созишнома оид ба ҳамкории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон бо ҳокимияти вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷон ба имзо расид. Муҳимтарин санад Аҳдномаи ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки зери он сарварони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев имзо гузоштанд.
Арзиши басо баланди ин санад аз ҷониби сарварони ҳарду давлат зимни нишасти матбуотии муштарак низ таъкид гардид. “Ин санад, ҳамчунин, омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар минтақаи мо – Осиёи Марказӣ хоҳад гардид», – изҳор доштанд, аз ҷумла Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Танини «Дӯстии ҷовидон»
Чун анъанаи ҳамешагӣ ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом дар толори Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон бо номи "Дӯстии ҷовидон" танин андохт.
Дар ин шоми гуворо чеҳраҳои шукуфону арҷгузории мардумони ду кишвар ба фарҳанги ҳамдигар, нишон аз дӯстии бисёрсолае буд, ки дар умқи қалбҳо реша давондааст. Ҳамчунин, дар рафти сафар бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардида, сарварони давлатҳо аз Намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии ҳамсоякишвар дар маркази ЭКСПО-и Душанбе боздид намуданд. 

ДЭВИД КЭМЕРОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Аз таассуроти сафар то баҳои баланд ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ
22 апрел  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ оид ба корҳои Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафар ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд. 
Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди “энергияи сабз”, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди “иқтисоди рақамӣ” изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ, гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.
Ёдовар мешавем, ки Дэвид Кэмерон ва ҳайати ҳамроҳон дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Неругоҳи "Норак" шинос шуданд. Зимни шиносоӣ бо НБО "Норак" лорд Девид Кэмерон, ки дар гузашта ҳамчунин Сарвазири Британияи Кабир буд, ба иқтидори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун манбаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза баҳои баланд дод: 
“Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будан бисёр хуб аст. Қарор додем, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи «иқтисоди сабз», «маблағгузории сабз» ва соҳаи иқлим бояд дар сатҳи баланд бошад. Зеро дар вазъияти мураккаби тағйирёбии иқлим чунин лоиҳаҳои бузург, ба мисли НБО "Норак" барои интиқоли неруи «тозаи сабз», аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ барои кам кардани истифодаи ангишт ва коҳиши газҳои гулхонаӣ нақши бориз дорад.
Британияи Кабир барои дастгирии чунин лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» ҳавасманд аст”.

Робитаҳои таконбахши тиҷорат дар минтақа
Моҳи июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид доштанд: “Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, мо алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем”. 
Бо мақсади вусъат додани ҳамкорӣ, баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шурои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар зарур шумурда шуд.
Масъалаи дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ, хусусан роҳҳо ва бандарҳои обии Покистон, муҳокима шуда, ҳамчунин, пайвастшавии ду кишвари дӯст тавассути роҳҳои мошингарду оҳан матраҳ гардид, ки ин ба рушди тиҷорат заминаи хуб хоҳад гузошт. Ҳамзамон, таъсиси марказҳои логистикӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Покистон ба манфиати кори муштарак дониста шуд. Масъалаҳои илму маориф ва таъмини амнияту ҳамкории байналмилалӣ низ матраҳ гардиданд. Ба имзо расидани 9 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи шарикии стратегӣ, нишони ба марҳалаи нав баромадани ҳамкории дуҷониба аст. 

Дидори ҳамсояҳои нек ва дӯстони дерина
Тоҷикистон барои қабули шарики стратегӣ ва ҳамсояи некаш Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагии ҷиддӣ дид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳ пешвоз гирифтанд. Саҳни фурудгоҳро парчамҳои давлатии ду ҷумҳурӣ бо аксҳои роҳбарони кишварҳо, инчунин, шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат оро медоданд. 
Баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин 5 июл дар вохӯрии хосаи сарварони ду давлат оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушнудӣ аз ташрифи меҳмони олиқадр иброз доштанд: «Мо дар шахсияти Шумо, ҷаноби Раис, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мардуми худро мебинем. Дидори ҳамсояҳои нек ва дӯстони дерина барои мо ҳамеша рӯйдоди бузургу хурсандиовар аст”. 
Дар мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар баррасӣ шуданд. Афзоиши сармоягузории Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва «зеҳни сунъӣ» зарур дониста шуд. 
Тибқи маълумот, дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, амал мекунад. Истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии ҳушманд барои тақвияти ҳамкорӣ дар оянда мубрам арзёбӣ шуд. 

Ордени Дӯстӣ ба Пешвои миллат
Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин сафар сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени Дӯстӣ буд. Ин эътироф мояи ифтихори тамоми мардуми тоҷик гардид, ки самараи сулҳҷӯиву ваҳдатофаринӣ ва посдори ойини дӯстӣ будани Пешвои миллати мост. 
Мукофоти олиро дар фазои тантанавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Президенти мамлакат тақдим намуда, нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номиданд ва таъкид доштанд, ки, "маҳз ба хотири ин шахсияти арзанда, бори аввал дар таърихи давлатдории Чин маросими супурдани мукофоти олии давлатӣ – ордени Дӯстӣ, берун аз ҳудуди кишвар сурат мегирад". 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо арзи сипоси самимона ба ҳамтои худ, ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуданд.

Чин шарики муҳимтарини Тоҷикистон боқӣ мемонад
Дар ҳузури роҳбарони давлатҳо 29 санади нав дар соҳаҳои гуногун ба имзо расида, пас аз он натиҷаҳои мулоқоту музокироти Тоҷикистону Чин дар нишасти хабарӣ ба самъи рӯзноманигорон расонда шуд. 
Президенти кишвар ташрифи муҳтарам Си Ҷинпинро рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои давлатҳо хонданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шарикони муҳимтарин ва радаи аввали тиҷоратии кишвари мо боқӣ мемонад. 
Фаъолияти ширкатҳои "Зарафшон" (Зи Ҷин Голд), маҷмааи саноати бофандагии "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил", "Хуаксин семент-Ёвон" ва чанде дигар намунаи равшани ҳамкории пурсамари сармоягузории ду ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Бунёду таҷдиди роҳ дар минтақаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон, долони транзитии Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон –Туркия ва қитъаи шоҳроҳи Душанбе – Кулма дар минтақаи ноҳияи Рӯшон то гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Қарасу мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан дар масири Чин –Тоҷикистон – Афғонистон барои густариши робитаҳо ва тавсеаи тиҷорати минтақавӣ аз тадбирҳои зарурӣ дониста шуд. 

Биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ 
ҳосили ҳамкории дӯстона
Дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.
Сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар фазои тантанавӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир – Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳусни оғоз бахшиданд.
Сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи санъати баланди меъмории муосири ҷаҳонию миллӣ ва нақшу нигори тоҷикӣ бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.
Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ қомат афрохта, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидаанд. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад. Дар ошёнаҳои бино толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои кориву ёрирасон ҷойгиранд. 
Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо доман густурдаанд. Дар бино ҳуҷраҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату сохторҳои зертобеи он, толор барои ҷаласаҳои Ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, се маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир шудаанд. Баландии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Ташрифи Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон 
22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. 
Зимни вохӯрии сарварони ду давлат масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, молия ва бонкдорӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳо баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки Қазоқистон аз шарикони пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон буда, гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳоли афзоиши устувор аст. Ҷонибҳо таъсиси се маркази логистикӣ барои интиқоли маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистонро зарур донистанд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат низ ба манфиати кор гуфта шуд.
Бо ширкати сарварони ду давлат 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон буд.
 Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ аҳамияти таърихии имзои ин санадро махсус таъкид карда, аз ҷумла изҳор доштанд: “Ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав мекушояд ва бовар дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд”.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ва ифтитоҳи муҷассамаи шоир ва маорифпарвари бузурги қазоқ Абай Қунанбайули дар боғи Фирдавсии пойтахт нишони арҷгузории миллати тоҷик ба фарҳангу маданияти халқи қазоқ аст, ки дар доираи ин сафар ба вуқуъ пайваст. 
Дар толори Кохи Борбад дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони қазоқ барномаи рангину хотирмон пешкаши ҳозирин гардонданд, ки таҷассумгари дӯстии мардумони ду кишвар буд. 

Устуворӣ дар татбиқи иқдомҳои ҷаҳонӣ
Моҳи июн Тоҷикистон мизбони Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» буд, ки Тоҷикистонро аз зовияи дигар ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. 
Ин Конфронс тайи се рӯз зиёда аз ду ҳазор меҳмони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузро, бо шумули коршиносону таҳлилгарон, дар Душанбе ба ҳам овард. Иштирокдорони Конфронс саҳми Пешвои миллати моро дар пешгирии буҳронҳои марбут ба об муҳим арзёбӣ карда, барои ҳалли ин мушкилот ҳамовозию ҳамдастии худро таъкид доштанд. 
Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки на танҳо ташаббус пеш мегирад, балки барои амалишавии он устуворона пеш меравад. 

Афзоиши ҳаҷм ва бахшҳои сармоягузорӣ 
аз Бонки исломии рушд
Дар ҳошияи ин Конфронси сатҳи баланд як қатор меҳмонҳои баландпояро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд. Аз ҷумла, 10 июн мулоқоти судбахш бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер доир гардид.
Зимнан таъкид гашт, ки Бонки мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаҷми 916 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст. Ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.

АЗ АВРУПО ТО АФРИҚО
Ташаббусҳои Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд
Аз меҳмонҳои дигари воломақом узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович буд, ки дар рафти мулоқот Сарвари давлат ташрифи ӯ ва ҳайати ҳамроҳонашро далели дастгириҳои доимии ин давлат аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ намуданд. 
Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ карданд. 
Зимни вохӯрӣ бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга омодагии кишварҳо барои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори саноат, кашф ва истихроҷи маъданҳо, кишоварзӣ, энергетика ва сайёҳӣ таъкид гардид. 

ЮНЕСКО ва эътирофи сазовори фарҳанги оламгир
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО саҳифаҳои нав боз шуданд ва як қатор ёдгориҳои Тоҷикистон, ба мисли Саразм, Боғи миллӣ, ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Меҳргон, Шашмақому Фалак, сохтан ва навохтани рубоб, гулдӯзӣ ва бофтани атласу адрас, ба феҳристи ин Созмони бонуфуз шомил шуданд. Дуто аз ин номинаҳо дар соли 2024 ба ин мартаба расид.
Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи СММ баррасӣ шуд. Чуноне Сарвари давлат изҳор доштанд, тавсеаи робитаҳо бо ЮНЕСКО дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, сатҳу муҳтавои имрӯзаи он боиси қаноатмандӣ аст. 
Мавриди зикр аст, ки хонум Одри Азуле дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ намуда, гуфт, ки аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ифтихор мекунад ва ҷашн гирифтани 30-солагии муносибатҳоро бо кишвари мо воқеаи фараҳбахш номид. 
«Мероси миллии Тоҷикистон бо об пайвандӣ дорад ва мо намунаи инро дар Саразм мебинем, ки ҳанӯз 5500 сол пеш дар он каналҳои ирригатсионӣ вуҷуд доштанд. Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳост ва дар ин самт низ Тоҷикистон нақши хеле назаррас дорад», – афзуд ӯ. 

ДАСТРАСӢ БА ОБИ ТОЗА ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Ду нуктаи муҳими як суханронӣ
11 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар изҳор доштанд, ки мо ҳама якҷо тавонистем обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳим муттаҳид созем. Аммо тадбирҳои то имрӯз дар ин самт анҷомёфтаро нокифоя дониста, барои дарёфти роҳҳои нави расидан ба ҳадафҳо пешниҳодҳои нав ба миён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо ва кӯлу дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзуи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори он яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат таваҷҷуҳи иштирокдорони Конфронсро ба масъалаи дигари рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намуданд. Яке аз аввалинҳо шуда, ҷиҳати фаъолсозии Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо саҳми молиявии худро гузоштани Тоҷикистон низ садо дод. 

Тавсеаи ҳамкорӣ бо СММ
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории судманд дорад. Қабули даҳ қатъномаи марбут ба обу иқлим аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ, ки Тоҷикистон пешниҳод намудааст, тасдиқи ин гуфтаҳост. 
Дар ин чорабинӣ муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа ширкат варзид ва бо Пешвои миллат мулоқот дошт. Масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди “неруи сабз” аз нуктаҳои муҳими ин вохӯрӣ буд. 
Таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамлу нақл, рушди инфрасохтори он ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ дар вохӯрӣ бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана баррасӣ шуд. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, низоми зеҳнии нақлиётӣ ва тағйирёбии иқлим аз мавзуъҳои дигари ин мулоқот буданд. Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси иҷлосияи 78 Маҷмаи умумии СММ Деннис Фрэнсис дидор доштанд.

Густариши ҳамкорӣ бо Ватикан, 
Арабистони Саудӣ ва Малайзия 
Дар ҳошияи ин ҳамоиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин, котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин, вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон ал-Фазлӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
Агар зимни мулоқот бо котиби давлатии Ватикан масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ ёфта бошад, бо вазири кишоварзии Арабистони Саудӣ ба масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба ин мамлакат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Роҳандозии хатсайрҳои мустақим миёни шаҳрҳои ду кишвар омили муассир дар рушду таҳкими робитаҳои дуҷониба дониста шуд. 
Дар вохӯрӣ бо Нур Ҷазлон Муҳаммад дар бораи аз шарикони муҳим ва дӯсти боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ будани Малайзия сухан рафт. Зарурати густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ ба миён гузошта шуд. 

Арзи сипоси намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон 
Дар маҷмуъ, баргузории Конфронси мазкур нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам боло бурда, нақши боризи Сарвари давлатро барои ҳалли масоили марбут ба обу иқлим бори дигар ба аҳолии сайёра нишон дод. 
Бо назардошти он ки таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ аз масъалаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад, иштирокдорони Конфронс аз иқдоми Президенти кишвар гарм истиқбол гирифта, изҳори ташаккур намуданд. Муовини аввали Президенти Зимбабве Константино Чивенга ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: «Об пешрафти ҳамаи соҳаҳоро таъмин мекунад ва баргузории ин ҳамоишҳо арзиши баланд доштани обро нишон медиҳанд. «Раванди оби Душанбе» рамзи ваҳдат аст ва кишварҳои аъзоро водор месозад, то баҳри иҷрои уҳдадориҳое, ки ба зимма гирифтаем, бештар талош варзем. Воқеан, вазъи миллионҳо одамон, ки ба оби тоза ва санитария дастрасӣ надоранд, хеле ташвишовар мебошад. Таъсири манфии он ба гурӯҳҳои осебпазир, махсусан занон, зиёдтар мерасад. Аз ин лиҳоз, ҳама талошҳо бояд барои дастрасии баробар пайдо кардани аҳолии сайёра ба оби тоза равона гарданд». 
Баргузории Конфронс нишон дод, ки имрӯз Тоҷикистон метавонад мизбони чорабиниҳои байналмилалӣ бошаду ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ аз худ дарак диҳад. Ба ин васила, бори дигар номи Тоҷикистон дар сархати расонаҳои мамолики олам чун кишвари башардӯст ёд шуд. 

Нақши барҷастаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ 
Боз як рӯйдоди муҳими сол ба кишвари мо ташриф овардани Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш унвон мешавад. 5 июл дар вохӯрӣ бо Антониу Гутерриш Пешвои миллат нақши боризи СММ-ро дар татбиқи маҷмуи барномаҳои авлавиятноки Тоҷикистон назаррас арзёбӣ карданд. 
Антониу Гутерриш ба нақши намоёни Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ишора карда, гуфт: “Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва, дар умум, кори ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад”.  Ҳамин тавр, ташрифи меҳмонони воломақом ба Тоҷикистон, дӯстию ҳамкории босамари давлати моро бо кишварҳои дуру наздик нишон дод. Ин ва даҳҳо далелҳои дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки тавсеаи муносибатҳои хуби мо бо мамолики хориҷӣ, пеш аз ҳама самари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Чуноне Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ба шарофати барпо намудани робитаҳои дипломатӣ боз шудани саҳифаи навро дар таърихи дӯстии бисёрасра ишора карда, аз нақши мондагори Президенти кишвар дар ин росто ёдовар шуданд: «Дар ин муддат муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз имтиҳонҳои мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд. Дар ин замина, ду кишвари дӯст аз ҳамсояҳои нек ба шарикони беназири стратегӣ табдил меёбанд. …Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд». 
Ба ин монанд, метавон аз нақши барҷастаи Президенти кишвар дар таҳкими муносибатҳо бо кишвари ба мо бародари Ӯзбекистон ҳарф зад, ки ба туфайли сиёсати созандаашон бо муҳтарам Шавкат Мирзиёев ду мардуми ҳамсоя дубора ба дӯстию ҳамкории анъанавӣ рӯ оварданд. 
Ғайр аз ин, тули мавҷудияташ Тоҷикистон бо ташаббусҳояш собит намуд, ки дар фикри фардои осудаи банӣ-башар аст. Ин аст, ки Сарвари моро чун Пешвои об мешиносанд ва ба шахсияташон эҳтиром қоиланд. Ин суханҳои Кумар Ҷа, директори глобалии Бонки ҷаҳонӣ, дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, далели гуфтаҳои болоянд: «Ман дар ин минтақа хеле зиёд фаъолият намудаам. Тоҷикистон ва дигар кишварҳои он барои ман ҳамчун хонаи дуюм аст ва бениҳоят хурсандам, ки дар масоили об бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ менамоям. Мо дар симои он кас дар бобати пешбурди маърузаи об Пешвои ягонаро мебинем. Ташаббусҳое, ки Тоҷикистон барои пешгирии буҳронҳои марбут ба об мегирад, намунаи ибратанд». 
Муовини аввали Президенти Зимбабве Константино Чивенга бошад, аз ташаббусҳои Тоҷикистон истиқбол карда, ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: «Ташаббусе, ки Шумо – Ҷаноби Олӣ, пеш гирифтаед, хеле муҳим мебошад. Ин чорабинӣ ҳам дар сатҳи хеле баланд мегузарад. Изҳори сипос ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон».
Ин эътироф, агар аз як ҷониб, таҷассумгари бузургии шахсияти Пешвои миллат бошад, аз ҷониби дигар, собит месозад, ки Президенти муҳтарами кишвар шахсе ба симои миллатанд. Бо кору амали созанда, сиёсати дурбинона, таҳаммулгариву сулҳхоҳиашон тавонистанд Тоҷикистонро чун кишвари сулҳҷӯву сулҳпарвар ба тамоми башар муаррифӣ намоянд. Вале, бо вуҷуди ин, ҳамаи музаффарияту муваффақияти хешро аз мардум медонанд ва ҳамеша ба халқ такя мекунанд. Чуноне зимни сафари имсола ба Федератсияи Россия аз ҷониби роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ – ордени Дуслик (Дӯстӣ) сарфароз шуданд ва пас аз изҳори миннатдорӣ ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма иброз доштанд: “Ин мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористонро, пеш аз ҳама, ба мардуми кишварам мансуб медонам”.
ВАРЗИШ
Аз медалҳои олимпӣ то мизбонии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ
Соли 2024 дар соҳаи варзиши кишвар низ музаффариятҳои шоёни таҳсин ба даст омаданд. Аз ҷумла, варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои олимпии Париж – 2024 ба хазинаи олимпии Тоҷикистон 3 медал оварданд. 
Ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки аз 14 варзишгар иборат буд, сазовори се медали биринҷӣ гашт, ки дастоварди таърихӣ аст. Медалҳоро Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) дар ҷудо ва Давлат Болтаев (-92 кг) дар бокс сазовор гаштанд. Варзишгарони номбардори Ватанро 14 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳузур пазируфтанд. Ҳар як ҷоизадори Бозиҳои олимпии  Париж  соҳиби  мукофоти давлатӣ – ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ – Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид.
Соли 2024 шаҳри Душанбе маркази баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ гардид. Бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш, дар ин давра, нахустин мусобиқаи байналмилалии Гран-слам оид ба гӯштини ҷудо, нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, нахустин Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола ва нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо иштироки варзишгарон аз 167 давлати дунё баргузор карда шуданд.
3-5 май дар пойтахти кишвар мусобиқаи Гранд слам бо иштироки 390 варзишгар (204 мард, 186 зан) аз 65 давлат доир гашт. Дар мусобиқа паҳлавонони кишвар 7 медал – 1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ гирифтанд. Дар вазни -60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҷойи аввал, Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ҷойи дуюм, Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ҷойи сеюмро гирифтанд.
30-31 август шаҳри Душанбе мизбони аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуд, ки дар он 200 варзишгар аз 63 давлат ширкат дошт. Иштироки Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими кушодашавӣ ба Чемпионат шукӯҳу ҷалол бахшид.
Паҳлавонони кишвар дар аввалин Чемпионати ҷаҳонии гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ 11 медал (5 тилло, 1 нуқра, 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Миёни мардон аз 6 вазн дар панҷтоаш паҳлавонони тоҷик пирӯз гаштанд: дар вазни -65 кг Муллораҷаб Халифаев, дар вазни -71 кг Масъуди Аҳмадзод, дар вазни -86 кг Ҳақназар Назаров, дар вазни -75 кг Кароматулло Ҳакимов ва дар вазни +95 кг Шакармамад Мирмамадов. Медали нуқраро Шоҳида Қаландарова дар вазни -70 кг миёни бонувон сазовор шуд. Шаҳбоз Саидаброров (-65 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-71 кг), Қоим Шукронов (-78 кг), Улуғбек Раҳимов (-95 кг) миёни мардҳо, Мадина Қурбонзода (-52 кг) миёни бонувон ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд.

Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор
Ҳамин тавр, маҷмуи ибтикороти анҷомшуда дар соли 2024 босароҳат нишон медиҳад, ки мардуми шарафманди тоҷик бо пуштибонии тамом аз сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол уфуқҳои тозаи рушду тавсеаро фатҳ менамоянд. 
Ифтитоҳи муассисаҳои таълимию тандурустӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, қасрҳои фарҳанг, толору майдонҳои варзиш, марказҳои савдою хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, ки танҳо дар зарфи як соли гузашта иттифоқ афтоданд, на танҳо барои имрӯз, балки ҳамчун зербинои осебнопазир барои фардои боз ҳам дурахшонтар хидмат хоҳанд кард. Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи кишвар ҳадди ақал дар се соли охир нишон медиҳанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар шоҳроҳи тараққиёт роҳи бебозгаштро баргузидааст. Тайи солҳои охир суръати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба андозаи аз 7 то 8,4% нигоҳ дошта мешавад, ки нишондиҳандаи баландтарин дар аксари минтақаҳои ҷаҳон аст. Ин нукта аз ҷониби коршиносони аршади минтақа ва ҷаҳон мунтазам эътироф мегардад. 
Дар ин росто, аз мо иттиҳоду ҳамбастагии бештаре ҳамчун шарти асосии таъмини пешрафт ва расидан ба ҳадафҳои волои миллӣ тақозо мешавад. 
Дар шароити феълӣ ҳодисаҳои фоҷиабори як қатор кишварҳои олам ё умуман, вазъи ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳанд, ки дар гиромидошти неъматҳои фаровони истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи комил ғофил набошем. Зеро ҳамин ваҳдати комил ва шинохти дурусту дастгирӣ аз сиёсати бунёдкории Президенти маҳбуби кишвар аст, ки ҳар рӯз шоҳиди рӯйдодҳои фараҳбахш мешавем. 
Набзи ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки нисбат ба мушкилоти ҷойдошта дар ҷомеа бо такя ба неруи хирад доварӣ карда шавад, на аз роҳи манфиатҷӯӣ, ки ба суди дигарон бошад. Манзур ин аст, ки бархе гурӯҳҳо ҳанӯз ҳам алайҳи манфиатҳои миллии мо сангар гирифта, талош мекунанд бо истифода аз камтарин мушкилот ба мардум таъсири равонӣ расонанд. Вале давлати Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва аз байн бурдани баъзе мушкилоти ҷойдошта собитқадам буда, то имрӯз дар ин самт як қатор барномаҳоро амалӣ намудааст. 
Тавре Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бо ишора ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ таъкид карданд: «Ҳукумати кишвар бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина, таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди «энергияи сабз», мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст».
Пешвои миллат зикр намуданд, ки то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони Неругоҳи "Роғун" ба анҷом расид. Ҳукумати кишвар бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Зимнан, Сарвари давлат мужда доданд, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар Неругоҳи "Роғун" ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ ноил мегардад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз Тоҷикистон, дар баробари дастовардҳои беназири сиёсати дохилӣ, дар самти сиёсати хориҷӣ низ музаффариятҳои зиёде ба даст оварда, ҳамчун кишвари ташаббускори масоили глобалӣ шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, агар аз як тараф, иқдомоти башардӯстонаро амалӣ созад, аз сӯи дигар, ҳамчун давлати мизбони ҳамоишҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад.
Дар баробари панҷ ташаббуси қаблӣ, соли гузашта Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлоси 79 Маҷмаи умумии СММ пешниҳод карданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул шавад. Воқеан, ин паёме буд, ки башариятро ба андешаи тақдиру сарнавишти хеш водор месозад. Зеро тантанаи сулҳ дар ҷаҳони имрӯз кафолати таъмини фардои башарият ва наслҳои оянда ба шумор меравад.
Дастовардҳои бесобиқа дар сиёсати дохилӣ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ водор месозанд, ки ҳар фарди бедордили ҷомеа ба қадри неъматҳои истиқлолу озодӣ бирасад ва дар пешрафти Ватани азиз нақше бар ҷой гузорад. Дар ин сурат мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари маҳбуби хеш ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил хоҳем шуд. 

Заробиддин ҚОСИМӢ,
Қурбоналӣ РАҲМОНЗОДА,
Фирӯз РАҲМОНИЁН


Санаи нашр: 29.01.2025 №: 21-22-23-24
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив