МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИМАНГАЛӢ ТАСМАГАМБЕТОВ
29-уми январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки ба шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар баробари ин, дар робита ба вазъияти кунунӣ дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он табодули назар анҷом гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷории рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳокима гардид.
Сарвари давлат, бахусус, ба аҳамияти иҷрои саривақтии Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки 28-уми ноябри соли гузашта дар шаҳри Остона аз ҷониби Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ба тасвиб расида буд, таъкид сохта, изҳори итминон намуданд, ки ҳамкории муассир дар ин самт ба таъмини амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, ба тақвияти минбаъдаи кори ҳамаҷониба дар доираи Созмон оид ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.