«АФЗАЛИ НУР». АВЛАВИЯТ БА ҶАЛБИ БОНУВОН БА КОР
Айни замон барои корхона 100 таҷҳизоти истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид шудааст. Корхона дар як моҳ то 600 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол хоҳад кард, ки тибқи талабот як қисми маҳсулоти истеҳсолшаванда содирот мегардад. Дар марҳалаи аввал 50 бону бо ҷойи кор таъмин мешавад. Ҳамзамон, ширкат ташкили корхонаву марказҳои хизматрасониро ба нақша гирифтааст, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар мавзеи Шоқадамбулоқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан сохта мешавад, ки 1000 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад.
Ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, ки айни замон корҳои иктишофӣ ба охир расида, сохтмони корхона оғоз ёфтааст. Бино ба иттилои масъулон, дар ин мавзеъ чанд кон вуҷуд дорад ва дар марҳалаи аввал аз кони Шоқадамбулоқ истифода хоҳад шуд. Кони Шоқадамбулоқ яке аз бузургтарин конҳо дар минтақа ба шумор рафта, дар он то 48 миллион тонна захираи ашёи хом мавҷуд мебошад.
Раванди истеҳсолот се марҳала – қабаткушоӣ, сохтмон ва истеҳсолотро дар бар гирифта, дар ниҳоят оҳан истеҳсол мегардад. Корхона метавонад то 1 миллион тонна ашёи хомро коркард карда, 42-45 дарсад маҳсулоти ниҳоӣ ба даст оварад.
Ба корҳои сохтмонӣ 150 сокини маҳаллӣ ҷалб гардида, масъулон азм доранд, ки корхонаро то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, ба истифода диҳанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Чин ворид ва бо ҷалби мутахассисони ин давлат васлу насб мешаванд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”