ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ  ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ИМА 

БАРҚИЯИ  ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ИМА 

03 феврал 2025, Душанбе
1
0


31-уми январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент, 
Хабари фоҷиабори талафоти зиёди ҷонӣ  бар асари садама ва суқути ҳавопаймои мусофирбар ва чархболи низомӣ дар фазои Вашингтон боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям».

Санаи нашр: 03.02.2025 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив