ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ОБОДКОРИҲО ДАР НОҲИЯИ РАШТ

ПАЁМ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ОБОДКОРИҲО ДАР НОҲИЯИ РАШТ

03 феврал 2025, Душанбе
7
0


Имрӯз мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт дар партави Паёми нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта бо азми қавӣ қадамҳои матину устувор мегузоранд. Айни замон дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеоянд, дар ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқониву корхонаҳои саноатӣ баррасӣ гашта, бо ҷидду ҷаҳди суботкорона татбиқ мегарданд. 
– Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву  иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашон дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ  намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои  назаррас саъю кӯшиш доранд, – иброз дошт Зарина  Идизода, раиси ноҳияи Рашт ва ҳамчунин, тазаккур дод, ки бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ корҳои муайян ба анҷом расонда шуда, ҷиҳати иҷрои Стратегия ва барномаву дурнамоҳои тасдиқгардида, инчунин баҳри бартараф намудани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Дар ин замина, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025 тасдиқ шуда, тибқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ба он тағйиру иловаҳо ворид гаштанд. Инчунин, қарори раиси ноҳия «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи мониторинг ва арзёбии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расидааст.
Барномаи мазкур 256 лоиҳаро дар бар мегирад ва маблағи умумии онҳо 393 миллиону 260 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То ба имрӯз дар 203 иншоот корҳои сохтмону барқарорсозӣ идома ёфта, дар ҳаҷми 349 миллиону 781 ҳазор сомонӣ корҳо сомон пазируфтанд, ки 88,9 фоизро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 140 иншоот ба маблағи 314 миллиону 844 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифта,  татбиқи  лоиҳаҳои дигар идома дорад.
Барои иҷрои мақсадҳо кӯшиш менамоем, ки хазинаи ноҳия ғанӣ гардад. Дар натиҷаи корҳои созанда, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 103,8 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 134 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли гузашта 28 миллиону 946 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Дар соли 2024  аз ҳисоби  даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети маҳаллӣ ба андозаи 112,5  фоиз таъмин гашта, ба буҷет 45 миллиону 320  ҳазор  сомонӣ ворид гардид. 
Дар ноҳияи Рашт шумораи соҳибкорон пайваста дар афзудан аст, зеро барои онҳо ҳамаи шароитро муҳайё намудаем. Масалан, соли 2024  тариқи  «Равзанаи ягона» 187 нафар соҳибкор тибқи шаҳодатномаи муқаррарӣ, 616 нафар тибқи шаҳодатнома  бо шартҳои махсус,  446  нафар тибқи патент фаъолият мебарад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳам ба 2874 адад боло рафт. Нишондиҳандаҳои ҷалби сармояи шарикони рушд низ дар сатҳи хуб қарор доранд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Чорводорӣ ва чарогоҳ” амалисозии лоиҳаи сармоягузории “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа”  65 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия ба маблағи 3 млн 461 ҳазор доллари ИМА бо 389 техника ва мошинолоти кишоварзӣ, 1440 оилаи занбӯри асал, 640 сар мурғи марҷон, 47 сар чорвои калон ва 42 сар моли хурди зотӣ  таъмин гардида, сохтмони 20 хатти оби нӯшокӣ ва полизӣ анҷом пазируфт. Дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии  “Тоҷикистон” аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22-юми деҳаи Ҳоит, №39-уми деҳаи Воринг ва №98-уми деҳаи Мусофирон, таваллудхонаи беморхонаи минтақавии Ҳоит ва биноҳои нави дуошёна дар назди беморхонаҳои минтақавии шаҳраки Навобод ва деҳаи Нимичи деҳоти Ҷафр  ба анҷом расида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гашта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағгузории Бонки осиёии рушд  сохтмони бинои Маркази хизматрасонии маҷмуӣ барои модару кӯдак ва таъмири биноҳои беморхонаи  марказӣ ва Муассисаи кумаки аввалияи тиббию  санитарии  ноҳия  ба анҷом расонида, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.  Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “Каритас Швейтсария”  сохтмони маркази дамгирии чорво, таъмири биноҳои таълимӣ ва сохтмони биноҳои ёрирасони муассисаҳои таълимии рақамҳои 48, 61 ва 64-уми ноҳия идома доранд.
Бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022  “Дар бораи солҳои рушди саноат  эълон намудани солҳои 2022-2026” нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст, ки тибқи он бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди 21 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар аст. Имрӯз 32 коргоҳу корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввалия машғул аст. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рашт ва мардуми заҳматписанди он ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми нав ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида, баҳри таъмини рушди бомароми иҷтимоию  иқтисодии  ноҳия саъю талош меварзанд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.02.2025 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив