БАРНОМАИ АМАЛ Ё ТАҲКИМБАХШИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ
– Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барномаи амал ва дурнамоест, ки тамоми самтҳои асосии хоҷагии халқро дар бар гирифта, ба амалӣ намудани умеду ормонҳои мардум мусоидат менамояд. Дастуру нишондодҳои ин ҳуҷҷати раҳнамунсоз, ки ба рушду нумуи давлат нигаронда шудаанд, масъулонро уҳдадор месозад, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат, тадбирҳои судманд андешанд, – иброз дошт Умедҷон Носирзода, раиси ноҳияи Дарвоз.
Воқеан, сокинони мамлакат шоҳиданд, ки рӯз ба рӯз дар кишвари азизамон дигаргуниҳои куллӣ ва назаррас ба чашм мерасанд, ки ҳамаи он натиҷаи сулҳу оромӣ, заҳматҳои бунёдкоронаи халқи тоҷик ва натиҷаи сиёсати дурбинонаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Тавре дар Паём зикр шуд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, он хулосаи Президенти кишвар хеле муҳим аст, ки ҳамаи муваффақиятҳо дар шароите рӯи кор омадаанд, ки вазъи сиёсию низоми ҷаҳон ва минтақа хеле ташвишовар мебошад. Пешвои муаззами миллат бо андешаҳои дурбинонаи хеш вазъи ҷаҳони имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намуда, чунин таъкид карданд:
«Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем».
Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ дар соли сипаригашта кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шудааст. Зикр карда шуд, ки соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонда шуд.
Аз ҷониби Сарвари давлат ба соҳибкорони бонангу номус, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми калон доранд, сипосу миннатдории самимӣ баён карда шуд.
Дар ин замина зикр гашт: «Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шудааст.
Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд».
Бино ба гуфтаи Умедҷон Носирзода, ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба як қатор дастовардҳои намоён ноил гардидааст. Ҳоло дар ноҳия ба истифодаи самараноки замин ва боғу ниҳолпарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ВМКБ 2318 гектар, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз 250 гектар замини нав кушода шуд. Заминкушоиҳо ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии киштзорон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Сағирдашт, Нулванд, Қалъаихумб ва Вишхарв ба таври назаррас ба ҷо оварда шуданд. Аз ҳама калонтарин киштзорони навбунёд даштҳои Мурғобӣ, Мазор, Луч, Ёвон, Роғак, Ёгеду Курговад ва дигар тагдаштҳои хурдтар дар шафати шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма мебошанд.
– Тамоми дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, сокинони кишвар, аз ҷумла мардуми заҳматқарини ноҳияи Дарвозро вазифадор месозанд, то дар ҳар сатҳу зинае, ки кору фаълият менамоем, уҳдадориҳои худро босамар анҷом дода, дар пешрафт ва боз ҳам шукуфо гардидани Ватани азизамон саҳми худро гузорем, – изҳор дошт Умедҷон Носирзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.02.2025 №: 26