МАОРИФ. БА ҒАМХОРИҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ САЗОВОР ФАЪОЛИЯТ КУНЕМ!
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нумуи соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин нукта ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид мешавад.
Дар Паёми навбатӣ (28-уми декабри соли 2024) низ Сарвари давлат бурду бохти соҳаро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, иброз доштанд: «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд».
Бо вуҷуди ин, зимни ироаи Паём Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».
Ин дастур аз он далолат мекунад, ки таълими кӯдакону наврасон таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад, зеро тавре Пешвои муаззами миллат бо сароҳат гуфтанд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд».
Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Инак, ҳангоми ироаи Паём Сарвари давлат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 дарсад ва музди меҳнати кормандони дигар муассисаҳои соҳа 20 дарсад зиёд шавад.
Боиси ифтихори мо – аҳли маориф, аст, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақоми омӯзгорон дар ҷомеа сол ба сол баландтар мегардад. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо мо тамоми саъю кӯшиши хешро ба он равона месозем, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон саҳм гузорем, зеро танҳо шахси соҳибилм бо дониши волои худ метавонад дар ривоҷу равнақи тамоми соҳаҳои иҷтимоии Ватани азизамон ҳиссаи арзандаи худро бигузорад.
Мубина ҚАЮМОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ