ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТДОРӢ. ТАРҒИБИ МЕҲАНПАРАСТӢ ДАР ПАЁМ

ДАВЛАТДОРӢ. ТАРҒИБИ МЕҲАНПАРАСТӢ ДАР ПАЁМ

04 феврал 2025, Сешанбе
11
0


“Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат мебошад".
Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳар амали шоиста, ибтикороти беназир, созандагию бунёдкорӣ ва баёни суханрониҳои меҳанпарастонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели рӯшани ояндаи дурахшон доштани Тоҷикистони азизи мост. Аз рӯзҳои аввали сарварӣ то имрӯз усули корашон чунин будааст, ки падарона ва бо қалби саршор аз меҳр ғами ҳар намояндаи қишрҳои ҷомеаро мехӯранд. Ин шеваи хоси сарварист, ки Пешвои миллатро азизи дилу дидаи мардуми кишвар гардондааст.
Мушаххас аст, ки дар ҷаҳони имрӯза зиндагии осоишта ва кишвари аз ҳар лиҳоз пешрафта доштан кори саҳлу содае нест. Ватандорӣ беш аз пеш мушкил мешавад. Тазодҳои замон моро водор месозанд, ки ҳушдорҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба чашми кам набинем. Даврест, ки ватандорон бояд оқилона амал кунанд. Боз ҳам набояд ба таъбири Пешвои муаззами миллат ҳушёрии сиёсиро аз даст дод. Чуноне ки Сарвари давлат дар Паём зикр карданд, мо дар марҳалаи нави тараққиёт қарор дорем ва бояд ин марҳаларо бо амалӣ намудани қонунҳои миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ сарбаландона тай кунем, то ояндаи дурахшони кишварамон Тоҷикистонро таъмин карда тавонем. Ташаббусҳои бузурги Пешвои миллатро, ки дар соҳаҳои таъмини сулҳу амният дар ҷаҳон, ҳифзи пиряхҳо, об ва иқлим амалӣ шудан доранд, дастгирӣ намоем, зеро маҳз ин ташаббусҳои наҷибу ояндабинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистону тоҷикистониёнро ба ҷаҳониён бештар шиносондааст. 
Насли ҷавони Тоҷикистонро мебояд, ки  бо анҷоми амалҳои ватанпарастона ва нагаравидан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба ин боварии Пешвои муаззами миллат сазовор бошанд. Муҳимтар аз ҳама, танҳо ба василаи фаро гирифтани илмҳои замон метавон аз чанги хурофот раҳид.
Маълум аст, ки ҷавонони ба маърифатандӯзӣ иштиёқманд ҳаргиз даст ба аъмоли хурофотӣ намезананд ва ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ намепайванданд. 

Фаррух САИДАҲМАДОВ, 
устоди ДДМИТ

Санаи нашр: 04.02.2025 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив