ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ.  МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ  БО ҶОМЕАИ ФУТБОЛИ КИШВАР

ВАРЗИШ.  МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ  БО ҶОМЕАИ ФУТБОЛИ КИШВАР

05 феврал 2025, Чоршанбе
6
0


3-юми феврал президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин, масъулони соҳаи футбол мулоқот кард.
Дар ҷаласа рафти иҷрои дастуру супоришҳои президенти ФФТ дар мулоқоти охирин бо ҷомеаи футболи кишвар дар моҳи ноябри соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои ФФТ, Рустами Эмомалӣ аз баромади муваффақонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023, ки ба марҳалаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва баромади дастаи мунтахаби футзал дар Ҷоми ҷаҳон-2024 изҳори қаноатмандӣ кард. Зикр шуд, рӯйдоди фараҳбахш дар соли 2024 ин буд, ки Ассамблеяи генералии СММ қатъномаро бобати 25-уми майро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд.
Дар вохӯрӣ раисони вилоятҳои Хатлон Давлаталӣ Саид, Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот гузориш доданд.
Президенти ФФТ зикр кард, ки бисёре аз варзишгоҳҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ то ҳол дар ҳолати ногувор қарор доранд ва ба масъулон ҷиҳати ҳарчи зудтар ислоҳ кардани вазъ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳҳои «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, «Исмоили Сомонӣ Арена»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор, варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд нурафканҳо, дар варзишгоҳҳои Истаравшан, Фархор ва Ҷалолиддини Балхӣ мониторҳои иттилоотӣ насб гарданд. Роҳрав барои дави Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бояд ҳарчи зудтар нав карда шавад.
Гуфта шуд, ки дар мавсими зимистон клубҳои футболи вилояти Суғд барои тамрин танқисӣ мекашанд. Дар робита ба ин дастур дода шуд, ки дар шаҳри Гулистон майдонҳо бо чамани сунъӣ бунёд шаванд, ки дар он барои гузарондани ҷамъомадҳои тамринии бошгоҳҳои хориҷӣ низ шароит фароҳам ояд.
Вазъи кунунии варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор тариқи монитор намоиш дода шуд. Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба раиси шаҳри Ваҳдат дастур дод, ки варзишгоҳи марказии шаҳр ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ карда шавад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон тибқи лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё чамани сунъии Варзишгоҳи марказии Ҳисорро ба гибридӣ иваз кард ва дар назди раиси шаҳри Ҳисор вазифа гузошта шуд, ки дигар биноҳо дар варзишгоҳ тамрину таҷдид карда шаванд.
Ба ширкати «ТАЛКО» дастур дода шуд, ки чамани варзишгоҳи шаҳри Турсунзодаро пурра ба гибридӣ иваз кунад ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар варзишгоҳи КМВА, воқеъ дар шаҳри Душанбе, чароғакҳо ва чамани сунъӣ насб кунад. 
Ширкати «Барқи Тоҷик» муваззаф шуд, ки дар Ҳисор пойгоҳ барои бошгоҳи футболи «Барқчӣ» бунёд намояд, ки макони асосии тамрини тими мунтахаби ҷавонон ва наврасон аст.
«Бисёр бозигарони боистеъдоди Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд. Аз ин рӯ, дар ВМКБ барои омода кардани футболбозони наврас Академияи футбол таъсис додан ва байни кӯдакону наврасон ва калонсолон баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол зарур аст», – иброз дошт Рустами Эмомалӣ.
Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки дар мувофиқа бо ФФТ дар яке аз шаҳру навоҳии ВМКБ Академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд намояд. 
Аз намояндагони бонкҳои Тоҷикистон даъват гардид, ки дар самти дастгирии футбол фаъол бошанд ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро, ки кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, дастгирӣ намоянд. Илова бар ин, президенти ФФТ бозии бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан»-ро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои КФО-2024/2025 ва тими миллии Тоҷикистонро дар мусобиқоти дӯстона дар Малайзия ва Тайланд шадидан интиқод карда, масъулонро муваззаф намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ дар чемпионати Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешанд.
Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъсиси Маркази тибби варзишӣ дар шаҳри Душанбе корҳои зарурӣ амалӣ гарданд, ки дар он раванди барқарорсозии саломатии на танҳо футболбозон, балки варзишгарони Тоҷикистон гузарад.
Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи футбол ҷиҳати иштироки фаъолонаи мактабҳои варзишии футбол дар мусобиқаҳои лигаҳои кӯдакону наврасон ва бонувони ҷумҳурӣ, инчунин ҷалби мутахассисон ва коршиносони соҳа, таҳияи барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, омода кардани варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон барои баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ чора андешанд.
Дар ҷаласа ба футзал низ таваҷҷуҳ дода, ба масъулон дастур дода шуд, ки барои мизбонии бозиҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон маҷмааи варзишии «Далерон»-и шаҳри Истаравшан ва маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и Гулистон омода ва дар вилояти Хатлон клубҳои футзал таъсис дода шаванд.
Дар охир ба тамоми бахшҳо таъкид гашт, ки рӯзи 25-уми майро дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 05.02.2025 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив