ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ”.  НАҚШИ ЯК РӮЗНОМА ДАР БОЗТОБИ ХИЗМАТҲОИ МОНДАГОРИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

“ҶУМҲУРИЯТ”.  НАҚШИ ЯК РӮЗНОМА ДАР БОЗТОБИ ХИЗМАТҲОИ МОНДАГОРИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

05 феврал 2025, Чоршанбе
20
0


Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ҳамчун посдори хизматҳои мондагори фарзандони фарзонаи миллат, озмунҳои гуногунеро баргузор кард, ки ному корномаи онҳоро бори дигар пеши назар овард. Яке аз чунин озмунҳо бахшида ба кору пайкори аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки солҳои сиюм дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик, аз ҷумла “Тоҷикистони сурх”, қаламфарсоӣ кардааст. Озмун ба хотири гиромидошти Бобоҷон Ғафуров беҳтарин пажӯҳишгарон, адибону рӯзноманигоронро дар саҳифаҳои “Ҷумҳурият” ҷамъ овард, ки онҳо паҳлуҳои нави зиндагии фарзонафарзанди миллатро ба хонанда бозгӯ намуданд. 

НАВИШТАНИ “ТОҶИКОН” ҚАҲРАМОНӢ БУД
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” дар бораи Бобоҷон Ғафуров зикр мекунанд, ки “фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардондани он сарф намудааст”. Сарвари давлат ба эҷоди шоҳасари ӯ “Тоҷикон” назар афканда, барҳақ таъкид мекунанд: “Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзуи тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд”. 

ШАХСИЯТИ ФАРОМИЛЛӢ
Академик Кароматулло Олимов дар мақолаи “Бобоҷон Ғафуров олими ҷаҳонӣ ва миллатдӯсти асил” доир ба саҳми аллома дар рушди илми шарқшиносӣ ва ба муассисаи бузурги илми ҷаҳонӣ табдил додани Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ андеша ронда, таъкид мекунад, ки маҳз бо талошу дастгириҳои ин марди фозил Институти шарқшиносии АМИТ ва шуъбаҳои шарқшиносии ДМТ кушода шуданд. Ин иқдомот яке аз хидматҳои боарзиши устод Бобоҷон Ғафуров аст, ки мақсад аз он таҳқиқи мероси гузаштаи халқи мо мебошад.  
Бояд зикр намуд, ки фаъолияти илмиву сиёсии устод Бобоҷон Ғафуров танҳо ба бозтоби таърихи миллати тоҷик ба итмом намерасад, балки ӯ ҳамчун як олими сатҳи ҷаҳонӣ дар таҳқиқи тақдири халқҳои машриқзамин саҳми арзанда дорад. Ин ҷанбаи фаъолияти устодро муаллифони “Ҷумҳурият” низ басо кушоду равшан инъикос намудаанд. Профессор Усмонҷон Ғаффоров дар мақолаи “Бобоҷон Ғафуров шахсияти фаромиллӣ буд” шахсияти ҷаҳонӣ будани олимро зикр мекунад ва аз таҷлили ҷашни 90-солагии ин пажӯҳишгари намоён дар Ҳиндустон ёд меорад, ки 28-уми июли соли 1999 баргузор гардида буд. Дар ин чорабинӣ Сарвазири ин кишвар ҷаноби Ваҷпай иштирок карда, бо муҳаббати хоса мегӯяд: «Мо имрӯз фарзанди арзандаи олам Бобоҷон Ғафуровро ёд мекунем. Зеро ӯ ба тамоми дунё тааллуқ дорад. Мо барои чӣ номи Ғафуровро азиз медорему қадр мекунем? Чунки ӯ дар зарфи ду даҳсола директори Институти шарқшиносии Маскав буду ба инкишофи дӯстии халқҳои Осиё диққати махсус медод”. 
Ба таъкиди Усмонҷон Ғаффоров, тамоми аҳли илму адаби Ҳинду Покистон Б. Ғафуровро фарзанди хеш медонистанд. Дар ҳақиқат ҳам, чунин аст ва ин эътирофи собиқ сарвазири Ҳиндустон Индира Ганди шахсияти фаромиллӣ ва олими бузурги ҷаҳонӣ будани Бобоҷон Ғафуровро муҳри тасдиқ мезанад: «Ман аз он ифтихор дорам, ки нахустин китоби ман дар Иттиҳоди Шуравӣ нашр мешавад ва он таҳти назари яке аз олимони бағоят барҷастаи шуравӣ академик Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст». 
Кароматулло Олимов низ ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, иброз доштааст, ки бисёр олимони қазоқ, арман, озар, гурҷӣ ва амсоли инҳо ба туфайли дастгириҳои ӯ рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дар Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ ҳимоя кардаанд.
Ин мақолаҳои нашрнамудаи “Ҷумҳурият” собит месозанд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров чеҳраи дурахшони илми шарқшиносӣ ва шахсияти ҷаҳонист. Тавассути ӯ моро мешиносанду ба миллати мо арҷ мегузоранд. 

СЕ ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ
Профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дар мақолаи “Наҷотбахшон” дар бораи тақдири миллати тоҷик дар сад соли охир сухан ронда, дар бораи фарзандони фарзонаи миллат, бахусус аллома Бобоҷон Ғафуров, андешаҳои ҷолиб пешниҳод кардааст. Ба назари ӯ, дар давраи навин аз ибтидои садаи ХХ то кунун таърих барои миллати тоҷик се шахсияти бузург: қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро насиб гардондааст, ки дар сарнавишти тоҷикон нақши ҳалкунанда бозиданд ва фидокориву корнамоиҳои онҳо мояи ифтихори имрӯзиёну наслҳои оянда мебошад. 

АЗ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ТО МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ
Бояд таъкид сохт, ки дар бораи тамоми паҳлуҳои зиндагии ин абармарди миллат ва шоҳасари ӯ “Тоҷикон” садҳо мақолаву рисолаҳои илмӣ ба табъ расидаанд, аммо вижагии асосии озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” он аст, ки хизматҳои таърихии Бобоҷон Ғафуровро ба таври фарогир ба омма расонд, ҳарчанд солҳои гуногун низ доир ба фаъолияти аллома мақолаҳо ба табъ расида буданд.  Ҳамчунин, зимни баргузории озмун дар саҳифаҳои рӯзнома на танҳо оид ба фаъолияти илмиву сиёсии Бобоҷон Ғафуров, балки дар бораи тамоми самтҳои фаъолияти ӯ мақолаҳои арзишманд нашр гардиданд. Аз мутолааи мақолаи “Бобоҷон Ғафуров ва нақши ӯ дар рушди матбуоти тоҷик” маълум мегардад, ки аллома дар ҷавонӣ тақдири худро ба матбуот пайванд дода, то вопасин лаҳзаҳои умр аз минбари он баромад намуд. Бобоҷони ҷавон бештар лавҳаву очерк ва фелетон навишта, ба мавзуъҳои бедории миллӣ ва худшиносӣ таваҷҷуҳ кардааст. 
Ҳамин тавр, рӯзномаи “Ҷумҳурият” хизматҳои мондагори фарзанди фарзонаи миллат аллома Бобоҷон Ғафуровро, ки аз муборизони роҳи хештаншиносӣ буд, пос дошт. Дар ҷамъбасти озмун як зумра шоирону нависандагон, рӯзноманигорону алоқамандони эҷодро ба зодгоҳи мавсуф – деҳаи Исфисор бурд. Маросими ҷамъбаст, ки дар Қасри Арбоб доир шуд, ба тантанаи худшиносиву худогоҳӣ мубаддал гашт. “Ҷумҳурият” бори дигар бонги бедорӣ зад. Ин шукӯҳу ҷалоли озмуни баргузорнамудаи “Ҷумҳурият”-ро якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишон медиҳад. 

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.02.2025 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив