ПАЁМ.  ДАР ТАТБИҚИ СУПОРИШҲО КАМАРИ ҲИММАТ БАНДЕМ!

05 феврал 2025, Чоршанбе
42


Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  ҳуҷҷати стратегии мамлакат буда, дар он тамоми ҷанбаҳои низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илму маориф дар як соли охир  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳоро барои имрӯз ва оянда муайян месозад.

Чун ҳамеша дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро аз самтҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд. Зеро сатҳи рушди ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисос вобаста аст.
Дар ин маврид Президенти кишвар таъкид менамоянд: «Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин, ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам».
Аз Паём то Паём мебинем, ки ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, мактабҳои зиёд бунёд ва навсозӣ мегарданд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҷойи нишаст барои хонандагон фароҳам оварда мешаванд. Таълими технологияҳои муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ ба раванди воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшида истодааст. Тавре ҳангоми ироаи Паём зикр гашт, танҳо тайи се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф бунёд ёфт.
Президенти мамлакат илму маорифро ҳамчун асоси пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани некуаҳволии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Бамаротиб зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи илм ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиву таҳсилоти олии касбӣ, бо сифати баланд интишор ёфтани китобҳои дарсӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ далели он аст, ки пешрафти илми ватанӣ пайваста таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат мебошад. 
Аз ин рӯ, барои торафт вусъат гирифтани раванди бунёдкориву созандагии Ватани азизамон ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву зеҳнии давлати соҳибистиқлоламон ба ҳамаи мо зарур аст, ки  паёмҳои Президентро сармашқи кори хеш намоем ва дар амалишавии дастуру супоришҳои Сарвари давлат камари ҳиммат бандем. 

Ҷаҳонгир АБДУҒАФФОРОВ, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ

Санаи нашр: 05.02.2025 №: 28