ТОҶИКИСТОН. КИШВАРЕ, КИ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИНТАҚА МАВҚЕИ КАЛИДӢ ДОРАД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов, ки 29-уми январ бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омада буд, мулоқот намуданд. Зимни суҳбат Пешвои миллат, бахусус, ба аҳамияти иҷрои саривақтии Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таъкид карда, изҳори итминон намуданд, ки ҳамкории муассир дар ин самт ба таъмини амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки Барномаи мазкур 28-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона аз ҷониби Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба тасвиб расидааст. Дар ин росто, Имангалӣ Тасмагамбетов қаблан хабар дода буд, ки иҷрои барномаи панҷсола аз соли 2025 оғоз мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин барнома тадбирҳои мушаххасе пешбинӣ шудааст, ки ба таъмини амнияти қисмати ҷанубии марзҳои СААД равона шудаанд.
Ин барнома аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тулонитарин марз бо Афғонистонро (1344 километр) дошта, бо чаҳор вилояти шимолу шарқии он мустақиман ҳаммарз аст. Дар робита ба ин, Кристина Кормилитсина, рӯзноманигори Агентии иттилоотии “ТАСС” менависад: “Соли 2021, пас аз тасмими ИМА дар бораи хуруҷи неруҳои худ аз Афғонистон, ҷонибдорони ҷунбиши радикалии “Толибон” қудратро дар ин кишвар ба дасти худ гирифтанд, ки ин ба сарҳади ҷанубии СААД пайомади хуб надорад”.
Зимни мулоқот, Пешвои миллат, ҳамчунин, ба тақвияти минбаъдаи кори ҳамаҷониба дар доираи Созмон оид ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Таъкиду таваҷҷуҳи Сарвари давлати мо ба ин масъалаҳо бесабаб нест, зеро имрӯз тундгароӣ ва ҷиноятҳои дигари кибериву фаромиллӣ аз зуҳуроти номатлубе ба ҳисоб мераванд, ки дар сайёра доман густурдааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тамоми кишварҳои ҷаҳон тавассути созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебаранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамарӯза кӯшиш менамояд, ки пеши роҳи ҷиноятҳои таҳдидкунанда ба ҳаёту зиндагии инсониятро бигирад. Хушбахтона, кишвари мо – Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳое мебошад, ки барои решакан кардани ифротиён ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ устуворона гом мениҳад.
Маврид ба зикри хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳамкориҳои густурдаи худро бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тадриҷан ба роҳ монда, дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”