«ҶУМҲУРИЯТ» - МАҲБУБИ ДИЛҲО
Аввали солҳои ҳафтодуми асри ХХ, ки дар идораи алоқаи ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) хаткашон будам, баробари дастрас намудани газетаҳо аввал «Тоҷикистони советӣ»-ро варақ мезадам. Агар ягон хабар ё мақолаву репортаже роҷеъ ба ноҳия ба чашм меафтид, ҳамоно атрофиёну мардуми рӯбарӯшударо огоҳ мекардам. Он солҳо бештар мақолаҳои тарбиявию проблемавии Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, устод Аброрхон Салоҳуддинов (ёдаш ба хайр) ба чоп мерасид. Боре гуфта буданд, ки дар Ҷашни 50-солагии «Тоҷикистони советӣ» иштирок намуда, ифтихорномаю туҳфаҳо гирифтааст.
Сонитар, худам ҳам хабар менавиштагӣ шудам. Аз якчанд хабари навиштаам, бархеаш чоп мешуд, ба боқимонда аз идораи рӯзнома бинобар сабаби чоп нашуданашон ҷавоб меомад. Намеранҷидам. Хушҳол аз он мешудам, ки номам дар рӯзномаи аввали ҷумҳурӣ баромаду акнун дар миёни мардум маъруф мегардам. Замоне, ки гӯшаи ҳаҷвӣ ташкил шуд ва дар он латифаю ҳаҷвияҳо рӯйи чоп меомаданд, эъҷоди ман низ зери унвони «Аз дафтари мусаҳҳеҳ» дар он гӯша ба нашр расид.
Солҳо гузаштанд. Аз идораи алоқа ба рӯзномаи ноҳиявӣ ба кор омадам. Сипас, котиби масъули «Ҷамъияти китобдӯстон» шудам. Ба шарофати «Ҷамъият» бо шахсони бузург шиносоӣ ёфтам, маслиҳати онҳоро гирифтам, дӯсту бародар, устоду шогирд гаштем. Аз ҷумла, Аскар Ҳилолиён, Мавлон Узоқов, Турдиалӣ Бойбобоев зуд-зуд ба Ғончӣ меомаданд ва онҳоро баъзан роҳбаладӣ мекардам. Туфайли ҳидояти онҳо мухбири фаъол шудам. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо Аюб Кенҷа, сонитар бо Ҷовиди Аштӣ ҳамкориро давом додам…
Замоне дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» бастаи «Тоҷикистонӣ советӣ»-ро дидам, ки ду-се нафар онро варақ мезаду ҳар бор «офарин, офарин, мана мақола» мегуфт. Фаҳмидам, ки хонандагони бурунмарзӣ ҳам ба ҳар баромади рӯзнома бетаваҷҷуҳ нестанд.
Имрӯз низ «Ҷумҳурият» яке аз маҳбубтарин нашрия аст. Бо заҳмати кормандони боистеъдоду дар рӯзноманигорӣ варзида сол ба сол адади нашри он меафзояд. Албатта, шумораи чоп мисли замони шуравӣ нест, вале итминон ҳаст, ки рӯзнома нуфузашро дар оянда боз ҳам дар байни хонандагонаш зиёд карда, адади нашрашро бештар мегардонад.
Садсолагӣ муборак, рӯзномаи дӯстдоштаам!
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ, собиқадори матбуот, Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ноҳияи Деваштич