ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН. ПАЙВАНДҲОИ ТАЪРИХӢ БО МУҲРИ ҶОВИДОНА

ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН. ПАЙВАНДҲОИ ТАЪРИХӢ БО МУҲРИ ҶОВИДОНА

12 феврал 2025, Чоршанбе
15
0


Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки се рӯз идома ёфт, ба ҷашни дӯстӣ, бародарӣ, ҷашни шеър ва илму ирфон табдил ёфт. Дар доираи ин сафар аз ҳамоишҳои илмиву тиҷоратӣ то чорабиниҳои хотирмони фарҳангӣ баргузор гаштанд, ки барои таҳкими муносибатҳо бо ин кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон саҳифаи нав боз хоҳанд кард. Аммо он чи диққати моро ҷалб кард, бо забони самимият сухан гуфтани роҳбарони кишварҳо буд. «Ба хонаи худатон хуш омадед» гуфтани Сарвари давлат меҳмони воломақомро худ нишони аз як реша будани мост. 

ҲАМОИШЕ, КИ РОБИТАҲОРО ТАҚВИЯТ ХОҲАД БАХШИД
Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки дар доираи ин сафар ба вуқуъ пайваст, баргузории ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он ки соли гузашта дар муқоиса ба соли 2023 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар 50 дарсад афзоиш ёфт, иброз доштанд: «Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об, бо имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, филизоти нодир ва зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ, дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад». Президенти мамлакат аз зарфиятҳои бузурги Тоҷикистон барои гузаштан ба «иқтисоди сабз» ёдовар шуда, иброз доштанд, ки иқтидори бузурги «энергияи сабз»-и кишвар дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон, истифода шавад. 
Дар самти саноатикунонӣ бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашударо дар ин соҳаҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб донистанд. Гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сайёҳии кишвар ба самъи ҳозирин расонда шуд. 

«ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ ДИГАРЕСТ, КИ МЕТАВОНЕМ ДАР ИН ҶО ЗИНДАГӢ КУНЕМ»
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён бо арзи сипос аз меҳмоннавозии Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо – эрониёну тоҷикон собиқаи таърихии чандинҳазорсола дорем. Вақте ман хиёбонҳои шуморо, сохтмонҳои шуморо нигоҳ мекунам, ҳамааш бароям ошност. Барои он ки аз кӯдакӣ дар мадраса, дар дабиристон ва донишгоҳ аз Рӯдакию Фирдавсию Сомонию ҳамаи инҳо мо ёду хотира дорем. Аз бачагӣ бо ҳамин таъриху фарҳанг бузург шудем. 
Масъуди Пизишкиён барои таҳкими ҳамкориҳо таъсис додани сохтори алоҳидаеро дар шакли Комиссияи муштараки тиҷоратӣ зарур шумурда, хостори бештар намудани рафтуомад, сармоягузорӣ ва тиҷорат миёни кишварҳо шуданд. Меҳмони воломақом хеле самимӣ иброз доштанд: «Эҳсос кунед, Эрон як сарзамини дигарест, ки шумо дар он зиндагӣ мекунед. Эҳсос кунем, ки Тоҷикистон ин як сарзамини дигарест, ки мо метавонем дар ин ҷо зиндагӣ кунем. Агар битавонем як чунин сохтореро дуруст кунем, қатъу яқин ҳам шумо муваффақ мешавед ҳам мо». 

ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН ОЯД ҲАМЕ…
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои тақвияти робитаҳо дар хитоб ба ҷамъи соҳибкорону ҳайати меҳмонони эронӣ афзуданд, ки ҳар вақте мехоҳед, ҳамроҳи фарзандотон биёед. Рафтуомадро зиёд ва расму оини миллии таърихи гузаштаи худро эҳё кунем: «Мо як мардум ҳастем, фарҳанги муштарак дорем, чуноне дӯсту бародари ман Ҷаноби Олӣ дар ин ҷо иброз доштанд». 
Хондани ашъори устод Рӯдакӣ аз ҷониби сарварони ду давлат умумияти фарҳангиву адабии моро баёнгар аст. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ёди ёри меҳрубонро аз забони устод Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонданд: 
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, 
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. 
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, 
Зери поям парниён ояд ҳаме…
Ҷавоби зебои Президенти кишвар ҳам аз забони қофиласолори назм гуворо садо дод: 
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, 
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Ҷашни бостонии Наврӯз даъват карданд, ки «биёед, ҳатман биёед. Мо бояд анъанаи гузаштагонамонро аз нав эҳё кунем». 
Ҳамин аст қудрати забон, шеър, адаб, фарҳанг, ки ҳамеша моро бо ҳам пайванд мекунад. Ин пайвандро таърих муҳри ҷовидона задааст, ки роҳбарони ду кишвар имрӯз барои боз ҳам густариш ёфтани он хидмати бузурге мекунанд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.02.2025 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив