ТОҶИКИСТОН. ҶОМЕА ВА ЭҲТИРОМИ ЗАН

12 феврал 2025, Чоршанбе
62


Ҷои пинҳон нест, ки дар ҷомеаи имрӯза занон, дар баробари мардон, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Суханони пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате доранд, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтанию шикастанафсӣ раҳнамун созанд».
Албатта, зан – модар, пеш аз ҳама, тарбиятгар, насиҳатгар, нигоҳдорандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи рост, тарғибгари оину анъанаҳои волои гузаштагон мебошад. Зани тоҷик бошад, аз замонҳои қадим бо сифатҳои накуву ахлоқи ҳамида ва зеҳни тез, модари фарзандони донишманди башар шинохта шуда, фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расондааст, ки бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро мунаввар сохтаанд.
Занону  модарони Тоҷикистони соҳибистиқлол  имрӯз ҳастии хешро ба он равона сохтаанд, ки  рисолати тарбиятгарӣ, поксириштиро дар замири фарзандони хеш ҷо намуда, онҳоро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки ҳанӯз дар гузаштаҳои дур ниёгони бофарҳанги мо ба қадру қимат ва эҳтироми зан – модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои волои умумибашарӣ  мерасиданд ва ба ӯ арҷ мегузоштанд. Нишон додани сифатҳои неки қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, амсоли Таҳмина, Гурдофарид, далели равшани эҳтиром ва арҷгузории бузургони гузаштаамон  нисбат ба зан – модарони меҳанпарасту фидокори миллат  мебошад.
Мавқеи зан дар ҷомеаи Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадани  Пешвои муаззами миллат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Мо – занон, ифтихор аз он дорем, ки бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол мақоми зан дар ҷомеа баландтар мегардад. 
Ҳадафи асосии Сарвари давлат фароҳам овардани  замина ва шароитҳои зарурӣ барои  нишон додани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ин васила,  таъмини рушди устувори  давлат иборат мебошад. Яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан зан – модари  босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва  дорои ифтихори баланди хештаншиносию ватанпарастӣ тарбия намуда,  ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат  ҳидоят намояд. Маҳз ба ҳамин хотир,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид сохтаанд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии  талаботу  муқаррароти  қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос  ва оинҳои  барои мардуми мо бегона,  ба камол расондани  наслҳои солим,  таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва  ободии Ватан  минбаъд низ  саҳми арзишманди  худро  мегузоранд”. 

Азиза ДАВЛАТШОҲЗОДА, 
сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД, дотсент, 
полковники милитсия

Санаи нашр: 11.02.2025 №: 32