ДАР БОРАИ ДУ САРМУҲАРРИР
...Соли 1991, ҳангоми таҳсил дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон, барои курси мо сармуҳаррири газетаи “Тоҷикистони шуравӣ” Мазҳабшо Муҳаббатшоев ду соат дарс гузашт. Гурӯҳи мо, асосан, аз тоҷикону ӯзбекҳо иборат буд. Мавзуи баромади ӯ “Журналистикаи ҳизбӣ” ном дошт. Суханрониаш бо шеър оғоз ёфт. Устод бо забони русӣ озод, босаводона ҳарф мезад. Дар гуфтор аз шоирони классики тоҷику форс байтҳо хонда, ба русӣ тарҷума мекард. Ман дар қатори пеш менишастам, аз ду паҳлуям рӯзноманигорони ӯзбек. Аз суханронии ҳамшаҳриам устод Муҳаббатшоев мафтун шудам. Рафиқони паҳлуям ҳолати маро мушоҳида карда, худ низ таҳсиномез ба Мазҳабшо Муҳаббатшоев менигаристанд. Таваҷҷуҳи онҳо ифтихори маро болотар бардошт. Аз ёд нарафтааст: устод аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ байтҳо ба забон оварда, ҳамзамон, тарҷумаашро баён мекард. Ӯ таъсири суханро дар тарбияи инсон бо забони олимона, фасеҳу гуворо шарҳ медод. Пас аз анҷоми дарс, устод ба “чеҳраҳои шинос” таваҷҷуҳ намуд. Вақте ному насабамро ба забон овардам, бори дуюм дасти маро фишурда: “Мухбири фаъоли газетаи мо”, – гуфт.
Мавриди зикр медонам, ки солҳои 1988-1989 дар бораи забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ баҳси тезутунд мерафт. Матбуот, аз ҷумла “Тоҷикистони советӣ” дар ин хусус майдони васеи баҳсу мунозира кушода буд. Олимон, рӯзноманигорон дар бораи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ андешаҳои ҷолиб пешниҳод мекарданд. М.Муҳаббатшоев навишта буд: “Забони миллӣ рукни асосии ҳастии миллат аст. Сеҳри сухани модарӣ қобил аст, ки дилҳои дарднокро дармон бахшад, руҳафтодагонро шавқ диҳад ва боиси сарбаландӣ гардад, ҳаммиллатонро ба ҳам наздиктар созад”. Рӯшанфикрон пешниҳод намуданд, ки Фонди забон таъсис дода шавад. Газета дар ин бобат нақши бориз гузошт. Инҷониб ҳаққи қалами мақолаҳои яксоларо ба ин Фонд бахшидам. 13-уми октябри соли 1988 дар Душанбе Анҷумани муассисони Бунёди забони тоҷикӣ баргузор гардид. Яке аз гузоришгарони асосӣ дар ин анҷуман М.Ш.Шукуров (Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ) буд. Бандаи камтарин дар ин ҷамъият ҳозир будам. Нақши “Тоҷикистони советӣ” дар тарғиби идеяи забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ ба таври хосса зикр шуд. Шоири тавоно, публитсист, сармуҳаррири “Садои Шарқ” Лоиқ Шералӣ раиси Бунёди забон интихоб гардид. Ҷаҳду талошҳои зиёиёни шуҷои ҷумҳурӣ имкон фароҳам оварданд, ки 22-юми июли соли 1989 сессияи Шурои Олии РСС Тоҷикистон Қонуни забонро қабул карда, забони тоҷикиро дар ҳудуди Тоҷикистон забони давлатӣ эълон намуд.
...Шиносоӣ бо Камоли Қурбонийон (Абдураҳимов) соли 2000-ум дар осоишгоҳи “Қайроқум”-и вилояти Суғд ба вуқуъ омад. Он ҷо семинари серӯзаи кормандони васоити ахбор мегузашт. Камол дар назди хабарнигорон номи маро пурсида хушҳолона гуфт: “Ҳамон Саттори киночӣ?!”. Ин унвони матлаби ман буд, ки як ҳафта пеш дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба чоп расида буд. “Ҳамон Саттори киночӣ” аз дасти таҳрири ӯ гузашта будааст. Баъдан, чанд карат дар дафтари кориаш аз суҳбатҳои самимии ӯ баҳра бурдам. Вақте аз матолиби қобили таваҷҷуҳи “Ҷумҳурият” ҳарф мезадем, гуфт: “Мо “Ҷумҳурият”-ро ба нашрияи беҳтарини Тоҷикистон табдил медиҳем. Хонандаҳо онро аз рӯи маводҳои ҷолибу фарқкунандааш бояд эҳтиром кунанд”. Ин суханро, ҳарчанд бо табассуми малеҳ ба забон меовард, оҳанги ҷиддӣ дошт.
Чаро нагӯем, ки матолиби “Ҷумҳурият”-и имрӯза, нашрияи рақами як будани онро собит месозад. Рӯзнома дар пешниҳоди масоили рӯз, инъикоси рӯйдодҳои саривақтии кишвар ва ҷаҳон, ҷолибияти матлабҳо аз дигар нашрияҳои даврии кишвар фарқ мекунад. “Ҷумҳурият” ҳарсола беш аз 50 ҳазор обуначӣ дорад. Яъне, гуфтан даркор, серхонанда аст.
Камоли Қурбонийонро дар чанд соли шиносоӣ, хосса вақте сармуҳаррири “Ҷумҳурият” буданаш, ҳамчун ҷавонмарди хушсухану шӯхтабиат, хоксор, журналисти донишманд, бо рафторҳои хуби инсониаш ба ҳама писанд шинохтамаш. Ӯ аз шоирони бузурги олам, мисоли Данте Алигерии итолиёвӣ, Ҷофри Ҷосери англис, Себастян Бранти олмонӣ, Ҷорҷ Байрон, Волфганг Гёте, Генрих Лонгселло, Александр Блок ҳарф мезанад. Ба Расул Ҳамзатов, Муҳаммад Иқбол, Мирзо Турсунзода, Халилуллоҳи Халилӣ, Нодири Нодирпур ва Муҳаммад Ғоиб эҳтироми хосса дорад.
Мавриди гуфтан аст, ки дар давраи сармуҳарририи ӯ дар “Ҷумҳурият” шеърҳоям фаровон рӯи чоп диданд. “Роғун барои миллат майдони нангу ор аст” ва “Ватандорӣ” дар саҳифаи якуми рӯзнома ҷой дода шуданд.
Дар хулоса гуфтан мехоҳам: устоди равоншод Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва Камол Қурбонийон дар сафи журналистони фидокори “Ҷумҳурият” меистанд.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
ноҳияи Файзобод
