ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА МИСР.  “ҶУМҲУРИЯТ” ДАР ИНЪИКОСИ МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД НАҚШИ МЕҲВАРӢ ДОРАД

ТОҶИКИСТОН ВА МИСР.  “ҶУМҲУРИЯТ” ДАР ИНЪИКОСИ МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД НАҚШИ МЕҲВАРӢ ДОРАД

14 феврал 2025, Ҷумъа
11
0


Тоҷикистон ва Миср ду давлати соҳибтамаддун, дорои таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғанӣ мебошанд. Дар ин замина, робитаҳои дӯстонаи мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд. Аз замонҳои қадим сарзамини тоҷикон дар чорсӯи “Шоҳроҳи абрешим” қарор дошт ва “Роҳи лоҷувард” аз кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон оғоз мегардид. Таҳқиқоти бостоншиносон собит менамоянд, ки лоҷуварди бадахшӣ ва дигар сангҳои қиматбаҳову ороишӣ аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба Форсу Бобул ва Мисру Юнони бостонӣ интиқол меёфтанд. Ин гуфтаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки робитаҳои тиҷоратии гузаштагони мо дорои таърихи чандинҳазорсола мебошанд.

Имрӯз низ, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арабии Миср дар сатҳи хуб қарор доранд. Сафарҳои расмӣ ва давлатие, ки Сарвари давлат ба мамлакатҳои араб доштанд, ин воқеиятро бори дигар собит месозанд. Қобили зикр аст, ки асос ва бунёди ин муносибатҳо ба умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва динии мо низ пайвандӣ доранд. 
Мавзуеро, ки мо онро пайи таҳқиқ ва омӯзиш қарор додем, инъикоси муносибатҳои Тоҷикистон ва Миср дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” мебошад. Қобили зикр аст, ки он яке аз аввалин нашрияҳои тоҷикие мебошад, ки аз садаи ХХ инҷониб дар инъикоси рӯйдоду воқеаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон саҳми бориз дорад. Яъне, таърихи 100-солаи Тоҷикистон дар он сабт шудааст. Дигар ин ки, дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз дидору вохӯриҳои сатҳи баланд ва равобити Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон хабару гузоришҳои зиёд нашр мешаванд. Ҳаминро ба инобат гирифта, таҳқиқ намудем, ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ба муносибатҳои Тоҷикистону Миср аз кадом зовия менигарад?
Мавриди зикр аст, ки Миср Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1-уми январи соли 1992 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо 1-уми апрели соли 1993 барқарор шуданд.
Нахустин вохӯрии сатҳи олӣ миёни сарварони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Ҳуснӣ Муборак, декабри соли 1994 дар ҳошияи 7-умин ҳамоиши сарварони давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Дорулбайзои Шоҳигарии Марокаш доир гардид.  
Сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Миср моҳи феврали соли 2007, 9-11-уми марти соли 2022 ва сафари корӣ барои иштирок дар 27-умин конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP27) 7-8-уми ноябри соли 2022 баргузор шуданд, ки дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар такон бахшиданд.
Илова бар ин, соли 2017 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ду мулоқоти судманд баргузор гардид: яке 20-уми май дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҳошияи иҷлосияи сарварони кишварҳои арабӣ ва дигар мамолики мусулмонӣ бо ИМА ва дувумӣ 5-уми сентябр дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС. 
Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар дар ВАО-и Тоҷикистону Миср ба таври густурда инъикос меёбанд.  Аз ҷумла, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” доир ба равобити Тоҷикистону Миср беш аз 30 хабару гузориш (дар доираи ду сафари расмӣ) нашр гардидааст. Маводи чопшуда дар мавзуъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ мебошанд, ки ҷолиби диққатанд. 
Агар мо матлаби нашрнамудаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро дар ҳамон шабу рӯз бо рӯзномаи расмии Миср “Ал-Аҳром” қиёс кунем, маълум мегардад, ки ҷониби Миср ҳам ба кишвари мо таваҷҷуҳ доранду хостгори таҳкими муносибатҳо мебошанд. Бахусус, вобаста ба ин мавзуъ, дар сомонаи рӯзномаи “Ал-Аҳром” оид ба сафари Президенти Тоҷикистон ба Миср, танҳо 10-уми марти соли 2022, 30 хабару гузориш, пахш гардиданд. 
 Ҳамчунин, дар доираи сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср дар ин сомона суханронии Президенти Тоҷикистон, ёддоштҳои тафоҳум, мулоқоти вазири обёрии Миср бо сафири Тоҷикистон дар Миср доир ба иштироки ҷониби Миср дар конфронси оби Душанбе  хабарҳо ба табъ расиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки робитаҳои ҳар ду давлат беш аз пеш тавсеа меёбанд.   
Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” доир ба сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳуриии Арабии Миср, ки ба 9-уми марти соли 2022 рост омада буд, зери унвони “Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Арабии Миср” хабару гузоришҳои зиёд нашр шуданд. Ҳар вохӯрии Сарвари давлат бо намояндагони воломақоми Миср таҳти зерсарлавҳаи хос, ба монанди “Вохӯрӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ”, “Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср”, чоп шуданд. 
“Ҷумҳурият” бо нашр намудани гузоришҳо аз рафти истиқболи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони воломақоми Миср ва бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, тамаддун ва фарзандони баруманди ин кишвар дар шаҳри Қоҳира назди муҷассамаи сарбози номаълум ва оромгоҳи собиқ Президенти Миср Муҳаммад Анвар Содот гулчанбар гузоштани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид месозад, ки муносибатҳо миёни ду кишвар аз эҳтиром ба якдигар маншаъ гирифтаанд. 
Дар гузорише, ки 8-уми феврали соли 2007 нашр шудааст, бо ифтихор зикр мешавад: “Дар охири мулоқот Фатҳӣ Сурур, Раиси Маҷлиси халқи Ҷумҳурии Мисри Араб, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саҳми намоёнаш дар татбиқ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳ ва, ҳамчунин нақши намоёнаш дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ медали тиллои давлати Мисрро дар фазои тантанавӣ тақдим намуд”. 
Ин далели он аст, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият”, дар баробари инъикоси муносибатҳо ва барҷаста нишон додани мавқеи Тоҷикистон, саҳми  Сарвари давлатро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон бориз арзёбӣ мекунад. 

Шодмон АБДУРАҲИМ
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.02.2025 №: 36
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив