ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН.  ҶОЙГОҲИ “ҶУМҲУРИЯТ” ДАР ФАЗОИ ИНТЕРНЕТ

17 феврал 2025, Душанбе
16


Дар муҳити имрӯза бисёре аз журналистон ва расонаҳо аз журналистикаи чандрасонаӣ истифода мебаранд, то аудиторияи худро дар платформаҳои гуногун ҷалб кунанд. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, низ бо тақозои замон ба журналистикаи чандрасонаӣ ворид шуда, бо пахши мақолаву хабар дар газета, навору мусоҳибаҳо дар ютубканал ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза иттилоот пахш менамояд. 

СОМОНАИ НАШРИЯ НАВСОЗӢ ШУД 
Журналистикаи чандрасонаӣ шакли муосири журналистика мебошад, ки барои пешниҳоди ахбор ва маводи журналистӣ аз воситаҳои гуногуни расонаӣ, ба монанди матн, тасвир, аудио, видео ва аниматсия, истифода мешавад. 
Тавре коршиносон иброз медоранд, хусусиятҳои асосии журналистикаи чандрасонаӣ – ин истифодаи якчанд платформа, аз ҷумла Instagram, Facebook, YouTube, мебошад, ки матн, аксҳо, видео ва садо нашр карда мешаванд. Масалан, як гузоришро метавон ба журналистикаи чандрасонаӣ ба таври хаттӣ, видеоӣ ё ин ки дар якҷоягӣ бо матн, видео ва расм инъикос кард ва инро муштариён метавонанд тавассути шарҳгузорӣ, лайкҳо, мубодила ва овоздиҳӣ баҳо диҳанд. Дар сомонаву паёмрасонҳо, гурӯҳҳо, каналҳо ахборро метавон зуд навсозӣ кард. Ин имкон медиҳад, ки хабар ба аудиторияи васеъ дар саросари ҷаҳон дастрас шавад. 
Сомонаҳо яке аз манбаъҳои асосии иттилоот дар ҷомеаи муосир мебошанд. Иттилоърасонӣ дар онҳо низ оперативӣ аст. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои ба хонанда маводҳои видеоиву электрониро сари вақт пешкаш кардан, соли 2008 сомонаи худро ташкил намуд, ки аудиторияи зиёд аз он истифода мебарад. Ҳамзамон, соли 2023 он навсозӣ шуд. Барои дарёфти маводи зарурӣ, аз ҷумла пешниҳоди васеи ҷустуҷӯ аз рӯйи калидвожаҳо, сана ва рақам, калону хурд кардани ҳаҷми матнҳо, бо сифати баланд дар таҷҳизоти худ боргирӣ кардани аксу наворҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила намудани онҳо ва бо гузоштани шакли электронии PDF имконият фароҳам оварда шудааст. 

АЗ FACEBOOK ТО INSTAGRAM.  «ҶУМҲУРИЯТ» БА ХОНАНДАГОН НАЗДИК МЕШАВАД 
Facebook яке аз маъмултарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон мебошад ва барои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ шароит фароҳам овардааст, ки ба худ саҳифаҳо боз кунанду хабару наворҳо, аксҳоро интишор намоянд. Бо ин мақсад, 13-уми майи соли 2020 барои боз ҳам дастрастар шудани рӯзнома ба ҷомеа нашрия саҳифаи худро дар Facebook боз кард: бо номи  “Рӯзномаи Ҷумҳурият” (https://www.facebook.com/profile.php?id=100051052878267). 
Аз сабаби он ки, дар саҳифа то 5 ҳазор нафарро ба рӯйхати дӯстон қабул кардан имкон дорад, роҳбарият тасмим гирифт, гурӯҳи худро ташкил кунад, чунки дар гурӯҳ теъдоди обуначиён бемаҳдуд аст. Айни ҳол саҳифа ва гурӯҳ фаъол буда, онҳо 12 500 нафар обуначӣ доранд. Дар як моҳ теъдоди хонандагони саҳифаву гурӯҳ аз 100 то 150 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  
Дар баробари ин, YouTube яке аз калонтарин ва маъруфтарин платформаҳои видеоӣ дар ҷаҳон мебошад, ки ба истифодабарандагон имкон медиҳад, то видеоро боргузорӣ, тамошо ва мубодила кунанд. Барои ба тарзи нав пешниҳод намудани маводҳои видеоӣ ба хонандаҳои худ рӯзнома 21-уми феврали соли 2021 Youtube-канали худро фаъол намуд ва дар ин самт муваффақ гардид. Дар Ютубканал 364 видео аз сафарҳои Президент, ободкориҳо дар ҷумҳурӣ, барномаҳои рӯзноманигорони “Ҷумҳурият” ва лоиҳаи “Абармард”, ки васфи хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханрониву вохӯриҳои Сарвари давлатро фаро мегирад, гузошта шудаанд. Ҳоло теъдоди тамошобинони ютубканал ба як миллион нафар расидааст. 
Ҳамзамон, рӯзнома аз моҳи январи соли 2024 Telegram-канали расмии худро таъсис дода, ба хонандагон ахборро ба таври фаврӣ мерасонад. Дар саҳифаи рӯзнома дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм маводи гуногун, наворҳои ҷолибу кӯтоҳ аз моҳи январи соли 2024 пешниҳод мегарданд. 
Ҷаҳони муосир ба як ҷомеаи бузурги иттилоотӣ мубаддал гардидааст. Маҳз бо ҳамин сабаб, мо бояд имрӯз ба иттилоъ ва тарзи пешниҳоди он таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Нақши матбуот ва интернету сомонаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули афкори ҷомеа назаррас аст. Бояд гуфт, ки рӯзномаи "Ҷумҳурият" ҳамқадам бо замон пеш меравад ва бо истифода аз унсурҳои журналистикаи чандрасонаӣ, ба хонанда бо чанд тарз мавод пешниҳод менамояд.

Муҳаммадамин ОДИНА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.02.2025 №: 37