РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

19 феврал 2025, Чоршанбе
5


Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и  безаволаш чунин фармудааст:
Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.
Шодравон Холмуъмин Сафаров аз зумраи чунин ашхоси нексиришт буд. Ӯ дар умри кӯтоҳи 57-солаи хеш бо кирдору гуфтори некаш дар дилҳо ҷой гирифта, аз худ осори нек боқӣ гузошт.
Солҳои 1992-1997 дар идораи «Кимиёи кишоварз» ва солҳои 1997-1998 дар хоҷагии ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара ба ҳайси агроном фаъолият намуда, дар сарсабзию хуррамии диёр саҳми бузург гузоштааст.
Қобилияти хуби ташкилотчигиву кордонияшро ба эътибор гирифта, мавсуфро соли 1998 аввал ҷонишини  директор ва сипас  директори Корхонаи  пахтатозакунии «Пахтаи Данғара» таъин намуданд. Вай дар ин вазифаи масъулиятнок то соли 2007 фаъолият намуд.  Дар миёни коллективи корхона ҳамчун сарвари хушмуомилаву ғамхор соҳиби иззату эҳтиром буд.
 Соли 2008 муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва  шикор ва соли 2010 директори муассисаи мазкур таъин гардид.
Дар давраи сарвариаш дар ин ниҳоди  масъулиятнок таҳти роҳбарии ӯ дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара майдони нави ҷангал ба 500 гектар ва  плантатсияи писта ба 600 гектар расонда шуд. Дар назди хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ бо мақсади таъмин намудан бо ниҳолҳои истеҳсоли худӣ ниҳолхонаҳои хурд таъсис дода шуданд, ки  масоҳаташон дар он давра ба 42 гектар мерасид.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 80-солагии таъсисёбии ниҳоди ҷангалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки олимону  мутахассисони соҳа, вазирону раисони хоҷагиҳои ҷангали якчанд  ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ Конфронси илмию амалӣ баргузор гардид, ки  шодравон   Холмуъмин Сафаров яке аз ташаббускорони ташкил кардани чунин чорабинии баланди сатҳи байналмилалӣ буд.
Номбурда яке аз муаллифони китобҳои «Захираҳои генетикии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Парваришгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. 
Сафаров оламро падруд гуфта бошад ҳам, ӯ бо ахлоқу кирдори некаш дар ёдҳо зинда аст.  
Сайфиддин СУННАТӢ

Санаи нашр: 19.02.2025 №: 39