ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ИРТИБОТИ АЛЛОМА БО «ТОҶИКИСТОНИ СУРХ»

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ИРТИБОТИ АЛЛОМА БО «ТОҶИКИСТОНИ СУРХ»

19 феврал 2025, Чоршанбе
11
0


Як хусусият ё мақоми баланди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар он зоҳир мегардад, ки дар баробари рӯзноманигорону адибон ходимони давлативу сиёсӣ низ бо он иртиботи пайваста доштанд ва тавассути ин минбари худшиносии миллӣ ҳарфи худро ба ҷомеа мерасонданд. Аз ҷумла, ҳамкориҳои танготанги ходими сиёсиву давлатӣ, академик Бобоҷон Ғафуров бо рӯзнома қобили таваҷҷуҳ аст. Бобоҷон Ғафуров бо вуҷуди ба корҳои давлатӣ банд будан, ҳеҷ гоҳ аз эҷод дар канор набуд ва пайваста бо матбуот ҳамкорӣ дошт.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” дар бораи Бобоҷон Ғауров зикр мекунанд, ки “фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардондани он сарф намудааст”. Сарвари давлат ба эҷоди шоҳасари ӯ  “Тоҷикон” назар афканда, барҳақ таъкид мекунанд: “Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзуи тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд” 
Профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дар мақолаи “Наҷотбахшон” дар бораи тақдири миллати тоҷик дар сад соли охир сухан ронда, дар бораи фарзандони фарзонаи миллат, бахусус аллома Бобоҷон Ғафуров, андешаҳои ҷолиб пешниҳод кардааст. Ба назари ӯ, дар давраи навин аз ибтидои садаи ХХ то кунун таърих барои миллати тоҷик се шахсияти бузург: қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро насиб гардондааст, ки дар сарнавишти тоҷикон нақши ҳалкунанда бозиданд ва фидокориву корнамоиҳои онҳо мояи ифтихори имрӯзиёну наслҳои оянда мебошад. 
Бояд зикр намуд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров фаъолияти худро аз рӯзноманигорӣ оғоз бахшида, дар солҳои 30-юми қарни гузашта дар рӯзномаҳои гуногун кор кардааст. Дар ташаккули фаъолияти минбаъдаи ӯ фаъолияти мухбириву журналистиаш таъсири амиқ гузоштааст. 
Мурод Муродӣ, маҳаққиқи соҳа, дар мақолаи худ бо номи “Мубориз” зикр мекунад: “Ин фарзанди фарзона бо мутолиаи мақолаи С. Айнӣ “Ленин ва Шарқ”, ки дар шумораи 12-уми феврали соли 1925-и “Овози тоҷик” интишор гардида буд, ба рӯзноманигорӣ рағбат пайдо кард ва дар як муддати кӯтоҳ аз мухбири коргару деҳқон ба сафи фаъолтарин мухбирони нашрияи мазкур дохил гардид ва бо нигоштаҳои худ тадриҷан ба матбуоти ҷумҳуриявӣ, шуравӣ ва ҷаҳон пайваст”. 
Ҳамин тавр, хабару гузоришҳои Бобоҷон Ғафуров пайваста дар матбуот нашр мегардид. Соли 1928 дар шаҳри Самарқанд бо устодон Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулом ва Емелян Ярославский аз наздик шинос мешавад ва бо дастгириву маслиҳатҳои онҳо фаъолияти рӯзноманигориаш вусъат меёбад. Хабару мақола, лавҳаву очерк ва фелетонҳои Бобоҷон Ғафуров, ки пайваста дар нашрияҳои “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик” ва “Ӯзбекистони сурх” нашр мегардиданд, таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекарданд. Муҳаққиқ Мунаввара Мухамедова таъкид мекунад, ки хабару мақолаҳо барои устувории ғояҳои ҳокимияти нав, дар айни ҳол барои ташаккули ҷаҳонбинии Бобоҷон ҳам хизмат мекард. Солҳои 1931-1935 ӯ дар Университети умумииқтифоқии комму-нистии журналистии Маскав мехонад. Бобоҷон Ғафуров аз аввалин рӯзноманигорони ҷумҳурӣ буд, ки маълумоти олии касбӣ дошт. 
Ба андешаи муҳаққиқон, академик Бобоҷон Ғафуров дар осори публитсистиаш қатъи назар аз дахолат ба мавзуъҳои гуногун, бо руҳи озодихоҳона баҳри дарёфти ҳақиқат ва расидан ба ормонҳои миллию башарӣ мубориза бурдааст. Метавон гуфт, ки рӯзноманигорӣ барои ҳамчун арбоби давлатӣ, олими барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ зуҳур кардани Бобоҷон Ғафуров заминаи мустаҳкам гузошт ва матбуоти тоҷик ва ҷаҳон имрӯз ҳам номи ӯро зинда медорад.

Комрон САФАР,  
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 19.02.2025 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив