ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ТОҶИКОБОД"-И ҒОИБ САФАРЗОДА Ё ТАЪРИХИ ЭҶОДИ ЯК ШЕЪРИ ДИЛПИСАНД

"ТОҶИКОБОД"-И ҒОИБ САФАРЗОДА Ё ТАЪРИХИ ЭҶОДИ ЯК ШЕЪРИ ДИЛПИСАНД

19 феврал 2025, Чоршанбе
11
0


Дар васфи Тоҷикобод ва мардуми софдилу заҳматқарини он адибони маъруфи тоҷик дар ҳар давру замон шеърҳо эҷод кардаанд, ки мояи ифтихори ҳамдиёрон буда, барои чунин қадршиносии баланд арзи сипос менамоем. 
Метавонем шеърҳои Шоирони халқии Тоҷикистон Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Сафармуҳаммад Аюбиро мисол орем, ки баъди шиносоӣ бо обу хоки диёр, мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикобод бо муҳаббату ихлоси тамом иншо гардидаанд.
Аммо шеъри шоири ҷавонмарги боистеъдоди тоҷик Ғоиб Сафарзода “Тоҷикобод” пештар, ҳанӯз соли 1962 эҷод гардида, то имрӯз дар забони хурду калон замзама мешавад ва он дар ниҳояти самимият ва ихлосмандии як адиби ҷавон дар нисбати як гӯшаи ба қавли худаш “ҳамноми миллат” ба риштаи назм омадааст. Беҳуда нест, ки дар лавҳаҳои даромадгоҳи марзи ноҳия-назди пули азими Ваҳдат ва баромадгоҳ аз марзи ноҳия-назди пули Сари пул - Сайрон ба сифати шиноснома, пазироӣ ва гусели меҳмонону роҳгузарон пораҳои ҳамин шеър ҳаккокӣ шудаанд, ки бо диди мантиқӣ аз он беҳтарашро нахоҳем ёфт. 
Саволи матраҳ ин аст, ки Ғоиб Сафарзода зодаи кадом минтақаи кишвар ва бо ин дӯстдорию самимияти беандоза меҳри Тоҷикобод ва мардуми он кай ба қалбаш маъво гирифта буд? Оё то таълифи шеър боре қадам ба сарзамини Тоҷикобод гузошта буд ё на? 
Барои вусъати андеша ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки он шеърро манзури хонандаи закитабъ намоем:
Тоҷикободам, дари дилро ба рӯям боз кун,
Тоҷикам – дилдодаат, дилдодаро дамсоз кун.

Гарчи об аз кӯҳсоронат накардам нӯш ман,
Савту сози обшоронат накардам гӯш ман.

Гарчи нашнидам навои кабку мурғони туро,
Ҳам надидам кӯҳсору чашмасорони туро.

Гарчи дида бори аввал дар барат накшодаам,
Кӯдакона пой дар хоки дарат нанҳодаам.

Дӯст медорам туро чун гӯшаи хоки Ватан,
Гӯшаи ҳамноми халқам – халқи бебоки Ватан.

Дил ҳамехоҳад кунад парвоз ҳар дам сӯи ту,
Ишқ варзад, маст гардад дар канори ҷӯи ту.

Тоҷикободам, тапишҳои диламро гӯш кун,
Омадам сӯят, маро фарзандвор оғӯш кун.

Шодравон Ғоиб Сафарзода 21-уми феврали соли 1940 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Осори мунтахаби шоир - “Мероси ҷавонӣ” бошад баъди фавташ соли 1978 бо сарсухан ва тавзеҳоти Шоҳҳайдар Ёдгорӣ аз ҷониби нашриёти “Ирфон” дар ҳаҷми 336 саҳифа ба табъ расидааст. Дар ҳамин осор тавзеҳоте нисбат ба шеъри “Тоҷикобод” ҳам дода шудааст, ки паҳлуҳои норавшанро возеҳ мегардонад. Он ҷо омадааст: “Тоҷикобод – ба муносибати баъди хатми институт (соли 1962) ба ин ҷо ба кори муаллимӣ роҳхат гирифтанаш”. 
Чуноне аз тарҷумаи ҳоли шоир маълум мегардад, соли 1962 баъди хатми факултети забон ва адабиёти тоҷики Иститути педагогии ба номи Т. Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) бо пешниҳоди Вазорати маорифи Тоҷикистон Ғоиб Сафарзода барои идомаи касби омӯзгорӣ ба ноҳияи Тоҷикобод роҳхат мегирад. Мебоист охирҳои моҳи августи ҳамон сол ба Тоҷикобод меомад. Вале дар фосилаи моҳҳои июн-июл Ғоиб Сафарзодаро барои кор ба идораи рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) даъват менамоянд ва то охири умр - соли 1972 дар ин ҷо ба сифати мухбир анҷоми вазифа мекунад.
Ба сари мақсад бармегардем. То таълифи шеъри “Тоҷикобод” Ғоиб Сафарзода ба диёри мо сафар накарда буд. Солҳои баъдӣ-давраи рӯзноманигориаш агар ба Тоҷикобод омада бошад ё не, номаълум аст. 
Бо муқоисаи асноду далели оварда ба хулосае расидан мумкин аст, ки шодравон Ғоиб Сафарзода шеъри “Тоҷикобод”-ро моҳҳои июн-июли соли 1962 вобаста ба сафари қарибулвуқуаш ба сифати муаллим ба ноҳияи Тоҷикобод эҷод кардааст. Муаллими ҷавон, ки бо роҳхат ба як гӯшаи ноошно чанде пас нияти сафар дошт, пешакӣ дилбохтаи ин диёр гардидааст. Пеш аз ҳама номи зебо ва хушоянди Тоҷикобод қалбашро тасхир намудааст ва шеъри равону дилрасашон маҳз аз ҳамин ном маъво мегирад. Бесаброна фарорасии айёми сафарро интизорӣ мекашид. Ҳамин маънӣ дар шеър низ омадааст:
Гарчи об аз кӯҳсоронат накардам нӯш ман, 
Савту сози обшоронат накардам гӯш ман, 
Гарчи нашнидам навои кабку мурғони туро, 
Ҳам надидам кӯҳсору чашмасорони туро, 
Гарчи дида бори аввал дар барат накшодаам, 
Кӯдакона пой дар хоки дарат нанҳодаам,
хулосаи болоро доири то таълифи шеър ба ноҳияи Тоҷикобод қадам ранҷа накардани шоир тақвият мебахшад.
Шоири ширинкалом, рӯзноманигори варзида, ки адабиёт ва матбуоти тоҷик боз аз ӯ сарсабзиҳои зиёдтарро умед дошт, соли 1972 дар синни 32-солагиаш бар асари садамаи нақлиётӣ дар ағбаи Шар-Шар ҳалок гардид. Аммо шеъри ба Тоҷикобод бахшидаи Ғоиб Сафарзода ҳар рӯз вирди забони пиру барно, хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи ин ноҳия аст.
Баҳодур  АБДУСАТТОРЗОДА,  ноҳияи Тоҷикобод

Санаи нашр: 19.02.2025 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив