РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Иброҳим Азизов дар аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар шахси шинохта буд. Ӯро барои хислатҳои ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, заҳматписандӣ, ободкорию созандагиаш дар деҳаи зебоманзари Даштиҷуми ноҳияи Муъминобод, шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ хуб мешинохтанду эҳтиромашро ба ҷой меоварданд. Ҳангоми мудири шуъбаи комплекси агросаноатии МИМҲД вилояти Хатлон буданаш, аз худ ташаббусҳои наҷиб рӯйи кор оварда буд. Вай баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии ғалла, боғу токзорҳои заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо чорабиниҳои зиёди илмиро амалӣ намуда, дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва Вахш барои рӯёндани меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимону афлесун, гармхонаҳои замонавӣ бунёд намуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкори ӯро писандида, соли 2005 раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таъин намуданд.
Аввалин иқдоме, ки ӯ пеш гирифт, бо соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ буд. Дар панҷ сол хонандагони деҳотро аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳои тахтагии фарсуда бароварда, дар биноҳои нави дорои синфҳои барҳавою кабинетҳои фаннӣ ҷо ба ҷо кард. Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ, ба тариқи ҳашар ва дастгирии молиявии саховатмандон, дар маҳалҳои дурдаст таъмиру бозсозии бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монд. Бо ҳамин тарз дар маркази ноҳия беморхонаву маркази саломатӣ бунёд гардид. Дар ҳудуди деҳоти Даштиҷум, Саричашма, Лангардара майдончаҳои варзиш, дар деҳоти Шурообод ду толори варзишии замонавӣ ба истифода дода шуданд. Дар маркази ноҳия корхонаи адрасу қолинбофӣ духтарони хонашинро бо машғулияти фоидаовар фаро гирифт.
Мавсуф то соли 2017 раисии Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Барои табобату истироҳати фарзандони аъзои иттифоқҳои касаба ҳамасола лагерҳои мавсимӣ дар ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ ташкил намуда, ҳамзамон, собиқадорону маъюбонро дар санаторияҳои табобатии “Тосқалъа”-и ноҳияи Восеъ, “Ҷайҳун”-и ноҳияи Ҷайҳун, “Харангон”-и ноҳияи Варзоб ба тариқи ройгон мефиристоданд.
Имрӯз Иброҳим Азизов раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Восеъ буда, барои беҳбудии ҳаёти 13 ҳазор собиқадор, шахсони маъюбу барҷомонда заҳмат мекашад. Вай барои саҳмаш дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо медали Хизмати шоиста қадр шудааст.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
