ФУТБОЛ

21 феврал 2025, Ҷумъа
17


КМВА ва “Истиқлол” дар финали Ҷоми ФФТ
Дар финали мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дастаҳои «Истиқлол» ва КМВА-и пойтахт бозӣ мекунанд.
Бозиҳои даври нимниҳоӣ 18-уми феврал баргузор шуда, КМВА бо «Сомон»-и Данғара вохӯрд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, дар силсилазарбаҳои пеналти артишиҳо ба ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. «Истиқлол» дастаи «Панҷшер»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ба ин тартиб, «Истиқлол» ва КМВА дар финали Ҷоми ФФТ-2025, «Сомон» ва «Панҷшер» барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Бозиҳо 22-юми феврал баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки фонди ҷоизаи мусобиқа 100 000 сомониро ташкил дода, барандаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ, барандагони медалҳои нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳанд кард.


“Хуҷанд" дар Тошкент се бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи футболи “Хуҷанд” дар ҳайати 28 нафар, аз ҷумла 22 бозигар ва 6 нафар ситоди мураббиён, бо мақсади тамрин ва табодули таҷриба ба шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон сафарбар гардид.
Футболбозонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд гусел намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо мураббиёну бозигарон иброз дошт, ки бояд тими “Хуҷанд” дар мавсими имсолаи футбол бозии худро куллан дигар кунад, зеро роҳбарияти клубу мухлисон аз даста умедвориҳои зиёд доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки тими “Хуҷанд" дар доираи ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Тошкент бо дастаҳои “Арал”, “Сарду” ва “Сурхон”-и Ӯзбекистон бозиҳои рафиқона анҷом медиҳад.


БОКС
Панҷ медал аз Алмаато
Варзишгарони ҷавони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии бокс, ки 10-14-уми феврал дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир гашт, 5 медал: 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, медали тиллоро Билолҷон Иксанов дар вазни 54 кг сазовор шуд. Ӯ, ҳамчунин, беҳтарин муштзани мусобиқа эътироф гардид. 
Амир Давлатов (57 кг) медали нуқра, Ҳабибулло Акбаров (48 кг), Абубакр Қобилов (57 кг) ва Идрис Илназаров (+92 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.02.2025 №: 40-41