ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ. ҶОЙГОҲИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

МАОРИФ. ҶОЙГОҲИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

24 феврал 2025, Душанбе
22
0


Имрӯзҳо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунанд.   Истифодаи техникаи муосир, аз ҷумла компютер ва тахтаи электронӣ, дар раванди таълим самаранок аст. Имрӯзҳо тахтаи электронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ  ва олӣ зиёд ба чашм мерасад. Тахтаи электронӣ экрани сенсорие мебошад, ки ба компютер пайваст шуда, тасвирро тавассути проектор дар тахтаи электронӣ намоиш медиҳад. 
Тахтаи интерактивӣ баҳри баланд бардоштани сифати таълим мададрасон буда, барои истифода ба ҳар як омӯзгор тавсия дода мешавад. Тахтаи электронӣ барои экрани компютерро калонҳаҷм тасвир намудан хизмат мерасонад. Ин таҷҳизот дар раванди таълим манфиати зиёд дорад, чунки хонанда гуфтаи омӯзгорро на танҳо мешунавад, балки мебинад ва ҳам шавқаш барои аз худ кардан аз техникаи муосир зиёд мегардад. Инчунин, дарс барои омӯзгор бойгонӣ мешавад, чунки дарсро ӯ дар хотираи компютер сабт менамояд ва минбаъд вақтро барои навиштан ва сохтани мавод зиёд сарф намекунад. 
Ҳангоми гузариши мавзуъҳои таълимӣ, хусусан аз фанҳои дақиқ, агар тахтаи синфии одӣ  истифода бурда шавад, барои навиштани мисолу масъалаҳо вақти зиёдро талаб мекунад. Имрӯз бошад, омӯзгор метавонад нақшаи яксоатаи дарси худро, ки мисолу масъалаҳо ва нақшаҳоро дар бар мегирад, тавассути слайд сохта, бо тахтаи электронӣ намоиш диҳад. Дар ин маврид барои омӯзгор гузаштани дарс  осон мегардад ва ҳам сарфакорию сифатнокӣ бештар мешавад. Инчунин, ӯ метавонад кори худро соли оянда низ бо каме дигаргунӣ истифода барад.
Имрӯз яке аз масъалаҳои мубрам барои  омӯзгорон истифодаи тахтаи интерактивӣ дар дарс мебошад. Истифодаи технологияҳои интерактивӣ дар дарс ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Шаклу усулҳои машғулият такмил ва тағйир дода мешаванд. Кор карда баромадани маҳсулоти нави программавӣ ба рафти таълим ислоҳҳои мусбат мебахшад. Ба омӯзгор лозим меояд, ки ҳамаи инро аз худ намояд, омӯзад ва дар таълими муассиса  ҷорӣ намояд.
Дар замони имрӯза бо авҷи босуръати технологияи иттилоотӣ як қатор забонҳои барномасозӣ ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо ҷой ва мавқеи лавҳаро танг намудаанд. Бинобар ин, зарур аст, ки новобаста ба ихтисос омӯзгорон бояд оид ба истифодабарии технологияи навтарини замони муосир, аз ҷумла ба истифодабарии тахтаи электронӣ,  хеле ҷиддӣ муносибат намоянд. 
Истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ имкон медиҳад, ки самаранокии раванди таълимро баланд бардорем. Як ҳикмати чинӣ  аст: «Мешунавам – фаромӯш мекунам, мебинам – дар хотир дорам, амал мекунам – меомӯзам». 
Хулоса, тахтаи интерактивӣ ба шарофати имкониятҳои дар худ ҷойгиршуда метавонад воситаи дастгирикунандаи шаклҳои фаъоли таълим гардад. Дар ҳоле ки агар омӯзгор дар дарс ҳамкории мутақобила, табодули доимии иттилоот байни омӯзгор ва хонандагонро ташкил намояд. Дар баробари ин, он ҳамчун майдони мубодилаи иттилоот амал мекунад ва  як ёрии беназир дар татбиқи омӯзиш мебошад.
      
Хуршед МИРЗОЕВ, муовини директор оид ба таълими МТМУ № 67,  шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 24.02.2025 №: 42
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив