ЭНЕРГЕТИКА. ҲАРЧАНД ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ АФЗУД...
Вазир афзуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташро ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои соҳавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуд.
Тибқи маълумот, соли сипаригашта дар соҳаи энергетика ёздаҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошт, ки дар доираи онҳо беш аз 1 602 миллион доллари ИМА ҷалб гардид. Илова бар ин, татбиқи ҳафт лоиҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағи 133 миллион доллар идома ёфт.
КАЛОНТАРИН ЛОИҲА CASA - 1000 СОЛИ 2027 МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР МЕГИРАД
CASA - 1000 калонтарин лоиҳаи минтақа маҳсуб меёбад, ки чор кишварро дар бар мегирад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расида, дар қисмати Ҷумҳурии Исломии Покистон босуръат идома дорад ва дар нақша аст, ки то нимаи аввали соли равон анҷом ёбад.
Дар ин бора Далер Ҷумъа изҳор дошт: “Мутаассифона, чанд соли охир бо сабаби қатъ гардидани маблағгузории шарикони рушд дар қисмати Афғонистон корҳои сохтмонӣ манъ гардида буданд. Маҳз бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтугӯҳо бо масъулони Бонки ҷаҳонӣ корҳои сохтмонӣ дар қисмати Афғонистон аз нав ба роҳ монда шуданд. Интизор меравад, ки лоиҳаи CASA - 1000 соли 2027 мавриди амал қарор гирад”.
ҲАРЧАНД ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ АФЗУД...
Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ беш аз 22,4 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардид, ки назар ба соли пешӣ 567,2 миллион кВт/соат ё 3 дарсад бештар аст.
Бо вуҷуди ин, дар соҳа ҳоло ҳам як қатор мушкилиҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд, ки ба раванди истеҳсол ва ҳаҷми таъминоти барқ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла, талафоти неруи барқ то ҳанӯз дар сатҳи баланд ва ташвишовар боқӣ монда, соли гузашта дар шабакаи энергетикӣ чор миллиарду 479,7 миллион кВт/соат ё 20 дарсадро (бе назардошти воридот) ташкил дод. Ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта 163,2 миллион кВт/соат (1,2 дарсад) кам аст. Инчунин, сатҳи нопурраи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар бозори дохилӣ, ки дар ин давра ба 91,2 дарсад расидааст, аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаби соҳа мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин дар маҷлиси васеи Ҳукумат (17.01.2025) вазорату идораҳои марбутаи соҳаро вазифадор намуданд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқро таъмин намоянд. Зарур шумурда шуд, ки оид ба ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ ва якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи неруи барқ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Тавре Далер Ҷумъа иброз дошт, то соли 2027 ҳамаи муштариён пурра бо ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ таъмин мешаванд ва дар нақша аст, ки талафот 9 дарсад кам гардад.
Ба андешаи мутахассисони Вазорати энергетика ва захираҳои об, масъалаи паст намудани талафоти неруи барқ яке аз самтҳои муҳими соҳа маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, таъмини чорабиниҳо тавассути татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалкунанда ба манфиати кор арзёбӣ мегардад. Навсозӣ ва баланд бардоштани иқтидори неругоҳҳо, ҳамзамон, сарфаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ моро ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расонд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”