ИНТИХОБОТ. МАЪРАКАИ СИЁСИЕ, КИ ДАР ФАЗОИ ОЗОДУ ДЕМОКРАТӢ ГУЗАШТ
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Баргузории интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар рӯзи 2-юми март фазои идонаеро ба худ касб кард, ки нишони ҳамраъйии амиқи мардуми шарифи тоҷик аз сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Хабарнигорони «Ҷумҳурият», ки дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсиро пайгирӣ карданд, хабар медиҳанд, ки интихобот дар фазои озоду шаффоф сурат гирифта, сокинони мамлакат аз субҳи барвақт бо руҳи болидаву ифтихор аз Ватани маҳбуби хеш ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир мешуданд.
Дар аксар участкаҳои интихоботӣ мардум зери садои Суруди миллӣ ва карнаю сурнай пойи сандуқҳои раъй омаданд. Бо гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ истиқбол намудани онҳое, ки бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат меварзанд, интихоботро фазои хоси идона бахшид, ки ин анъанаи наку аз интихобот то интихобот шаҳомати бештар пайдо мекунад. Дар ин рӯзи таърихӣ дари ҳамаи участкаҳои интихоботӣ дар саросари ҷумҳурӣ аз соати 6:00 субҳ то 20:00 ба рӯи сокинони дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ боз буд.
Қобили зикр аст, ки дар баробари сокинони мамлакат, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ тавонистанд, дар интихобот ширкат варзанд. Ба манзури таъмини иштироки фаъол дар сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон барои иштироки шаҳрвандон дар интихобот тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардид. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ берун аз кишвар қарор доранд, дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис ёфт.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се соат бо пешниҳоди гузориш аз рафти интихобот мардумро дар ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ қарор дод. Аз ҷумла, соати 9:00 КМИР эълон намуд, ки давоми се соати аввал дар саросари мамлакат аз шумораи умумии интихобкунандагон 22,1 дарсад раъйи худро ба тарафдории аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мавриди назарашон ба қуттиҳои овоздиҳӣ рехтанд. Ин шумора дар соати 12:00 ба марзи 59 дарсад расид ва дар пайи он Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ, интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон намуд.
КМИР иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 229 мушоҳиди байналмилалиро далели ошкоро ва шаффоф баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ арзёбӣ намуд. Зимнан, беш аз 200 намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ, ки аз ҳуқуқи бозтоби интихобот бархӯрдор буданд, лаҳза ба лаҳза дар расонаҳои худ ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсиро инъикос карданд.
Мушоҳидаи хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ дар ҳамаи участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ нишон дод, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар фазои озоду ошкоро, дарки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва бидуни монеагузориву риояи ҳуқуқи интихобкунандагон доир гардид, ки перомуни он ва натиҷаҳои пешакии интихобот дар шумораи оянда гузориши муфассал манзур мегардад.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»