ГӮШТИН
Белолюбский дар Тирана медали нуқра гирифт
Намояндаи Тоҷикистон Айаал Белолюбский дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ ба хотираи Муҳаммад Мало дар шаҳри Тиранаи Албания медали нуқра гирифт.
Мусобиқа рейтингӣ буда, бо иштироки 500 варзишгар аз 26-уми феврал то 2-юми март идома ёфт.
Айаал дар зӯрозмоиҳои вазни 57 килограмми гӯштини тарзи озод дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Гурҷистон Роберти Дингашвили, дар чорякфинал бар Вейю Лии чинӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Султон Курманалиев пирӯз гашта, дар финал аз Алӣ Ҳусейн (Эрон) мағлуб шуд.
Намояндаи дигари кишвар дар ин равия Камол Бегаков (65 кг) дар даври аввал аз варзишгари Молдова Сергий Лупаско шикаст хӯрд.
ФУТБОЛ
КФО мизбонии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни занонро ба Тоҷикистон бовар кард
Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мизбонони мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаро тасдиқ кард.
Бозиҳои интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Камбоҷа, Индонезия, Урдун, Мянмар, Тайланд, Ӯзбекистон ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, дар маҷмуъ, 33 тими миллии бонувон ширкат мекунад. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад. Як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳ аз чордастаӣ иборат хоҳанд буд.
Марҳалаи интихоб аз 23-юми июн то 5-уми июли соли равон ба нақша гирифта шудааст. Ҳарифони мунтахаби занонаи Тоҷикистон 27-уми март дар маросими қуръакашии марҳалаи интихобӣ маълум мешаванд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”