ТЕРРОРИЗМ. МАБЛАҒГУЗОРӢ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ДОРАД!
Дуруст аст, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир бояд мубориза бо терроризму ифротгароӣ ҳамчун вазифаи ҳаётан муҳими тамоми давлату ҳукуматҳо, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва, дар умум, кулли сокинони сайёра шинохта шавад. Зеро ин зуҳуроти харобиовар ба амнияту осоиштагии комили мардумони ҷаҳон ва ба рушду пешрафти кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод мекунад ва ҳамон тавре хулоса мешавад, ҳеҷ давлате, ҳатто мамлакатҳои абарқудрат, аз ин таҳдид дар канор буда наметавонанд. Рух додани чандин амали террористӣ дар Россия ва Амрико, ки соли гузашта иттифоқ афтод, далели ин гуфтаҳост. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти дилхоҳ ҷомеа буда, ба андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо тавассути ҳамкории васеъ ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ дар мубориза бо ин хатари глобалӣ муваффақ шудан мумкин аст.
Яке аз роҳҳои асосӣ ва таъсиргузори муқовимат ба терроризму ифротгароӣ мубориза ба муқобили маблағгузории ин зуҳуроти номатлуб мебошад, зеро васеъ гаштани майдони фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба пуштибонии моддиву молии онҳо вобаста аст.
Таври маълум, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ яке аз кишварҳои фаъол дар минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми минбарҳои баланди ҷаҳонӣ борҳо таъкид доштаанд, ки терроризм дин, миллат ва мазҳаб надорад ва мубориза бо он фаъолияти муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои муҳими миллӣ қабул карда шудаанд, ки дар самти пешгирӣ аз паҳншавии терроризм ва мубориза бо маблағгузории он аҳамияти баланди ҳуқуқиву амалӣ доранд.
Бояд гуфт, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намуду шаклҳои маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидаанд ва барои анҷом додани ҳама гуна муомилаи молӣ бо террористон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Гурӯҳҳои террористӣ барои иҷрои мақсадҳои нопоки худ аз тамоми манбаъҳои дарёфти маблағ, ки ба онҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, истифода мебаранд. Ин манбаъҳоро ба таври куллӣ метавон чунин табақабандӣ кард:
– даст задан ба кирдорҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ ва хариду фурӯши ғайриқонунии нафт, сангҳои қиматбаҳо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, савдои одамон ва ғайра;
– ҷамъоварии маблағҳои хайриявӣ, аз ҷумла кумакҳои молии мардуми одӣ, созмонҳои хайриявӣ ва дигар ташкилотҳои манфиатдори милливу байналмилалӣ;
– ташкили корхонаҳо ва ширкатҳо барои ба даст овардани даромади бевосита, пулшӯӣ ва рӯйпӯш кардани муомилоти молӣ;
– донорҳо, аз ҷумла, баъзе кишварҳо ва созмонҳои молии ғараздори байналмилалӣ бо ҳадафи расидан ба қудрат ва соҳиб гаштан ба боигариҳои табиии ин ё он мамлакат фаъолияти гурӯҳҳои террористии маҳаллиро ба таври пинҳонӣ маблағгузорӣ мекунанд.
Ба таври мисол, ташкилоти террористии ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом), фурӯш ва тақсими нафт дар бозорҳои сиёҳро манбаи асосии маблағгузории фаъолиятҳои террористии худ қарор дода буд.
Бо вуҷуди андешидани чораҳои мушаххас дар сатҳи давлатӣ, тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ намудани мардум аз хатари терроризму ифротгароӣ ва ҷиноят будани ҳама гуна ҳамкориву муносибат бо ашхоси шомилшуда ба гурӯҳҳои террористӣ, мутаассифона, ҳанӯз ҳам баъзе аз нафарони гумроҳу ноогоҳе дар ҷомеаи мо ҳастанд, ки дидаву дониста ҳаёти худу наздиконашонро ба доми бало мекашанд. Ин гумроҳон дониста ё надониста ба онҳое кумак расондан мехоҳанд, ки ҳадафшон вайрон кардани хонаи худи онҳо ва ятим кардани фарзандонашон аст.
Мутаассифона, баъзе ифротиёни тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва майдони шабакаҳои иҷтимоиро саҳнаи “ҷилва”-и худ қарор додаанд, барои амалӣ сохтани аъмоли нопоки хеш – ноором кардани вазъи кишвар, халалдор сохтани амнияти комил ва ваҳдати сартосарии Тоҷикистони азиз, тафриқаандозиву туҳматпароканӣ ва ҷудоӣ андохтан миёни мардуми осудаи кишвар аз ҳар василае истифода мекунанд. Онҳо барои худ хоҷагони хориҷӣ мекобанд ё ба рӯи худ ниқоби “адолат” ва ё “олими дин” кашида, барои дастгирӣ ба мардум муроҷиат мекунанд.
Ба назари мо, ҳоло вақти он расидааст, ки бояд дар мавриди огоҳ сохтани мардум аз хатари гурӯҳҳои ифтроӣ ва террористӣ корҳо аз ин ҳам ҷонноктар гардида, тамоми ҷомеа бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барад. Бояд кулли ҷомеа, хурду калон дарк намоянд, ки маблағгузорӣ ба терроризм маблағгузорӣ ба бадбахтии худу оилаи худ ва Ватани азизи худ мебошад, ки ба ин кор ҳеҷ касе, ки як зарра ақл дорад, даст намезанад.
Достон РАҲИМОВ,
корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино