ТОҶИКИСТОН. САЙЁҲӢ ТО ЧӢ АНДОЗА РУШД МЕКУНАД?
Сайёҳӣ яке аз самтҳое мебошад, ки ба дигар соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири мусбат расонда, бахшҳои гуногуни иқтисодиёти ватаниро ҳавасманд мегардонад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва дигар санадҳои дастурӣ бо назардошти имконот ва иқтидори мавҷуда тадбирҳо меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, бо ин мақсад, соли сипаришуда 46 чорабинии гуногун баргузор шуд, ки дар он фестивалу намоишгоҳҳоро мебояд махсус қайд намуд. Аз ҷумла, 25-27-уми сентябри соли 2024 бори нахуст бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 30 давлати дунё ширкат варзиданд. Гузашта аз ин, дар кишвар чорабиниҳои вобаста ба муаррифии бренди миллӣ баргузор мешаванд, ки ҷашнҳои миллӣ, ба мисли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ пешбарӣ мегарданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, давоми се соли охир нишондиҳандаи омори сайёҳон тамоюли афзуншавиро касб намудааст. Масалан, агар дар соли 2022 ба кишвари мо 999300 сайёҳ омада бошад, ин шумора дар солҳои 2023 ва 2024 мутаносибан ба 1200000 ва 1400200 нафар расид.
Тибқи маълумоти Кумита, давоми соли рафта шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, 1 миллиону 603 ҳазору 300 нафар буда, мувофиқи методологияи СҶС, аз ин ҳисоб 1 миллиону 400 ҳазору дусад нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 16,7 фоиз зиёд ва аз соли 2019, ки соли тиллоии соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, 12 фоиз зиёд мебошад.
Тамоюли дигари мусбати рушд, ки дар соҳа дида мешавад, афзоиши шумораи субъектҳои хизматрасонии соҳа мебошад. Чунончи, соли рафта дар кишвар 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 214 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 12 маркази муолиҷавӣ ва лагер, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ фаъолият карданд. Ин нишодиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 15 фоиз зиёд мебошад.
Албатта, ҳамаи ин натиҷаҳои мусбат, ки дар пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат ба даст омадаанд, пеш аз ҳама, ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба рушди устувори кишвари азизи мо ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона шудаанд. Воқеан, маъруфияту маҳбубият ва нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон сол ба сол боло меравад ва инро мо на танҳо дар ташрифи бесобиқаи сайёҳон, балки дар радабандиҳои холисонаи созмонҳои байналмилалӣ мебинем, ки боиси хушҳолист. Тавре раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумахонзода иброз дошт, тибқи радабандии нави рақобатпазирии сайёҳии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, мо дар байни 119 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 99-ум қарор дорем. Андаке ҳам бошад, дар соли 2024 боло рафтем. Дар баробари ин, яке аз бисёр нуктаҳои муҳим рейтинги солонаи Пажӯҳишгоҳи амрикоии Gallup мебошад, ки тибқи он мо дар байни 142 кишвари ҷаҳон аз лиҳози амният, субот ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойи 3-юмро гирифтем. Ғайр аз ин, дар маросими Top Asia Corporate Ball 2024, ки дар Куала Лумпури Малайзия баргузор мегардад, хушбахтона, мо ба яке аз ҷоизаҳои бонуфуз, яъне кишваре, ки беҳтарин манзараи табииро дар Осиё дорад, сарфароз гардидем.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, албатта, ҳама ин нишондодҳо гувоҳи он аст, ки созмонҳои мустақили хориҷӣ раванди пешравии худи соҳаи сайёҳии кишварро баҳо дода истодаанд ва новобаста ба ин пешравиҳо мушкилиҳо дар соҳа вуҷуд доранд ва дар назди мо аз ҷониби Хукумати кишвар вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд, ки дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ дар соли ҷорӣ ҷиҳати ҳалли онҳо ва таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ чораҷӯйӣ менамоем.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»