ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶУМҲУРИЯТ». МЕҲРИ РӮЗНОМАРО ДАР ДИЛАМ ПАДАР ҶО КАРД

«ҶУМҲУРИЯТ». МЕҲРИ РӮЗНОМАРО ДАР ДИЛАМ ПАДАР ҶО КАРД

04 март 2025, Сешанбе
16
0


 
Дар хурдсолӣ, вақте мо – фарзандон, омадани падарро аз кор интизор  мешудем, он кас ҳамеша сабаби бевақт ба хона омаданро «тул кашидани чопи рӯзномаи «Ҷумҳурият» медонистанд. Он солҳо, воқеан ҳам, рӯзномаву маҷаллаҳо шабона чоп мешуданду баъзан, омилҳои гуногун намегузоштанд, ки ҷаридаҳо сари вақт ба нашр расанд.
– Барои чӣ маҳз «чопи «Ҷумҳурият» тул кашид» мегӯеду номи дигар рӯзномаву маҷаллаҳоро камтар ба забон меоред? – борҳо пурсидаам аз падар.
– Рӯзномаи «Ҷумҳурият» – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва  сари вақт ба дасти хонанда расидани он басо муҳим мебошад. Ҳамаи хабару гузоришҳо, мулоқоту вохӯриҳо ва паёму суханрониҳо нахуст тавассути ин рӯзнома ба омма мерасанд. Бисёр намояндагони идораҳои давлативу хусусӣ дар назди Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» интизори чопи ҳамин рӯзнома мешаванд. Аз ин рӯ, мо – кормандони сехи чоп, мекӯшем, то рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳарчи зудтар ва босифат ба табъ расад. Ҳатто, агар зарурати фавран таъмир кардани мошинҳои чопӣ, бандубасти пластинаҳо дар толори алоҳида ва дигар корҳои омодагӣ ба чоп вақти зиёд мегирифту кори заҳматталаб буд, мо нахуст ба чопи рӯзномаи «Ҷумҳурият» шуруъ менамудем. Ҳоло рӯзнома панҷ маротиба дар як ҳафта чоп мешавад ва масъулияти кормандони сех бамаротиб зиёд гаштааст. Ҳарчанд ба чоп нусхаи тайёри электронии рӯзнома оварда мешавад ва мошинҳои чопӣ низ навсозӣ шудаанду чоп хеле осон гардидааст, – шарҳ медоданд падарам.
Падарам, Вафобек Гулбердиев, собиқадори матбуот мебошад. Қариб чил соли ҳаёти хешро дар ин соҳа сипарӣ намуда, касби интихобнамудаашро хеле дӯст медорад. Ҳоло ҳам аз рӯзномаву маҷаллаҳо дил наканда, барои чопи онҳо шуғл меварзад.
Дар бораи падарам собиқадори матбуот Қурбон Мадалиев дар матлабашон «Вафо» чунин менигоранд: «Вақте ки дар соҳили дарёи Душанбе нашриёти «Шарқи озод» фаъол гашт, Вафобек Гулбердиев аз кормандони нахустини он шуд. Зиёда аз 35 сол рӯзномаву маҷалла, китобу дафтар нашр намудааст. Вай баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон ва пас аз хизмати аскарӣ ба Техникуми индустриалии Душанбе дохил шуд, то ки мутахассиси соҳаи табъу нашр шавад.
Чаро ин ихтисосро пеш гирифт, чун он солҳо соҳа барояш наву аҷиб тофт: охир, рӯзнома баровардан ва ҳар субҳ онро дар дасти ҳазорон муштариён дидан, магар хушбахтӣ нест? «Шарқи озод» аз калонтарин муассисаҳои табъу нашр ба ҳисоб мерафт. Ҳар шаб то 500 ҳазор нусха рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият»), «Коммунист Таджикистана» («Народная газета»), «Совет Тожикистони» («Ҳалқ овози»), «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») ва ғайраҳоро ба нашр мерасонд.
Вақте ки кишвари абарқудрати шуравӣ барҳам хӯрду чопи рӯзномаву маҷаллаҳо низ кам шуд, бисёр кормандони нашриёт тарки кор карданд. Вале Вафобек, ки ба касбаш бовафо буд, нарафт. Бо чанд нафар фидоии касб ба ҷойи рӯзнома дафтар мебаровард ва роҳбарон бо маблағи он музди кормандонро мепардохтанд. Ҳавои зимистон дар матбаа нисбат ба берун хунуктар мешавад, зеро деворҳои бетонии таҳхонаҳо нам кашида, аз худ сардии зиёд хориҷ месозанд ва ҳар кас наметавонист дар ин гуна шароит тоб орад. Аммо Вафобеку ҳамкоронаш солҳои 1991-1995 тавонистанд ҳафтае як-ду маротиба ва гоҳо се бор рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва ғайраро ба муштариён пешниҳод созанд…
Дар нашриёт сехи аз ҳама асосӣ сехи чопи рӯзномаҳост. Вафобек солҳои 1992-2014 роҳбарии онро ба зимма дошт. Ман борҳо шоҳиди он будам, ки дар солҳои душвор чанд амалиётро худ анҷом медод: плёнкаҳоро монтаж мекард, акси онро ба пластина мегузаронд, пластинаро ба дастгоҳи  чоп мебаст ва ғайра».
Заҳматкаш будани падарро хуб медонам. Баъзан, меандешам, ки ӯ худро зиёд ба заҳмат меандозад ва ба кор дода мешавад. Вале, боз ҳам дарк менамоям, ки ин хислати ӯст, ки хоксору фурӯтан, меҳнатдӯст ва масъулиятшинос аст. Пайваста мекӯшад, то дигарон низ дар кори худ масъулиятшиносу меҳнатдӯст бошанд. Ҳамеша мегӯяд: «Сарҷамъона ва якдилона анҷом додани коре беҳтар аз он ки рақобат дар миён ҳукмфармо бошад». Аз ин рӯ, ҳамкасбонаш Қаҳҳор Санаев, Искандар Ёров, Ношак Наврӯзов, Мирзо Ҳасанов ва дигарон ҳамеша бо ӯ буданд. Дар шаҳри Душанбе, ки зиёда аз 20 рӯзнома ба дасти хонанда мерасид ва аксарият дар «Шарқи озод» нашр мешуданд, дар чопи босифати онҳо саҳми падарам Вафобек ва ҳамкасбонаш назаррас аст.
– Акаи Вафоро аз соли 2000-ум ҳамчун шахси кордӯстдор ва ба касби хеш содиқ мешиносам. Он вақт сардори сех буданд, вале аз устои мошин ё чопгар, ё коргари одӣ ӯро фарқ кардан душвор буд. Ман саҳифабанд будам, гоҳ-гоҳ ҳамроҳи шодравон Ашӯр Одина, котиби масъули рӯзномаи «Ҷумҳурият», сех мерафтам. Барои ман тамошои чопи рӯзнома шавқовар буд. Акаи Вафоро медидам, ки гоҳ рӯзномаҳоро ҳисоб мекард, гоҳ аз пай чопи газета буд, гоҳ ҳамроҳи усто дар таъмири мошин банд мешуду гоҳ ароба дар даст аз паси кашондани газетаҳо буд. Хулоса, ҳеҷ вақт бекор намеистод ва худро аз зердастонаш боло нишон намедод, ҳамеша дар паҳлуи коргарон буд. Мавсуф нисбат ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» эҳтироми хосса дорад. Вақте рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба чоп омода мешуд, ӯ мошини чопиро аввал барои ҳамин газета омода мекард. Мегуфт: «Ҷумҳурият» ҳар рӯз чоп мешавад ва вақти муайяни худро дорад, бинобар ҳамин, мо бояд аввал барои чопи он омода бошем», – мегӯяд Фирӯз Немонов, муовини сардори раёсати котиботи рӯзномаи «Ҷумҳурият».
Имрӯз ҳарчанд дар нафақа бошад ҳам, лекин дар доираи ҳамкорӣ бо «Тоҷикматбуот» ба нашриёти «Шарқи озод» меояд. Дӯстону ҳамкорон ба ӯ эҳтироми хос доранд. Заҳматҳои ӯро қадр мекунанд. Ин сатрҳо низ баҳри қадрдонист, ки бо ба табъ расондани рӯзномаву маҷалаҳо дар матбуот саҳми арзанда гузоштаанд, зеро соҳаи табъу нашр худ як ҷузъи матбуоти даврӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ба нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон  сарфароз гардиданд.  
 Маҳз қиблагоҳам меҳри «Ҷумҳурият»-ро дар дилам ҷо кард. Ба кор содиқу вафодор, меҳр бахшидану ватандӯстиро аз ӯ омӯхтаам. «Ҷумҳурият» бошад, маро ба камол расонд. Мефахрам, ки корманди ин рӯзномаи бонуфуз ва дастпарвари мактаби бузурги журналистии он ҳастам.
100-солагӣ муборак, «Ҷумҳурият»-и азиз!

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 04.03.2025 №: 47
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив