ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶУМҲУРИЯТ». МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАРБИЯИ ЖУРНАЛИСТОН

«ҶУМҲУРИЯТ». МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАРБИЯИ ЖУРНАЛИСТОН

04 март 2025, Сешанбе
7
0


Айёми донишҷӯиям, ки чанд соли аввали он дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва баъдан, дар Университети давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) гузашта буд, ҳангоми дастрас гаштани шумораҳои “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”), мо бо навозиш онро “Правда”(нашрияи рақами яки Иттиҳоди Шуравӣ)-и Тоҷикистон ном мебурдем. 
Воқеан, дар он даврон ҳам аз лиҳози мазмуну мундариҷа, ҳам аз ҷиҳати фарогирии масоили инъикосшаванда  “Тоҷикистони советӣ”  миёни дигар нашрияҳо куллан фарқ мекарду  аз серхонандатарин  ҷаридаҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Ин беваҷҳ ҳам набуд, зеро дар ҳамаи бахшҳои идораи рӯзнома эҷодкорони баистеъдоду дорои дониши баланд фаъолият мекарданд. 
Ифтихор  дорам, ки  чун донишҷӯи риштаи журналистикаи Университети давлатии шаҳри Ленинград ба номи Жданов дар ин нашрияи бонуфузи ҷумҳурӣ таҳти роҳнамоии журналистон ва қаламкашони варзида, аз қабили Кароматулло Мирзоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Теша Раҷаб, Доро Наҷот, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Нур Табаров, Ибод Файзулло, Ғоиб Қаландаров, Мардон Раҷаб, Турдиалӣ Бойбобоев,  Қурбон Мадалиев, Маҳмадшоҳ Бобошоев, Мақсуд Ҳусейнов ду сол таҷриба андӯхтам.  
Ҳаргиз аз ёдам намеравад, Нур Табаров, сармуҳаррири вақти “Тоҷикистони советӣ”, ҳангоми  ба ҳузур пазируфтани мо – таҷрибаомӯзон, таъкид карданд: “Шумо, ҷавонон, бештар ба сафари эҷодӣ ба ноҳияҳо равед, аз наздик бо соҳаҳои хоҷагии халқ ошно шавед, кӯшиш ба харҷ диҳед, то матлаби навиштаатон заминиву самимӣ бошад. Асоси маводи хубу муассир дар сафари эҷодӣ ҳосил мешавад, бо одамони касбу кори гуногун мулоқот анҷом диҳеду миёни мардум гардед!”. 
Пас аз муддати мадид – соли 2007, сарнавишт маро боз ба “Ҷумҳурият” овард: акнун, на ба ҳайси таҷрибаомӯз, балки корманди комилҳуқуқ – хабарнигори махсуси рӯзнома дар вилояти Суғд.
 Инак, ҳаждаҳ сол мешавад дар ин даргоҳи маърифат, ки дар он устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ,  Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва боз садҳо  устодони қалам ҳамкориву фаъолият мекарданд, ба ҳайси рӯзноманигор кор мекунам. Кӯшиш  ба харҷ медиҳам,  то рисолати худро дар бобати инъикоси рӯйдоду воқеоти дар вилоят бавуқуъпайваста тибқи талаботи идора  анҷом  диҳам. 
Даҳ сол аст, ки ҷавонмарди соҳибистеъдод ва ташкилотчии муваффақ Қурбоналӣ Раҳмонзода сармуҳарририи нашрияи “Ҷумҳурият”-ро ба уҳда дошта, ҳайати бузурги эҷодиро, ки баҳри иҷрои рисолати аслии хеш – инъикоси воқеиву фаврии ҳаёти кишвар талош меварзанд, гирд овардааст. Қобили зикр аст, ки Қурбоналӣ Раҳмонзода тавассути хабарнигорони минтақавӣ равобити зичи ҳамкориро бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мондааст, ки самараи нек ба бор меоварад.
Боиси фахр аст, ки имрӯзҳо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” анъанаи неки “Тоҷикистони советӣ”-ро идома дода, дар инъикоси фаъолияти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин, чопи саривақтии матолиби рӯзмарра саҳми шоиста мегузорад.

Ҷовиди АШТӢ,  ”Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 04.03.2025 №: 47
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив