БОКС

04 март 2025, Сешанбе
10
0


Давлат Болтаев аввалин зӯрозмоиро дар соли 2025 доир мекунад
Муштзани маъруфи кишвар, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 Давлат Болтаев дар аввалин зӯрозмоияш дар соли 2025 бо Рамазон Карнукаев (Россия) муҳориба мекунад.
Муҳорибаи Давлат бо Рамазон Карнукаев 7-уми март дар шаҳри Маскав (Россия) дар доираи мусобиқаи “Шоми бокс” сурат мегирад.
Давлат Болтаев охирон маротиба дар мусобиқаи “Шоми бокс” моҳи апрели соли гузашта, дар шаҳри Алмаато муқобили муштзани қазоқ Сагиндик Тогамбай зӯрозмоӣ карда, пирӯз шуд. Моҳи октябри соли 2022 Давлат Болтаев дар мусобиқаи “Шоми бокс”-и Душанбе дар раунди дуюм бо нокаути техникӣ бар Муҳиддин Раҷапбаев аз Ӯзбекистон зафар ёфта буд. Ин сеюм мусобиқаи Давлат Болтаев дар бокси касбӣ хоҳад буд.


КБО World Boxing-ро муваққатан эътироф кард
Шурои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Ташкилоти ҷаҳонии бокс (World Boxing) муваққатан ба сифати Федератсияи байналмилалии ҳаракати олимпӣ, ки варзиши боксро дар сатҳи ҷаҳонӣ идора мекунад, эътироф кард.
Пас аз арзёбии вазъи бокси ҷаҳонӣ, қайд карда шуд, ки Ташкилот меъёрҳои эътирофи Федератсияи байналмилалиро риоя кардааст. Аз ҷумла, он аз 78 федератсияи миллии панҷ қора иборат аст ва чор конфедератсияи қитъавӣ таъсис додааст; 62 дарсади муштзанҳо ва 58 дарсади медалҳои бокс дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба федератсияҳои миллӣ, ки узви Ташкилоти бокси ҷаҳонӣ мебошанд, вобаста аст; узвияти AIMS-ро, ки аз ҷониби кумитаи иҷроияи SportAccord ва Ассамблеяи генералии AIMS тасдиқ шудааст, гирифтааст.
Хулоса, Ташкилоти бокси ҷаҳонӣ пешрафтро дар самтҳои муайяншудаи баррасӣ идома додааст, то ба эътирофи муваққатии КБО ҳамчун Федератсияи байналмилалӣ дар доираи ҳаракати олимпӣ тавсия шавад.
Ассотсиатсияи байналмилалии бокс таҳти роҳбарии Умар Кремлёв аз соли 2019 бо сабаби мудирияти молиявӣ ва доварӣ бо КБО мушкил дошт ва моҳи июли соли 2024 эътирофи олимпиро аз даст дод.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 04.03.2025 №: 47
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив