НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ БОНУВОН ДАР ҶОМЕАИ ОЗОД

07 март 2025, Ҷумъа
24


Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар таъкид гардид, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон, иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ, воқеан, боло рафтааст. 
Тавре Сарвари давлат изҳор доштанд, ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ  шудаанд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир, 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки «соли ҷорӣ ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам. Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ: «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам.
Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расондани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан, минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму ойинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд».
Дар ҳошияи ин гуфтаҳо Пешвои муаззами миллат дар хитоб ба мардон гуфтанд, ки аз ҳолу аҳволи хоҳарону модарони худ пурсон шуданро фаромӯш насозед. Зеро онҳо аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд ҳам, чашм ба роҳи бародарону додарон ва фарзандони худ ҳастанд. Пас, моро зарур аст, ки дар партави ин ҳидояти Сарвари давлат амал намуда, нисбат ба модарон ва хоҳарони худ меҳрубон бошем.

Самизода ФУРҚАТ, 
прокурори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии 
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 07.03.2025 №: 50