ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМИ МАОРИФПАРВАРОНА

ПАЁМИ МАОРИФПАРВАРОНА

11 март 2025, Сешанбе
13
0


Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2024) бо чанд вижагии хос аз паёмҳои солҳои қаблӣ фарқ мекунад.
Якум, он дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ, баргузор гардид, ки тарҳ ва ороиши он аз бунёдкориҳои Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳанд.
Дуюм, дар Паём дастовардҳои назарраси  се соли охири кишвар бо зикри факту рақамҳои оморӣ ва таҳлилу баррасиҳои сифатӣ сурат гирифта, дар марҳалаи нави тараққиёт қарор доштани Тоҷикистон ва мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доштани мардуми он муҳим арзёбӣ гардид.
Сеюм, Паём то андозае тобиши маърифатомӯзона касб намуд. Сарвари давлат ба баланд бардоштани фарҳанги касбиву инсонӣ махсус таваҷҷуҳ намуда, мардумро бори дигар ба адлу инсоф даъват намуданд: инсоф ҳам дар иҷрои вазифа ва ҳам дар рисолати инсонӣ.
Чаҳорум, Паём руҳияи баланди ҳикматангезӣ ва ба нанговарӣ дошт. Пешвои миллат дар таҳлилу арзёбии соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ таҷрибаи сиёсиву давлатдории худро ба ғановати хиради волои инсониашон тавъам намуда, мардумро ба ҳифзу риояи расму оин ва арзишҳои миллӣ талқин намуданд. 
Панҷум, баррасии тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар, ки дар Паём  садо дод, ба илму маориф сахт тавъам буд. Нақши созандаи илму маориф на танҳо дар бахши алоҳида, балки дар баррасии тамоми соҳаҳо ба назар расид. Рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, пешрафту ободии диёр ҳама ба маориф ва илм алоқаманданд, зеро дар ҳар соҳа неруи пешбар мутахассис маҳсуб меёбад, ки тарбияву ба камол расондани он бидуни мактабу маориф ҳеҷ аст. Агар илму маориф пешсаф бошанд, фаъолияти соҳаҳои гуногун самаранок гардида, зиндагии мардум шоистатар мегардад.
Дар Паёми навбатӣ чун ҳар вақти дигар ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа додани Ҳукумати мамлакат таъкид гардид ва барои боз ҳам беҳтар ва ба талаботи замон мувофиқ кунондани шароит ва имконоти мактабу маорифи кишвар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон, дар панҷ соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд, барои сохтани як муассисаи томактабӣ дар маҳаллаҳои дорои 100 оила тадбирҳо ҷӯянд. 
Ҳамчунин, дар раванди татбиқ қарор доштани ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маорифи мамлакат аз таваҷҷуҳи махсуси Хукумати кишвар ба соҳаи маориф дарак медиҳад. 
Пешвои миллат дар баррасии масъалаҳои муҳими замони муосир  ба иртиботи ногусастании иму маориф ишора намуда, пешравии кулли соҳаҳоро ба донишу  қобилияти мутахассисон нисбат доданд. Донишу кобилият аз куҷо пайдо мешавад? Албатта, аз мактаб. Агар дар мактаб сатҳу сифати таълим хуб бошад, аз имкониятҳои илмиву методӣ ва техникиву технологӣ дуруст истифода шавад,  табиист, ки дараҷаи азхудкунии ин ё он касб, пеша ва ихтисос босамартар мегардад.  Аз баррасиҳои Пешвои миллат эҳсос мешавад, ки ҳанӯз ҳам маорифи мо ба сатҳе нарасидааст, ки мутахассисони ба талаботи замон рақобатпазирро ба камол расонад. Ин аст ки, Ҷаноби Олӣ ба кормандони соҳаи маориф, хоса омӯзгорон, бо қатъият иброз доштанд: “Миллатро босавод кунед, бо коғази хушку холӣ ҷавононро фиреб надиҳед, касб омӯзонед, забонҳои хориҷиро ёд диҳед!”.
Ин муроҷиати Пешвои миллат дард аст, дарде, ки Сарвари давлатро ба ташвиш овардааст ва пайваста баҳри табобати он  меандешанд. Роҳи табобати он танҳо ба дастгириҳои Ҳукумат вобаста нест. Дар ин кор ҳамагон бояд масъул бошем. Тавре дар Паём зикр шуд, Ҳукумати кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд; барои рушди соҳа тамоми заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ, иқтисодиву моддӣ фароҳам оварда шудаанд; маоши омӯзгорон низ бад нест, ҳар сол баланд карда мешавад. Пас чаро ин масъала ҳанӯз дар ҳолати нигаронӣ қарор дорад? Барои он ки ҳалли он на танҳо ба соҳаи маориф, балки ба муҳит, оила ва, умуман, ҷомеа вобаста аст. 
Ҳамкории самараноки ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ бо ниҳоди маориф барои ба вуҷуд овардани муҳити созгор, дарки зарурати илму таҳсил ёрӣ мерасонад. Дар баробари ин, муносибати ниҳодҳои иҷтимоӣ, бахусус аҳли маориф, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар бояд дилсӯзонаву дурбинона сурат гирад, на бо меҳрубониву ғамхориҳои сохтаву қолабӣ. Аслан, вақти он расидааст, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимии сатҳи гуногун ба миқдор фирефта нашуда, ба сифат эътибор диҳем. Ҷаноби Олӣ дуруст дарёфтаанд, ки аз рӯйи теъдод дар кишвари мо дорандагони дипломҳои сурх, унвонҳои илмии дараҷаи номзадиву докторӣ кам нестанд, аммо самараашон маълум нест. То он даме ки дар расидан ба ин “муваффақиятҳо” меъёри асосӣ донишу илм ҳисоб нашавад, на мутахассиси хуб ба камол мерасаду на олими ихтироъкор. 
Авзои замон ва шароиту имконоти чаҳони муосир  талаб менамояд, ки ҳар мутахассис ва дар умум, ҳар як шахс, сарфи назар аз шуғлу вазифа ва манзалату мақомаш бояд неруи рақобатпазир дошта бошад. Яъне, на танҳо забон, таърих, фарҳанг, меъёр ва арзишҳои худӣ, балки забон ва арзишҳои миллатҳои дигарро низ донад. Дар баробари ин, имрӯз доманаи ҳамкорӣ ва рақобатҳои касбиву ҳунарӣ васеъ гардида, хусусияти фаромиллиро касб намудаанд. Яке аз афзалиятҳои дар чунин ҳамкориву рақобатҳо аз худ дарак додан, донистани забон аст.  Бар иборае, дар ин самт калиди донистанҳо забон буда метавонад. Ин аст, ки Пешвои миллат дар аксари паёмҳои хеш зарурати аз худ кардани забонҳои хориҷиро таъкид менамоянд. Дар Паёми имсола низ ин масъала ба миён гузоша шуда, аз ҷумла зикр гардид: “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ руҳияи баланди маорифпарварона дорад. Дар он на танҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз назари сиёсиву муносибати давлатдорӣ таҳлилу баррасӣ гардид, балки ҳосили меҳнат ва самараи кори инсонҳои масъулиятшинос, бунёдкору созанда, ватандӯсту худогоҳ ва худшинос, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳм гирифтаанд, бо таҳаммули хос ва хиради волои инсонӣ иброз гардид. Ибрози саршор аз меҳри ватандӯстона ва руҳияи баланди маорифпарварона.

Мурод МУРОДӢ, профессори ДМТ

Санаи нашр: 11.03.2025 №: 52
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив